tg_ol_tg_obs_L3/content/18.md

6.7 KiB
Raw Permalink Blame History

18. Подшоҳии тақсимшуда

OBS Image

Шоҳ Довуд 40 сол ҳукмронӣ кард. Пас аз маргаш писараш Сулаймон бар Исроил ҳукмронӣ кард. Худо ба Сулаймон рӯ овард ва пурсид, ки чӣ бештар мехоҳад. Сулаймон аз Худо хоҳиш кард, ки ба ӯ хирадмандӣ ато кунад, то мардумро идора кунад. Ин ба Худо писанд омад ва Сулаймонро хирадмандтарин одами ҷаҳон гардонд. Ба ғайр аз он, ки Худо Сулаймонро ҳокими хеле доно сохт, Худо ӯро хеле бой кард.

OBS Image

Дар Ерусалим Сулаймон маъбадеро сохт, ки падараш Довуд мехост онро созад. Дар давоми умри худ Довуд барои сохтмони он мавод ҷамъ мекард. акнун мардум Худоро дар маъбад парастиш мекарданд ва ба Ӯ дар он ҷо қурбонӣ меоварданд, на дар хаймаи ҷамомад. Худо дар маъбад ҳузур дошт ва дар он ҷо бо қавми Худ буд.

OBS Image

Нигоҳ накарда ба он, ки Сулаймон хирадманд буд, вай ба Худо итоат накард ва бо занони миллатҳои бегона издивоҷ кардан гирифт, ки Худо бо онҳо издивоҷо карданро манъ кардааст. Бисёре аз ин занон худоёни худро бо худ оварда, ба онҳо саҷда мекарданд. Ва ҳангоме ки Сулаймон пир шуд, ӯ низ ба парастиши худоёни онҳо сар кард.

OBS Image

Барои ин Худо аз Сулаймон хашмгин шуд ва гуфт, ки ӯро бо тақсим кардани халқи Исроил ба ду салтанат ҷазо хоҳад дод. Ин пас аз марги Сулаймон рӯй медиҳад.

OBS Image

Вақте ки Сулаймон мурд, писараш Раҳабъом подшоҳ шуд. Тамоми халқи Исроил ҷамъ омаданд, то ӯро подшоҳ эътироф кунанд. Одамон ба Раҳабъом шикоят карданд, ки Сулаймон онҳоро маҷбур сохт, ки кори душвор ва андозҳои зиёдро супоранд. Онҳо аз Раҳабъом хоҳиш карданд, ки кори онҳоро сабук кунад.

OBS Image

Аммо Раҳабъом хеле беақлона ба дархости онҳо ҷавоб дод: "Шумо мегӯед, ки падарам Сулаймон шуморо ба кори душвор водор кардааст. Шумо барои ман боз ҳам зиёдтар кор хоҳед кард ва шуморо ҳатто аз ӯ сахттар ҷазо медиҳанд"!

OBS Image

Вақте, ки мардум ин суханонро шуниданд, аксарияти онҳо бар зидди Раҳабъом исён бардоштанд. Даҳ оилаи Исроил намехостанд дар зери ҳукмронии Раҳабъом бимонанд ва ӯро подшоҳи худ ҳисоб кардан нахостанд. Бо Раҳабъом танҳо ду оила боқӣ монданд, ки онҳоро подшоҳии Яҳудо ё Яҳудиён меномиданд.

OBS Image

Даҳ насли дигар мардеро бо номи Ёробъом ба подшоҳӣ интихоб карданд. Ин даҳ қабила дар қисми шимолии кишвар зиндагӣ мекарданд. Онҳо, худро подшоҳии Исроил ном карданд.

OBS Image

Шоҳи Исроил, Ёробъом подшоҳи бад будааст. Ӯ ба Худо итоат намекард ва мардумро ба гуноҳ кардан водор кард. Ёробъом барои халқи худ ду бут сохт ва мардум дигар ба Ерусалим, ки дар ҳудуди Яҳудо буд, нарафтанд ва дар маъбад ба Худо саҷда намекарданд.

OBS Image

Яҳудо ва Исроил душманӣ доштанд ва аксар вақт байни худ ҷанг мекарданд.

OBS Image

Дар подшоҳии нави Исроил, ҳама подшоҳон ҳокимони бад буданд. Бисёри онҳоро дигар исроилиён куштанд аз сабабе, ки инҳо мехостанд ба ҷои инҳо подшоҳӣ кунанд.

OBS Image

Ҳама подшоҳон ва аксари сокинони салтанати Исроил бутпарастӣ мекарданд. Бисер вақт ибодати онҳо бо фоҳишагӣ ва баъзан ҳатто қурбонии кӯдакон ба бутҳо ҳамроҳӣ мекард.

OBS Image

Подшоҳони Яҳудо аз насли Довуд буданд. Баъзе аз ин подшоҳон одамони хуб буданд, одилона ҳукмронӣ мекарданд ва ба Худо такя мекарданд. Аммо аксарияти подшоҳони Яҳудо ҳокимони бад буданд ва бутҳоро парастиш мекарданд. Баъзе аз ин подшоҳон фарзандони худро ба худоёни дурӯғин қурбонӣ мекарданд. Аксарияти сокинони Яҳудо инчунин худоёни дигарро парастиш мекарданд ва ба ин восита бар зидди Худо исён мекарданд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби 3 юми Подшоҳон бобҳои 1-6: 11-12 гирифта шудааст