tg_ol_tg_obs_L3/content/42.md

7.2 KiB
Raw Permalink Blame History

42. Исо ба осмон бармегардад

OBS Image

Дар рӯзе, ки Худо Исоро аз мурдагон эҳё кард, ду шогирди Ӯ ба шаҳри ҳамсоя мерафтанд. Дар роҳ онҳо дар бораи он чи бо Исо рӯй дод, муҳокима мекарданд, ки чӣ тавр онҳо умед доштанд, ки Исо Масеҳ аст, ки Исроилро озод мекунад, аммо баръакс Ӯ кушта шуд. Дар ин миён занон гуфтанд, ки Ӯ зинда аст. Ва шогирдон намедонистанд, ки акнун ба чӣ бовар кунанд.

OBS Image

Ҳангоме ки ин ду шогирд роҳ мерафтанд ва сӯҳбат мекарданд, Исо ба наздашон омада, бо онҳо роҳ мерафт. Ӯ пурсид, ки онҳо дар бораи чӣ муҳокима доранд. Ва онҳо гумон карданд, ки Ӯ шахси бегона аст, ки аз воқеаҳои Ерусалим хабар надорад ва ба ӯ ҳама чизеро, ки дар ин чанд рӯз бо Исо рӯй дод, нақл кард.

OBS Image

Он гоҳ Исо ба онҳо фаҳмондан гирифт, ки дар Каломи Худо дар бораи Масеҳ чӣ навишта шудааст. Чанде пеш пайғамбарон гуфтаанд, ки одамони бад Масеҳро азоб медиҳанд ва Ӯро мекушанд. Инчунин, пайғамбарон гуфтанд, ки дар рӯзи сеюм Масеҳ эҳё мешавад.

OBS Image

Шом буд, вақте ки шогирдон ба шаҳре, ки дар он ҷо меистоданд, омаданд. Пас онҳо Исоро даъват карданд, ки шаб бимонад ва Ӯ ҳамроҳи онҳо ба хона даромад. Вақте ки онҳо барои хӯроки шом нишастанд, Исо нонро гирифта, Худоро шукр гуфт ва нонро шикаст. Дар он лаҳза шогирдон фаҳмиданд, ки ин Исо аст. Аммо худи ҳамон лаҳза Ӯ нопадид шуд ва барои онҳо ноаён шуд.

OBS Image

Он гоҳ ин шогирдон ба якдигар гуфтанд: "Ин Исо буд! Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ Каломи Худоро ба мо фаҳмонд, мо бо шавқ гӯш кардем"! Ва онҳо дарҳол ба Ерусалим баргаштанд. Вақте ки онҳо ба он ҷо расиданд, ба шогирдони боқимонда гуфтанд: "Исо зинда аст! Мо Ӯро дидем"!

OBS Image

Вақте, ки шогирдон дар ин бора сухан меронданд, ногаҳон Исо дар ҳуҷра пайдо шуд. Ӯ ба онҳо гуфт: "Салом бар шумо"! Шогирдон гумон карданд, ки ин арвоҳ аст, аммо Исо гуфт: "Чаро метарсед? Чаро бовар намекунед, ки ин Ман ҳастам? Ба дастҳо ва пойҳои Ман нигоҳ кунед. Оё арвоҳо бадан доранд"? Ва барои исбот кардани он, ки Ӯ арвоҳ нест, Исо аз онҳо хӯрок хост. Онҳо ба Ӯ як пора моҳӣ доданд ва Ӯ хӯрд.

OBS Image

Сипас Исо гуфт: "Ман ба шумо гуфта будам, ки ҳама чизе ки дар Каломи Худо дар бораи Ман навишта шудааст, бояд иҷро шавад ва он иҷро шуд". Баъд Исо Каломи Худоро ба онҳо фаҳмонда дод. Ӯ гуфт: "Дар вақти пеш пайғамбарон навиштаанд, ки Ман, Масеҳ, азоб мекашам, мемирам ва дар рӯзи сеюм эҳё мешавам.

OBS Image

Пайғомбарон инчунин навиштаанд, ки шогирдони Ман паёми Худоро эълон хоҳанд кард. Онҳо одамонро ба тавба даъват мекунанд. Онгоҳ Худо гуноҳҳои одамонро мебахшад. Шогирдони Ман ин хабарро дар ҳама ҷо эълон хоҳанд кард ва аз Ерусалим сар карда, ба ҳамаи халқҳо хоҳанд рафт. Шумо шоҳидони ҳама чизҳое ҳастед, ки ба шумо гуфтам, чӣ кор кардам ва бо ман чӣ воқеа рӯй дод".

OBS Image

Дар давоми 40 рӯзи оянда Исо борҳо ба шогирдонаш зоҳир шуд. Як рӯз Ӯ дар байни гурӯҳи одамон, ки зиёда аз 500 нафар буданд зоҳир шуд! Ва бори дигар Исо ба шогирдонаш исбот кард, ки Ӯ зинда аст ва ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо таълим додааст.

OBS Image

Исо ба шогирдонаш гуфт: "Худо ба Ман дар осмон ва бар замин қудрат бахшидааст. Барои ҳамин Ман ба шумо мегӯям биравед ва аз ҳар миллат шогирдонро пайдо кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед. Шумо бояд онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чизеро, ки Ман ба шумо гуфтам, иҷро кунанд. Ва дар хотир нигоҳ доред, ки Ман ҳамеша бо шумо ҳастам".

OBS Image

Чил рӯз пас аз эҳё шудани Исо, Ӯ ба шогирдонаш гуфт: "Дар Ерусалим бимонед, то Падари Ман ба шумо қувват диҳад. Ӯ ин корро бо фиристодани Рӯҳи Муқаддас амалӣ мекунад". Пас аз он, Исо ба осмон сууд кард ва абре Ӯро аз онҳо пинҳон кард. Акнун Исо дар тахт аз дасти рости Худо дар осмон нишаста бар ҳаммаи мавҷудот ҳукмронӣ мекунад.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 28:16-20 ва Инҷили Марқус боби 16:12-20 ва Инҷили Луқо боби 24:13-53 ва Инҷили Юҳанно 20:19-23 ва аз Аъмоли Ҳаввориён 1:1-11 гирифта шудааст