tg_ol_tg_obs_L3/content/35.md

6.1 KiB
Raw Permalink Blame History

35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда

OBS Image

Як рӯз Исо ба ҷамъи мардуме, ки ҷамъ омада буданд, то Ӯро гӯш кунанд, таълим медод. Дар байни онҳо боҷгирон ва одамони дигар ҳам буданд, ки шариати Мусоро риоя намекарданд ва аз ин рӯ гунаҳкор ҳисоб мешуданд.

OBS Image

Фарисиён ва шариатдонон диданд, ки Исо бо ин одамон чун дӯстон муносибат мекард. Аз ин рӯ, онҳо хашмгин шуданд ва ба якдигар гуфтанд: "Ӯ нодуруст рафтор мекунад, бо гунаҳкорон сӯҳбат мекунад ва ҳатто бо онҳо хӯрок мехӯрад." Исо онҳоро шунид ва ба онҳо ин ҳикояро гуфт:

OBS Image

“Як мард ду писар дошт. Як рӯз писари хурдӣ ба падараш гуфт: "Падар, ман мехоҳам мероси худро ҳозир гирам"! Сипас падар моликияти худро байни ду писараш тақсим кард.

OBS Image

Баъд аз ин, писари хурдӣ ҳама чизеро, ки ба ӯ мерос буд, гирифта, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо пулро ба зиндагии парешонии гунаҳкорона сарф кард.

OBS Image

Дере нагузашта дар он кишвар гуруснагии шадид сар шуд ва ӯ ҳатто барои хӯрок пул надошт. Аз ин рӯ, ӯ ба кори нигоҳубини хукҳо шурӯъ кард. Ин ягона коре буд, ки вай ёфта тавонист. Вай чунон гурусна буд, ки аз хӯрдани хӯроки хук низ хурсанд буд, аммо инро ба ӯ иҷозат надоданд.

OBS Image

Дар охир писари хурдӣ ба худ гуфт: "Ман чӣ кор карда истодаам? Падарам хизматгорони зиёде дорад ва ҳама ба серӣ мехӯранд аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам. Ман ба назди падарам баргашта хоҳиш мекунам, ки хизматгораш шавам".

OBS Image

Ва писари хурдӣ ба хонаи падараш баргашт. Вақте, ки ӯ ҳанӯз дур буд, падараш ӯро дида раҳмаш омад. Ӯ ба пешвози писараш давида ӯро ба оғӯш гирифт ва бӯсид.

OBS Image

Писар гуфт: "Ман бар зидди Худо ва зидди ту гуноҳ кардам. Ман лоиқ нестам, ки писари ту шавам".

OBS Image

Аммо падар ба яке аз хизматгоронаш гуфт: "Шитобед рафта беҳтарин либосҳоро гиред ва ба писарам пушонед! Ангуштарин дар ангушташ ва пойафзол дар пояш пушонед. Сипас гӯсолаи фарбеҳро бикушед. Мо зиёфат хоҳем кард, зеро ки писарам мурда буд, аммо ҳоло зинда аст! Вай гум шуда буд, аммо ҳоло ёфт шуд"!

OBS Image

Ва ҳама ба ҷашн гирифтан оғоз карданд. Дере нагузашта писари калонӣ аз саҳрое, ки кор мекард ба хона омад. Вай садоҳои мусиқӣ ва рақсро шунид ва яке аз хизматгоронашро фарёд карда пурсид, ки дар он ҷо чӣ гузашта истодааст.

OBS Image

Вақте писари калонӣ фаҳмид, ки дар хона ҷашн аст, зеро бародараш баргаштааст, хеле хашмгин шуда, ҳатто ба хона надаромадааст. Падари ӯ баромада аз ӯ хоҳиш кард, ки дарояд, то бозгашти писарашро бо онҳо ҷашн гирад, аммо ӯ рад кард.

OBS Image

Писари калонӣ ба падараш гуфт: "Муддати солҳои дароз ман ба ту софдилона кор мекардам. Ман ҳамеша ба ту итоат мекардам, аммо ту ҳеҷ гоҳ ба ман ҳатто бузичаеро надодӣ, то бо дӯстонам хурсандӣ кунам. Аммо ин писари ту пули туро дар ҳаёти беҳуда сарф кард. Ҳоло акнун ӯ ба хона баргашт ва ту барои ӯ гӯсолаи фарбеҳро барои ҷашн гирифтан куштӣ"!

OBS Image

Падар ҷавоб дод: "Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар он чизе, ки ман дорам, аз они ту аст. Мо хуб кардем, ки ин ҷашнро қайд кардем. Зеро бародари ту мурда буд ва ҳоло ӯ зинда аст. Ӯ гум шуда буд, акнун ӯ зинда аст"!Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Луқо боби 15:11-32 гирифта шудааст