tg_ol_tg_obs_L3/content/22.md

4.7 KiB
Raw Permalink Blame History

22. Таваллуди Яҳё

OBS Image

Дар замонҳои пеш Худо бо пайғамбарони худ сухан мегуфт, то каломи Ӯро ба мардум расонад. Аммо баъд 400 соли хомӯшӣ фаро расид, ки дар давоми он Ӯ ба одамон чизе нагуфт. Ва он гоҳ рӯзе Худо фариштаеро назди коҳин бо номи Закарё фиристод. Закарё ва занаш Элисобаъ Худоро ҷалол доданд. Ҳардуи онҳо аллакай пиронсол буданд ва фарзанд надоштанд.

OBS Image

Ҳангоме ки ӯ дар маъбад хизмат мекард, фариштае назди Закарё омад ва гуфт: «Зани ту писар таваллуд хоҳад кард. Шумо ӯро яҳё меномед. Худо ӯро аз Рӯҳулқудс пур хоҳад кард ва яҳё одамонро ба омадани Масеҳ омода хоҳад кард"! Закарё ҷавоб дод: «Ман аз куҷо медонам, ки ин иҷро хоҳад шуд? Охир ману занам хеле пир шудаем, ки фарзанддор шавем"!

OBS Image

Фаришта ба Закариё ҷавоб дод: "Ман аз ҷониби Худо фиристода шудаам, то ба ту ин хабари хушро расонам. Азбаски ту ба ман бовар накардӣ, то таваллуди кӯдак гап зада наметавонӣ". Ва Закариё дарҳол қобилияти суханрониро аз даст дод. Фаришта рафт ва Закариё ба хона баргашт. Дере нагузашта занаш ҳомиладор шуд.

OBS Image

Вақте ки Элисобаъ шашмоҳа ҳомиладор буд, ҳамон фаришта ногаҳон ба як хеши Элисобаъ, ки Марям ном дошт, омад. Марям бокира буд ва бо марде, ки Юсуф ном дошт дар никоҳ буд. Фаришта гуфт: "Ту ҳомила шуда, Писар таваллуд мекунӣ. Ӯро Исо ном мон. Ӯ Писари Худои Таъоло хоҳад буд ва то абад ҳукмронӣ хоҳад кард".

OBS Image

Марям ҷавоб дод: " Ин чи хел мешавад, зеро ман бокираам?" Фаришта фаҳмонд: " Рӯҳи муқаддас ба ту меояд ва қудрати Худо бар ту нозил хоҳад шуд. Аз ин рӯ Кӯдак муқаддас хоҳад буд, Ӯ Писари Худо хоҳад буд." Ва Марям ба гуфтаҳои фаришта бовар кард.

OBS Image

Дере нагузашта Марям Элисобаъро хабаргирӣ рафт. Ҳамин, ки Марям ба ӯ салом дод, кӯдаки Элисобаъ дар даруни ӯ аз хурсандӣ ҷумбид. Рӯҳулқудс ба Элисобаъ нозил шуд ва ӯ фаҳмид, ки модари Масеҳи оянда дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст. Занҳо бо хурсандӣ ба Худо барои он коре, ки барои онҳо карда буд шукр гуфтанд. Марям се моҳ дар назди Элисобаъ монд ва баъд аз он ба хона баргашт.

OBS Image

Пас аз муддате Элисобаъ писар таваллуд кард. Закарё ва Элисобаъ, тавре ки фаришта ба онҳо фармуда буд, ба кӯдак Юҳанно ном гузоштанд. Ва Худо боз ба Закарё қобилияти сухан карданро дод. Закарё гуфт: «Худоро ҳамду сано мегӯям, ки Ӯ назди қавми Худ омад ва ба онҳо кӯмак кард! Ту, писарам, пайғамбари Худои Таъоло хоҳӣ буд. ё ту ба одамон хоҳӣ гуфт, ки чӣ тавр онҳо бахшиши гуноҳҳои худро қабул карда метавонанд"!Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Луқо боби 1 гирифта шудааст