tg_ol_tg_obs_L3/content/24.md

4.6 KiB
Raw Permalink Blame History

24. Яҳё Исоро таъмид медиҳад

OBS Image

Яҳё, писари Закарё ва Элисобаъ ба воя расида, пайғамбар шуд. Ӯ дар биёбон зиндагӣ мекард, асали ёбои ва малах мехӯрд ва либос аз пашми шутур мепӯшид.

OBS Image

Бисёр одамон барои шунидани Яҳё ба биёбон меомаданд. Ӯ ба онҳо чунин мавъиза мекард: "Аз гуноҳҳои худ тавба кунед, зеро Малакути Худо наздик аст"!

OBS Image

Суханони Яҳёро шунида, бисёр одамон аз гуноҳҳои худ тавба мекарданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид дод. Бисёр пешвоёни динӣ низ барои таъмид омаданд, аммо онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор нашуданд ва тавба накарданд.

OBS Image

Яҳё ба пешвоёни дин гуфт: "Шумо морҳои заҳрдор! Тавба кунед ва иваз шавед. Худо ҳар дарахте, ки меваи хуб намедиҳад, бурида ба оташ мепартояд". Бисёр одамон Яҳёро пайғамбари Худо меҳисобиданд ва ӯро эҳтиром мекарданд. Яҳё он чизеро, ки пайғамбарон гуфтаанд, иҷро кард: "Инак, Ман пешопеши ту паёмбари Худро мефиристам, то ки барои Ту роҳ тайёр кунад. Бигзор ҳамаи дараҳо пур шаванд, кӯҳҳо паст шаванд, роҳҳои печида ва роҳҳои нобаробар ҳамвор шаванд".

OBS Image

Баъзе пешвоёни дин аз Яҳё пурсиданд: "Оё ту Масеҳ ҳастӣ"? Яҳё ҷавоб дод: "Ман Масеҳ нестам. Вай пас аз ман меояд. Вай аз ман онқадар тавонотар аст, ки ман ҳатто сазовори кушодани пойафзоли Ӯ нестам".

OBS Image

Рӯзи дигар Исо барои таъмид гирифтан ба назди Яҳё омад. Вақте, ки Яҳё Ӯро дид, гуфт: "Нигоҳ кунед! Ин аст Барраи Худо, ки гуноҳро аз ин ҷаҳон мегирад".

OBS Image

Пас Яҳё ба Исо гуфт: «Ман сазовор нестам, ки Туро таъмид диҳам. Ту бояд маро таъмид диҳӣ ». Аммо Исо гуфт: «На Ту бояд Маро таъмид диҳӣ, зеро иродаи Худо ҳамин тавр иҷро мешавад». Он гоҳ Яҳё Ӯро таъмид дод, гарчанде ки Исо ягон бор гуноҳ накардааст.

OBS Image

Вақте ки Исо пас аз таъмид аз об баромад, Рӯҳи Худо ба намуди кабӯтаре аз осмон ба Исо нозил шуд. Худи ҳамон лаҳза Худо аз осмон гуфт: «Ин Писари Ман аст! Ман Ӯро дӯст медорам ва аз ӯ хеле розиам"!

OBS Image

Худо пештар ба Яҳё гуфта буд, ки чунин бояд шуд: «Рӯҳулқудс ба як Шахсе ки ту Ӯро таъмид медиҳӣ, нозил мешавад. Ва ин Одам Писари Худо хоҳад буд». Ин ҳикоя ба мо нишон медиҳад, ки танҳо як Худо вуҷуд дорад, аммо дар се шахсият. Ва ҳангоме ки Яҳё Исоро таъмид медод, шунид, ки Худои Падар сухан кард, Худои Писар, Исоро дид ва ҳамчунин Худои Рӯҳулқудсро дид.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 3 ва Инҷили Марқус боби 1:9-11: Инҷили Юҳанно 1:6-34 ва Инҷили Луқо 3:1-23 гирифта шудааст