tg_ol_tg_obs_L3/content/31.md

3.0 KiB
Raw Permalink Blame History

31. Исо дар рӯи об роҳ меравад

OBS Image

Пас аз он ки Исо ба ҷамъи мардум хӯрок дод, Ӯ ба шогирдон гуфт, ки ба қаиқ савор шуда, ба он тарафи кӯл шино кунанд. Исо одамонро ба хона фиристод ва барои дуо гуфтан ба кӯҳ баромад. Дар он ҷо Ӯ танҳо монд ва то ними шаб дуо гуфт.

OBS Image

Он вақт шогирдон дар қаиқ шино мекарданд. Шамоли рӯ ба рӯ мевазид ва то ними шаб онҳо тавонистанд то миёнаи кӯл расанд.

OBS Image

Дар ин миён, Исо дуоро тамом карда, назди шогирдонаш рафт. Вай ба болои об рост ба тарафи қаиқи онҳо равона шуд.

OBS Image

Вақте, ки шогирдон Ӯро диданд, хеле тарсиданд, зеро гумон карданд, ки ин арвоҳ аст. Исо дид, ки онҳо метарсанд ва ба онҳо гуфт: "Натарсед. Ин Ман ҳастам"!

OBS Image

Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: "Устод агар ин Туӣ ба ман амр деҳ, то ки дар рӯи об назди ту равам". Исо ба Петрус гуфт: "Биё"!

OBS Image

Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯи об назди Исо равона шуд. Аммо каме роҳ рафтан ӯ нигоҳашро аз Исо дур кард ва пай бурд, ки чи хел шамоли сахт мевазад ва чӣ гуна мавҷҳои калон дар атроф аст.

OBS Image

Петрус тарсид ва ғарқ шудан гирифт. Ӯ дод зад: "Устод, маро наҷот деҳ"" Исо дарҳол даст дароз карда, ӯро қапид. Ӯ ба Петрус гуфт: "Имони ту кам аст! Барои чӣ ту шубҳа кардӣ"?

OBS Image

Пас аз он Петрус ва Исо ба қаиқ савор шуданд, шамол ҳамон замон хомӯш шуд ва об ором шуд. Шогирдон хеле дар ҳайрат монданд. Онҳо ба Исо таъзим карда гуфтанд: "Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ"!Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 14:22-33 ва Инҷили Марқус боби 6:45-52: ва Инҷили Юҳанно 6:16-21 гирифта шудааст