tg_ol_tg_obs_L3/content/10.md

5.7 KiB
Raw Permalink Blame History

10. Даҳ офат

OBS Image

Худо Мӯсоро огоҳ кард, ки фиръавн розӣ намешавад, ки исроилиён аз Миср бираванд. Мӯсо ва Ҳорун ба назди фиръавн рафтанд ва ба ӯ гуфтанд: " Худои Исроил чунин мегӯяд: " Қавми Маро озод бикун"! Аммо фиръавн ба онҳо гӯш наандохт. Ӯ онҳоро озод накард баръакс маҷбур кард, ки вазнинтар кор кунанд.

OBS Image

Мӯсо ва Ҳорун якчанд маротиба ба назди фиръавн омаданд, лекин фиръавн ҳар дафъа рад мекард, ки қавмро озод кунад. Барои ҳамин Худо ба Миср даҳ офати даҳшатнокро фиристод. Худо бо ин офатҳо фиръавнро ҷазо дод ва ба ӯ ва ба тамоми Миср нишон дод, ки Ӯ аз фиръавн ва аз ҳамаи худоҳои Миср пурқудраттар аст.

OBS Image

Офати аввалин чунин буд. Худо оби дарёи Нилро ба хун мубаддал кард. Лекин, фиръавн исроилиёнро озод накард.

OBS Image

Он гоҳ Худо шумораи зиёди қурбоққаҳоро ба Миср фиристод. Фиръавн аз Мӯсо илтимос кард, ки Мисрро аз онҳо раҳо кунад. Аммо пас аз он, ки ҳамаи қурбоққаҳо бо дуои Мӯсо мурданд, фиръавн дил сахт шуд ва нахост исроилиёнро аз Миср берун кунад.

OBS Image

Барои ҳамин, Худо Мисрро бо ҳамлаи хомӯшакҳо ҷазо дод, аммо фиръавн якравиро идома дод. Пас Худо Мисрро бо офати пашша ҷазо дод. Фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро фарёд карда, ба онҳо гуфт, ки агар ин балоро манъ кунанд, исроилиён метавонанд Мисрро тарк кунанд. Мӯсо дуо гуфт ва Худо пашшаҳоро аз Миср дур кард. Аммо фиръавн боз дили худро сахт кард ва исроилиёнро озод накард.

OBS Image

Он гоҳ Худо ба тамоми ҳайвоноти хонагӣ, ки мисриён доштанд, бемории марговар фиристод. Ва боз фиръавн дилсахт шуд ва исроилиёнро озод накард.

OBS Image

Пас аз он Худо ба Мӯсо фармуд, ки хокистарро дар назди фиръавн ба осмон партояд. Вақте ки Мӯсо ин корро кард, дар бадани мисриён яраҳо ва захмҳои касали пӯстӣ пайдо шуданд, аммо исроилиён чунин касал нашуданд. Худо дили фиръавнро сахт кард ва ӯ боз исроилиёнро озод накард.

OBS Image

Баъд Худо жола фиристод, ки қисми зиёди ҳосили мисриёнро нобуд кард ва тамоми мавҷудоти зиндае, ки дар таги ҳавои кушод буд кушт. Фиръавн Мӯсоро бо Ҳорун фарёд карда гуфт: "Ман гуноҳ кардам. Ба Худо дуо кунед, ки жола манъ шавад ва ман шуморо озод мекунам". Мӯсо дуо гуфт ва жола манъ шуд.

OBS Image

Аммо фиръавн бори дигар гуноҳ кард ва дилаш сахт шуд. Ӯ исроилиёнро озод накард.

OBS Image

Пас Худо малахҳоро ба Миср равон кард. Малахҳо тамоми ҳосили боқимондаи пас аз жоларо хӯрданд.

OBS Image

Он гоҳ Худо торикиро фиристод, ки се рӯз давом кард. Ончунон торик буд, ки мисриён наметавонистанд аз хонаҳо бароянд. Аммо дар ҷое, ки исроилиён зиндагӣ мекарданд, рӯшноӣ буд.

OBS Image

Ҳатто пас аз ин нӯҳ офат, фиръавн исроилиёнро чавоб додан намехост. Азбаски фиръавн ба Худо итоат кардан нахост, Худо қарор кард, ки боз як офати охиринро бифиристад. Ин офат бояд Фиръавнро маҷбур мекард, то барои раҳо кардани исроилиён розӣ шавад.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Хуруҷ боби 5-10 гирифта шудааст