tg_ol_tg_obs_L3/content/11.md

3.5 KiB
Raw Permalink Blame History

11. Фисҳ

OBS Image

Худо боз Мӯсо ва Ҳорунро ба назди фиръавн фиристод, то ки ба ӯ бигуянд, ки ӯ исроилиёнро озод кунад. Онҳо фиръавнро огоҳ карданд, ки агар ӯ исроилиёнро озод накунад, он гоҳ Худо ҳамаи нахустзодагони мардинаро мекушад: ҳам аз одамон ва ҳам аз ҳайвонот. Фиръавн инро ҳам шунида ба Худо бовар накард ва ба Ӯ гӯш наандохт.

OBS Image

Мисриёнро ҷазои сахт интизор буд. Лекин, барои писарони нахустзодаи исроилиён Худо роҳи наҷотро тайёр кард. Ҳар як оила бояд як баррачаи бе нуқсро гирифта қурбонӣ мекарданд.

OBS Image

Худо ба исроилиён фармуд, ки хуни ин баррачаро гирифта, ба паҳлӯи дарҳои хонаҳояшон моланд ва гӯштро дар оташ бирён кунанд ва онро бо нони бе хамиртуруш бихӯранд. Вай инчунин ба онҳо гуфт, ки пас аз хӯрдани гӯшт ва нон омода бошанд, ки Мисрро тарк кунанд.

OBS Image

Исроилиён ҳама чизеро, ки Худо ба онҳо фармуда буд, иҷро карданд. Нисфи шаб Худо аз Миср гузашт кард ва ҳар як писари нахустзодаро кушт.

OBS Image

Дар паҳлӯи дари хонаҳои ҳамаи исроилиён хун молида шуда буд ва Худо аз назди ин хонаҳо гузашт. Ҳамаи одамоне, ки дар ин хонаҳо зиндагӣ мекарданд дар бехатарӣ буданд. Онҳо ба шарофати хуни баррача наҷот ёфтанд.

OBS Image

Фиръавн ба Худо итоат ва бовар накард, барои ҳамин Худо тамоми Мисрро ҷазо дод. Ӯ ҳамаи писарони нахустзодаи мисриёнро кушт.

OBS Image

Ҳар писари нахустзодаи мисрӣ мурд; аз нахустзодаи маҳбус то нахустзодаи фиръавн. Бисёр одамон дар Миср бо ғаму андӯҳи зиёд мегиристанд.

OBS Image

Хамон шаб фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро даъват намуда гуфт: "Тамоми исроилиёнро ҷамъ кунед ва фавран Мисрро тарк кунед"! Мисриён инчунин аз исроилиён талаб карданд, ки онҳо тезтар баромада раванд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Хуруҷ боби 11:1-12:32 гирифта шудааст