tg_ol_tg_obs_L3/content/07.md

4.3 KiB
Raw Permalink Blame History

7. Худо Яқубро баракат медиҳад

OBS Image

Бародарон калон мешуданд. Эсов шикорро дӯст медошт, Яқуб бошад дар хона буданро дӯст медошт. Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, аммо Ривқо Яқубро дӯст медошт.

OBS Image

Як рӯз Эсов аз шикор хело гушна баргашт. Ӯ ба Яқуб гуфт: "Ба ман аз хӯроке, ки тайёр кардӣ бидеҳ". Яқуб ҷавоб дод: "Аввал ваъда бидеҳ, ки ба ман ҳуқуқи фарзандӣ нахустин буданро медиҳӣ". Эсов ваъда дод, ки ин ҳуқуқро ба Яқуб медиҳад. Баъд аз ин Яқуб ба ӯ хӯрок дод.

OBS Image

Исҳоқ мехост баракаташро ба Эсов диҳад, аммо баръакс онро ба Яқуб дод, зеро Ривқо ва Яқуб ӯро фиреб доданд. Яқуб ба назди падари худ рафт ва худро ҳамчун Эсов кард. Вай либосҳои Эсовро пӯшид ва пӯсти бузро ба гардан ва дастҳояш печонд. Исҳоқ пир буд ва базӯр медид ва аз ин рӯ фиребро нафаҳмид.

OBS Image

Яқуб назди Исҳоқ омада гуфт: "Ман Эсов ҳастам. Ман барои он омадаам, ки ту маро баракат диҳӣ". Исҳоқ пашми бузро ламс карда бӯи либосҳоро ҳис кард ва фикр кард, ки ин Эсов аст ва Яқубро баракат дод.

OBS Image

Эсов аз Яқуб нафрат кард, барои он, ки Яқуб бо фиреб баракатеро, ки ба ӯ таалуқ дошт гирифт. Аз ин рӯ Эсов қарор кард, ки пас аз вафоти падараш Яқубро мекушад.

OBS Image

Аммо Ривқо аз нақшаи Эсов хабардор шуд, ӯ ва Исҳоқ Яқубро ба замини дурдаст ба назди хешовандони Ривқо равон карданд.

OBS Image

Яқуб дар онҷо бисёр сол зиндагӣ кард. Дар ин вақт ӯ зан гирифта, соҳиби дувоздаҳ писар ва як духтар шуд. Худо ӯро бисёр бой кард.

OBS Image

Пас аз бист соли зиндагӣ дур аз хонаи худ, Яқуб қарор кард, ки бо оила, хизматгорон ва тамоми молу мулки худ ба Қанъон баргардад.

OBS Image

Яқуб аз Эсов бисёр метарсид, зеро фикр мекард, ки ҳоло ҳам мехоҳад ӯро бикушад. Барои ҳамин, ӯ ҳамчун тӯҳфа ба Эсов рамаи калонӣ ҳайвонотро равон кард. Хизматгорон ҳайвонҳоро ба Эсов оварда гуфтанд: "Бандаи ту Яқуб ин ҳайвонҳоро ба ту тӯҳфа мекунад ва ӯ ба наздикӣ худаш меояд".

OBS Image

Аммо Эсов дигар намехост Яқубро бикушад. Баръакс, аз дидани ӯ бисёр шод шуд. Пас аз он, бародарон дар Қанъон бо сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекарданд. Пас Исҳок мурд, Яқуб ва Эсов ӯро гӯр карданд. Ваъдаҳое, ки Худо ба Иброҳим дода буд аз Исҳоқ ба Яқуб гузашт.

Ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Ҳастӣ боби 25:27-33:20 гирифта шудааст