tg_ol_tg_obs_L3/content/04.md

5.4 KiB
Raw Permalink Blame History

4. Аҳди Худо бо Иброҳим

OBS Image

Чандин сол баъд аз тӯфон дар дунё одамон боз бисёр шуданд ва онҳо ба мисли пештара бадкирдор буданд ва бар муқобили Худо ва якдигар гуноҳ мекарданд. Дар он замон ҳамаи одамон бо як забон гап мезаданд. Ҳарчанде, ки Худо ба одамон амр кард, ки онҳо ба тамоми замин паҳн шаванд, онҳо баръакс якҷоя шуда ба сохтани шаҳр шурӯъ карданд.

OBS Image

Одамон пур аз ғурур буданд. Онҳо намехостанд Худоро гӯш кунанд ва он тавре, ки Ӯ талаб мекунад зиндагӣ кунанд. Ба замми ин онҳо ба сохтани бурҷи баланде, ки то осмон расад сар карданд, то ин ки номи худро ҷалол диҳанд ва дар рӯи замин паҳн нашаванд. Худо дид, ки агар онҳо кори худро нисбати нияти бади худ давом диҳанд гуноҳи зиёде мекунанд.

OBS Image

Он гоҳ Худо забони умумии одамонро ба забонҳои гуногун иваз кард ва одамони тамоми оламро дар рӯи замин паҳн кард. Шаҳре, ки онҳо месохтанд Бобил ном дошт, ки маънояш "омехта" аст.

OBS Image

Садсолаҳо пас, Худо бо шахсе бо номи Абром сӯҳбат кард. Худо ба ӯ гуфт: "Ватан ва хешовандони худро тарк карда ба замине рав, ки Ман ба ту нишон медиҳам. Ман туро баракат медиҳам ва аз ту миллати бузурге меорам. Ман номи туро бузург мекунам. Ман онҳоеро, ки туро баракат медиҳанд, баракат медиҳам ва онҳоеро, ки туро лаънат мекунанд, лаънат хоҳам кард. Ба воситаи ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат меёбанд".

OBS Image

Абром гапи Худоро гирифт. Ӯ зани худ Сорай, ҳамаи ғуломон ва тамоми молу мулки худро гирифта ба замини Қанъон, ки Худо ба ӯ нишон дод рафт.

OBS Image

Вақте Абром ба Қанъон омад, Худо ба ӯ гуфт: "Ба гирду атрофат нигоҳ кун. Ман ҳамаи ин заминро ба ту медиҳам ва наслҳои ту онро то абад соҳибӣ мекунанд". Пас Абром дар ин замин сокин шуд.

OBS Image

Дар он ҷо марде бо номи Малкисодақ буд, ки Коҳини Худои Парвардигор буд. Як рӯз пас аз ҷанг ва озод кардани ҷияни худ аз асирӣ, Абром бо Малкисодақ вохӯрд. Ӯ Абромро баракат дод ва гуфт: "Бигзор Худои Парвардигор ки соҳиби осмону замин аст Абромро баракат диҳад"! Баъд аз ин Абром аз ҳамаи дороиҳояш қисми даҳумашро ба Малкисодақ дод.

OBS Image

Солҳои зиёде гузаштанд, Абром ва Сорай меросхӯре надоштанд. Худо боз ба Абром рӯй овард ва ба ӯ ваъда дод, ки ба ӯ писар ва ҳамон қадар насле медиҳад, ки чӣ қадар ситора дар осмон аст. Абром ба ваъдаи Худо бовар кард, ва Худо Абромро одил эълон кард, зеро ӯ ба ваъдаи Худо бовар кард.

OBS Image

Он гоҳ Худо бо Абром аҳд баст. Одатан аҳд байни ду касе, ки барои иҷрои баъзе ӯҳдадориҳое, ки дар назди якдигар розӣ ҳастанд, баста мешавад. Аммо ин дафъа Худи Худо бо Абром аҳд баст ва ваъда дод, ки соҳиби писаре мешавад, ки меросхӯри Ӯ мешавад. Худо инчунин, дар вақти бастани ин аҳд, замини Қанъонро ба насли Абром дод. Пас, дар хоб Худо аён кард, ки бо насли Абром чӣ мешавад. Баъд аз ин ҳодисаҳо як чанд вақте гузашт, аммо Абром то ҳол соҳиби писар набуд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Ҳастӣ боби 11-15 гирифта шудааст