tg_ol_tg_obs_L3/content/12.md

6.2 KiB
Raw Permalink Blame History

12. Хуруҷ

OBS Image

Исроилиён бо хурсандӣ аз Миср баромаданд. Онҳо дигар ғулом набуданд ва ба тарафи Замини Ваъдашудаи Худо мерафтанд.Мисриён ба исроилиён ҳар чизе, ки онҳо талаб карданд доданд, ҳатто тилло, нуқра ва дигар ҷавоҳирот. Баъзе одамон аз дигар халқҳо ба Худо бовар карданд ва бо исроилиён ҳамроҳ шуданд вақте, ки онҳо аз Миср мебаромаданд.

OBS Image

Худо ҳамеша бо онҳо буд ва онҳоро роҳнамои мекард. Онҳо бояд танҳо аз пушти Ӯ мерафтанд. Рӯзона Худо пеш пеши онҳо дар сутуни абр мерафт ва шабона дар сутуни оташ.

OBS Image

Баъди якчанд рӯз фиръавн ва халқи ӯ аз фикри худ баргаштанд. Онҳо хостанд, ки исроилиён аз нав ғулом шаванд. Барои ҳамин аз пушти исроилиён рафтанд. Инро Худо чунин кард, то ин ки ҳама бубинанд, ки Ӯ Яҳува аст ва Ӯ аз фиръавн ва ҳамаи худоёни мисрӣ пурқуваттар аст.

OBS Image

Вақте ки исроилиён диданд, ки ба тарафи онҳо лашкарӣ мисрӣ меояд, онҳо фаҳмиданд ки мобайни лашкарӣ мисрӣ ва баҳри Сурх дар қапқон ғалтиданд. Онҳо хело тарсиданд ва ба Мӯсо гуфтанд: "Хуб мешуд, ки мо ғуломони мисриён мемондем, акнун дар ин биёбон мемурем"!

OBS Image

Мӯсо ба исроилиён ҷавоб дод: "Натарсед! Имрӯз Худо барои шумо ҷанг хоҳад кард ва шуморо наҷот хоҳад дод". Баъд аз ин Худо ба Мӯсо гуфт: "Ба мардум амр кун, ки ба Баҳри Сурх раванд!"

OBS Image

Дар он лаҳза, сутуни абр, ки исроилиёнро роҳнамоӣ мекард, ҳаракат карда дар байни онҳо ва мисриён истод. Шабона ин сутун оташ мегирифт ва мисриён тамоми шаб наметавонистанд ба исроилиён наздик шаванд.

OBS Image

Худо ба Мӯсо фармуд, ки дасташро дар болои баҳр бардорад. Мӯсо дасташро боло кард ва Худо шамоле овард, ки оби баҳрро ба тарафи чапу рост ҷудо мекард, то ки роҳ дар мобайни баҳр пайдо шавад.

OBS Image

Исроилиён аз байни баҳр ба болои замини хушк мегузаштанд ва деворҳои об дар ду тарафи онҳо меистод.

OBS Image

Мисриён диданд, ки исроилиён аз онҳо мегурезанд ва қарор карданд, ки дунболагириро давом диҳанд.

OBS Image

Онҳо аз паси исроилиён бо роҳе, ки дар байни баҳр буд давиданд. Вале Худо мисриёнро ба воҳима андохт. Аробаҳои онҳо дар лой ғӯтиданд ва онҳо фарёд заданд: "Гурехтем! Худи Худо аз тарафи исроилиён меҷангад"!

OBS Image

Вақте, ки ҳамаи исроилиён аз байни баҳр ба тарафи дигар гузаштанд, Худо ба Мӯсо фармон дод, ки боз дастатро ба болои об бардор. Мӯсо чунин кард ва об ба ҷои аввалаи худ баргашта, мисриёнро зер кард. Ҳамаи лашкарони мисрӣ ғарқ шуданд.

OBS Image

Вақте ки исроилиён диданд, ки мисриён мурданд, онҳо ба Худо имон оварданд ва эътироф карданд, ки Мӯсо пайғамбари Худо мебошад.

OBS Image

Исроилиён бисёр хурсанд буданд, ки Худо онҳоро аз марг ва ғуломӣ наҷот дод. Акнун онҳо ба Худо итоат карданд ва метавонистанд озодона ба Ӯ хизмат кунанд! Исроилиён ҳамду сано мехонданд, озодии навро ҷашн гирифта ва Худоро барои наҷот додани онҳо аз лашкари Миср ситоиш мекарданд.

OBS Image

Худо ба исроилиён фармуд, ки ҳар сол ин идро ба хотир оранд, ки чӣ тавр ба онҳо бар мисриён ғалаба дод ва онҳоро аз ғуломӣ озод кард. Ин ҷашнро иди Фисҳ номиданд. Дар ҷашни Фисҳ исроилиён барраи бенуқсро курбонӣ карда бо нони бе хамиртуруш пухта мехӯрданд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Хуруҷ боби 12:33-15:21 гирифта шудааст