tg_ol_tg_obs_L3/content/38.md

8.5 KiB
Raw Permalink Blame History

38. Таслими Исо

OBS Image

Се сол мешавад, ки Исо ба мардум мавъиза кардан ва таълим доданро сар кард. Бисёр шаҳрҳоро гузашта Исо ва шогирдонаш ба Ерусалим омаданд. Вақти иди Фисҳ наздик мешуд ва Исо мехост онро бо шогирдонаш ҷашн гирад. Ҳар сол яҳудиён иди Фисҳро ба хотир меоварданд, ки чӣ тавр садҳо сол пеш Худо аҷдодони яҳудиёнро наҷот дод ва онҳоро аз ғуломии Миср раҳо кард. Дар арафаи ид Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ба қарибӣ Ӯро хоҳанд кушт.

OBS Image

Яке аз ҳаввориёни Исо марде бо номи Яҳудо буд. Яҳудо масъули сандуқи хайрия буд ва аксар вақт аз он ҷо пул медуздид. Пас аз он ки Исо ва шогирдонаш ба Ерусалим омаданд, Яҳудо назди саркоҳинон рафт. Вай пешниҳод кард, ки ба ивази пул ба онҳо Исоро медиҳад. Яҳудо медонист, ки саркоҳинон Исоро Масеҳ намешуморанд ва мехоҳанд Ӯро бикушанд.

OBS Image

Устодони Шариат ва пирони қабилаҳои яҳудӣ бо сарварии саркоҳин ба Яҳудо 30 тангаи нуқра доданд, то ба онҳо Исоро таслим диҳад. Ҳама чиз ҳамон тавре рӯй дод, ки пайғамбарон дар Навиштаҷот гуфтаанд. Яҳудо пулро гирифта, рафт. Аз ҳамон лаҳза, ӯ ба ҷустуҷӯи фурсати муносиб барои таслим кардани Исо шурӯъ кард.

OBS Image

Вақте ки Исо иди Фисҳро бо шогирдонаш ҷашн мегирифт, ҳангоми хӯроки шоми иди Фисҳ нонро гирифта пора кард ва гуфт: "Бигиред ва бихӯред. Ин Бадани Ман аст, ки онро барои шумо медиҳам. Инро ба ёди Ман кунед". Пас, Исо ба шогирдонаш ошкор кард, ки Бадани Худро қурбони меоварад ва барои онҳо мемирад.

OBS Image

Он гоҳ Исо косаи шаробро гирифта гуфт: "Бигиред ва бинӯшед! Ин хуни Ман аст, ки Аҳди Ҷадид, ки Ман онро мерезонам, то ин ки Худо гуноҳҳои шуморо бибахшад. Инро ба ёди Ман кунед".

OBS Image

Пас аз ин Исо ба шогирдонаш гуфт: "Яке аз шумо ба Ман хиёнат карда Маро таслим хоҳад кард". Шогирдон дар ҳайрат монданд ва пурсиданд, кӣ ин корро мекунад. Исо гуфт: "Хиёнаткор он касест, ки Ман ин пораи нонро ба ӯ медиҳам". Ва нонро ба Яҳудо дод.

OBS Image

Ҳамин ки Яҳудо нонро гирифт, шайтон ба даруни ӯ даромад. Он гоҳ Исо ба Яҳудо гуфт: "он кореро, ки карданӣ ҳастӣ, тезтар бикун". Яҳудо назди саркоҳинон рафт, то ба онҳо гӯяд, ки Исо дар куҷо мешавад. Шаб фаро мерасид.

OBS Image

Пас аз таъоми шом Исо ва шогирдонаш ба кӯҳи Зайтун рафтанд. Дар он ҷо Исо гуфт: "Ҳамаи шумо имшаб Маро тарк хоҳед кард. Тавре, ки Навиштаҷот мегӯяд: "Ман чӯпонро мекушам, ва ҳамаи гӯсфандон пароканда мешаванд".

OBS Image

Петрус ҷавоб дод: "Ҳатто агар ҳамаи боқимондагон Туро танҳо монанд, ман ҳеҷ вақт ин хел намекунам"! Сипас Исо ба Петрус гуфт: "Шайтон мехоҳад ҳамаи шуморо идора кунад, аммо Ман барои ту дуо кардам, ки имонат суст нашавад. Лекин имшаб пеш аз он, ки хурӯс садо барорад ту се маротиба мегӯи, ки Маро намешиносӣ".

OBS Image

Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: "Ҳатто агар мурданам лозим ояд, ман ҳеҷ вақт аз Ту рӯ намегардонам"! Ва шогирдони боқимонда низ ҳамин хел гуфтанд.

OBS Image

Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамонӣ ном дорад. Исо ба шогирдони Худ амр дод, ки дуо гӯянд то ба васваса дода нашаванд. Сипас аз онҳо каме дур шуд то, ки дар танҳоӣ дуо гӯяд.

OBS Image

Исо се маротиба чунин дуо кард: «Падар, агар имкон бошад, аз Ту хоҳиш мекунам, бигзор ман аз косаи азоб нанӯшам. Аммо, агар дигар роҳи бахшидани гуноҳҳои одамон вуҷуд надошта бошад, бигзор ҳама чиз ба тавре ки Ту мехоҳӣ амалӣ гардад"! Исо хеле дар изтироб буд ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид. Худо фариштаро фиристод, то Ӯро тақвият диҳад.

OBS Image

Ҳар дафъае, ки Исо пас аз чунин дуо ба назди шогирдонаш бармегашт, онҳоро дар хоб дарёб мекард. Вақте ки Исо бори сеюм баргашт, ӯ гуфт: «Бедор шавед! Хиёнаткори ман аллакай дар ин ҷо аст".

OBS Image

Дар ин лаҳза Яҳудо бо саркоҳинон, сардорони посбонони маъбад, пирон, сарбозон ва ҷамъи бисёри одамон омад. Онҳо бо шамшеру калтак мусаллаҳ буданд. Яҳудо ба Исо наздик шуда, гуфт: "Салом, устод" ва ӯро бӯсид. Яҳудо чунин корро кард, то ба одамони омада, нишон диҳад Одамеро, ки бояд дастгир кунанд. Исо гуфт: "Яҳудо, бо бӯса Маро таслим кардан мехоҳӣ"?

OBS Image

Вақте ки сарбозон Исоро дастгир карданд, Петрус шамшери худро кашида, гӯши хизматгори саркоҳинро бурид. Аммо Исо гуфт: "Шамшерро дур кун! Ман метавонам аз Падар лашкари фариштагонро талаб кунам, то Маро муҳофизат кунанд, аммо ман бояд ба Падари худ итоат кунам". Он гоҳ Исо гӯши хизматгорро шифо дод. Пас аз он, Исоро дастгир карданд ва ҳамаи шогирдонаш пароканда шуданд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 26:14-56 ва Инҷили Марқус боби 14:30-50: ва Инҷили Луқо боби 22:1-53 гирифта шудааст