tg_ol_tg_obs_L3/content/47.md

7.4 KiB
Raw Permalink Blame History

47. Павлус ва Сило дар шаҳри Филлипиён

OBS Image

Вақте ки Шоул дар Империяи Рум сайру гашт карда дар бораи Масеҳ мавъиза мекард, онҳо ӯро бо номи румӣ - "Павлус" номиданд. Боре Павлус ва дӯсташ Сило ба шаҳри Филиппӣ рафтанд, то таълимоти Исои Масеҳро дар он ҷо мавъиза кунанд. Онҳо аз шаҳр, ба ҷое дар соҳили дарё, ки имондорон барои дуо ҷамъ омада буданд, рафтанд. Дар байни онҳое, ки ҷамъ омада буданд, Лидия ном зане буд, ки бо матоъҳои гаронбаҳо тиҷорат мекард. Лидия Худоро дӯст медошт ва ба Ӯ саҷда мекард.

OBS Image

Худо дили Лидияро барои фаҳмидани маъвизаи Павлус кушод ва ӯ ба Исо имон овард. Павлус ва Сило Лидия ва оилаи ӯро таъмид доданд. Пас аз он вай ҳаввориёнро ба хонааш даъват кард ва ба онҳо пешниҳод кард, ки дар хонаи ӯ бимонанд. Онҳо розӣ шуданд.

OBS Image

Павлус ва Сило аксар вақт дар ҷои дуо бо одамон вомехӯрданд. Боре, вақте, ки онҳо ба он ҷо мерафтанд, онҳо бо канизе вохӯрданд, ки рӯҳи нопок дошт ва ояндаи одамонро пешгӯӣ мекард. Бо ин пешгӯиҳо вай барои соҳибонаш даромади зиёде ба даст меовард.

OBS Image

Ҳар рӯз аз паи Павлус ва Сило каниз фарёд мезад: "Ин одамон бандагони Худои Таъоло мебошанд. Онҳо ба шумо роҳи наҷотро нишон медиҳанд"! Вай ҳар рӯз ин корро мекард ва Павлус аз он хаста шуд.

OBS Image

Як рӯз, вақте ки каниз боз фарёд зад, Павлус ба вай рӯ оварда, ба рӯҳи шайтон, ки дар вай буд, гуфт: "Ба номи Исо, аз вай берун шав"! Ва дарҳол рӯҳи бад аз каниз берун шуд.

OBS Image

Соҳибони ғулом хеле хашмгин шуданд. Онҳо фаҳмиданд, ки бе ин рӯҳи бад каниз ояндаро пешгӯӣ карда наметавонад. Ин маънои онро дошт, ки онҳо бидуни пешгӯии вай даромади худро аз даст медиҳанд.

OBS Image

Соҳибони каниз Павлус ва Силоро ба назди доварони Рум овардан ва онҳоро дар ошӯб дар шаҳр айбдор карданд. Ба ин айбдоркуниҳо гурӯҳи зиёди одамонро низ ҳамроҳ карданд. Доварон фармон доданд, ки ҳавориёнро бо калтак латукӯб карда, сипас ба зиндон партоянд.

OBS Image

Онҳо Павлус ва Силоро ба қисми зиндон андохтанд, ки дар он ҷо аксар посбонон буданд ва пойҳои онҳоро бо занҷир бастанд. Тақрибан нисфи шаб, Павлус ва Сило Худоро бо суруд парастиш мекарданд.

OBS Image

Ногаҳон заминҷумбии сахт сар шуд. Ҳамаи дарҳои зиндон васеъ кушода шуданд ва занҷирҳо аз маҳбусон афтоданд.

OBS Image

Посбони зиндон бедор шуд ва дид, ки дарҳои зиндон кушода аст. Ӯ фикр кард, ки ҳамаи маҳбусон гурехтанд ва тарсид, ки ӯро барои гурехтани маҳбусон ба қатл мерасонанд аз ҳамин сабаб ӯ қарор кард, ки худро ба қатл расонад. Павлус инро дида фарёд зад: "Ист! Ба худ осеб нарасон. Мо ҳама дар инҷо ҳастем".

OBS Image

Посбон аз тарс меларзид ва ба назди Павлус ва Сило омад ва онҳоро аз зиндон берун овард. Баъд пурсид: "Барои наҷот ёфтан, ман бояд чӣ кор кунам"? Павлус ҷавоб дод: "Ба Худованд Исо имон овар ва ту бо ҳамаи оилаат наҷот хоҳӣ ёфт". Посбон Павлус ва Силоро ба хонааш бурд ва захмҳои онҳоро шуст. Дар онҷо Павлус ба ҳама касоне, ки дар хона ҳузур доштанд дар бораи Исо нақл кард.

OBS Image

Посбони зиндон ва тамоми оилааш ба Исо имон оварданд ва Павлус онҳоро таъмид дод. Он гоҳ посбон Павлус ва Силоро сер кард ва ҳама дар хона хурсанд шуданд, ки ба Худо имон овардаанд. Ва Павлус ва Сило ба зиндон баргаштанд.

OBS Image

Рӯзи дигар, вақте фаҳмиданд, ки Павлус шаҳрванди Рум аст, доварон фармон доданд, ки Павлус ва Сило озод карда шаванд ва аз онҳо хоҳиш карданд, ки Филиппусро тарк кунанд. Павлус ва Сило ба назди Лидия ва дигар дӯстон меҳмон шуда, пас аз он шаҳрро тарк карданд. Таълимот дар бораи Исо паҳн шуд ва Калисо афзоиш меёфт.

OBS Image

Павлус ва дигар роҳбарони калисо ба бисёр шаҳрҳо сафар карда, дар бораи Исо мавъиза ва таълим медоданд. Онҳо ба калисоҳои гуногун номаҳои зиёде навиштанд, то имондоронро насиҳат ва рӯҳбаланд кунанд. Баъзе аз ин номаҳо ба китоби Муқаддас дохил шуданд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Аъмоли Ҳаввориён боби 16:11- 40 гирифта шудааст