tg_ol_tg_obs_L3/content/29.md

3.8 KiB
Raw Permalink Blame History

29. Ҳикоя дар бораи як хизматгори номеҳрубон

OBS Image

Боре Петрус аз Исо пурсид: "Устод, вақте ки бародарам бар зидди ман гуноҳ мекунад, чанд маротиба ман бояд бибахшам? Ҳафт бор"? Исо ҷавоб дод: "Ҳафт бор не, балки ҳафтод бор ҳафт борӣ"! Исо ба маънои он гуфт, ки мо бояд ҳамеша бахшем. Сипас Исо ин ҳикояро гуфт:

OBS Image

"Подшоҳии Худо ба подшоҳе монанд аст, ки мехост хизматгоронаш тамоми қарзҳои ӯро ба ӯ диҳанд. Як хизматгор қарзи калоне дошт, ки 200 000 маоши солона мешуд.

OBS Image

Азбаски ғулом наметавонист ин қарзро баргардонад, подшоҳ гуфт: "Ин мардро ва аҳли хонаводаашро ҳамчун ғулом фурӯшед то қарзро пардохт кунад".

OBS Image

Сипас ғулом дар назди подшоҳ ба зону афтода, илтиҷо кард: "Илтимос сабр кун ва ман ҳама чизеро, ки аз ту қарздорам, бармегардонам". Подшоҳ ба ғулом раҳм кард. Ӯ тамоми қарзро бахшида ӯро озод кард.

OBS Image

Вақте, ки хизматгор аз назди подшоҳ баромада рафт, бо як хизматгори дигаре вохӯрд, ки ба ӯ қарздор буд. Ин қарз ба маоши чормоҳа баробар буд. Хизматгор қарздори худро қапида ва гуфт: "Қарзи пулиро ба ман баргардон"!

OBS Image

Қарздор ба зону афтода илтиҷо кард: "Илтимос сабр кун ва ман ҳама чизеро, ки аз ту қарздорам ба ту бармегардонам". Вале хизматгор қарздорро ба маҳбас партофт, то он даме, ки ӯ то ба охир қарзашро баргардонад.

OBS Image

Хизматгорони дигар ин воқеаро диданд ва ин онҳоро ғамгин кард. Онҳо назди подшоҳ рафтанд ва ҳамаи воқеаро ба ӯ гуфтанд.

OBS Image

Пас подшоҳ он хизматгорро фарёд зада гуфт: "Ту ғуломи бад ҳастӣ! Ман қарзи туро бахшидам зеро ту маро илтиҷо кардӣ. Ту ҳам бояд чунин рафтор мекардӣ. Подшоҳ чунин дар ғазаб буд, ки ғуломи бадкирдорро то ба охир расонидани тамоми қарзи худ ба зиндон партофт".

OBS Image

Исо гуфт: "Ин аст он чизе ки Падари Осмониам бо ҳар яки шумо мекунад, агар шумо бародарони худро бо тамоми дили худ набахшед."Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 18:21-35 гирифта шудааст