tg_ol_tg_obs_L3/content/03.md

6.9 KiB
Raw Permalink Blame History

3. Тӯфон

OBS Image

Бисёр солҳо гузаштан. Дар дунё одам бисёр шуд. Онҳо золиму бадқаҳр шуданд. Онҳо то дараҷае бадахлоқ шуданд, ки Худо қарор қабул дод, ки тамоми оламро бо тӯфон дар об ғарқ кунад.

OBS Image

Дар миёни одамон Худо танҳо аз Нӯҳ ризо буд, зеро ки ӯ танҳо марди одил дар миёни одамони гунаҳкор буд. Худо ба Нӯҳ нақл кард, ки мехоҳад тӯфони шадид дар Замин кунад ва Нӯҳ бояд киштии калоне бисозад.

OBS Image

Ин киштии калон бояд 140 метр дарозӣ, 23 метр паҳмӣ ва 13.5 метр баландӣ дошта бошад ва дар он бояд се табақа, ҳуҷраҳои бисёр, тиреза ва бом бошад. Нӯҳ бо аҳли оилааш ва ҳайвонони хушкигард бояд наҷот дар даруни кишти аз ин тӯфон наҷот ёбанд.

OBS Image

Нӯҳ Худоро гӯш кард. Ӯ бо фарзандонаш киштиро сохт он тавре, ки Худо ба ӯ гуфта буд. Сохтани киштӣ солҳои бисёрро дар бар гирифт, барои он ки вай хело калон буд.

OBS Image

Худо ба Нӯҳ фармуд, ки барои худ, оила ва ҳайвонот ба қадри кофӣ хӯрок ҷамъ кунад. Вақте, ки ҳама чиз тайёр шуд, Худо ба Нӯҳ гуфт, ки вақти он расидааст, ки ӯ ва се писараш ва занҳои писаронаш ба киштӣ дароянд. Ҳамаги онҳо ҳашт нафар буданд.

OBS Image

Худо инчунин ба Нӯҳ фармон дод, ки як ҳайвонӣ нар ва як модаро аз ҳар ҳайвон ва ҳар парранда ба киштӣ дарорад, то ки онҳо аз тӯфон наҷот ёбанд ва инчунин ҳафт нар ва ҳафт модаи он ҳайвонотро, ки барои қурбонӣ истифода бурдан мумкин аст бигирад. Вақте, ки ҳамаи онҳо ба дохили киштӣ даромаданд, Худо Худаш дарро аз паси онҳо махкам кард.

OBS Image

Пас аз он, борони сел сар шуд, ки чил рӯзу чил шаб меборид. Борон беист меборид. Аз замин ҳам об мебаромад. Ҳама чизе, ки дар замин буд ва ҳатто кӯҳҳои баландтарин бо об пӯшонида шуда буданд.

OBS Image

Ҳама одамон ва ҳайвоноте, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекарданд мурданд. Аммо ҳар касе, ки дар дохили киштӣ буд аз марг наҷот ёфт.

OBS Image

Баъд аз манъ шудани борон, киштӣ дар об панҷ моҳ шино кард. Пас аз он, об кам шудан гирифт. Як рӯз киштӣ дар болои кӯҳ истод гарчанде, ки рӯи замин ҳанӯз бо об пӯшида буд. Баъд аз се моҳ баландиҳои кӯҳҳоро дидан мумкин буд.

OBS Image

Боз чил рӯзи дигар гузашт ва Нӯҳ барои фаҳмидани он, ки об хушк шудааст ё не зоғро сар дод. Зоғ дар гирду атроф парида замини хушк мекофт, вале ёфта натавонист.

OBS Image

Баъд Нӯҳ кабӯтарро сар дод, вале он ҳам замини хушкро наёфт ва ба пеши Нӯҳ баргашт. Баъд аз як ҳафта Нӯҳ боз кабӯтарро сардод ва он бо шохчаи дарахти зайтун дар даҳонаш баргашт! Об кам шудан гирифт ва дар замин растаниҳо рӯйиданро сар карданд!

OBS Image

Нӯҳ боз як ҳафтаи дигар интизор шуд ва бори сеюм кабӯтарро сар дод. Ин дафъа кабӯтар барои худ ҷойи нишаст ёфт ва бар нагашт. Замин хушк шуд!

OBS Image

Баъд аз гузаштанӣ ду моҳ Худо ба Нӯҳ гуфт: "Акнун ту бо оилаат ва ҳамаи ҳайвонҳо метавони аз киштӣ барои. Бигзор аз шумо фарзанду набераҳои бисёр таваллуд шавад! Заминро пур кунед"! Баъд аз ин Нӯҳ бо оилааш аз кишти баромаданд.

OBS Image

Пас аз ин Нӯҳ қурбонгоҳ сохт ва якчанд ҳайвонҳои гуногунро, ки барои қурбонӣ интихобшуда буданд ба қурбонӣ овард. Худо аз ин қурбонӣ хушҳол буд ва Нӯҳро бо оилааш баракат дод.

OBS Image

Худо инчунин гуфт: "Ман ваъда медиҳам, ки дигар ҳеҷ гоҳ заминро барои корҳои бадӣ одамон лаънат нахоҳам кард ва ба вуҷуди он, ки одамон аз кӯдакӣ гуноҳ мекунанд, ҷаҳонро бо тӯфон нобуд намекунам".

OBS Image

Худо ҳамчун аломати ваъдаи Худ, рангинкамони аввалинро офарид. Ӯ гуфт, ки ҳар боре ки дар осмон рангинкамон пайдо шавад, Вай дар хотир хоҳад дошт, ки ваъда додааст, ки дигар дар рӯи замин тӯфонро ба амал намеоварад.

Ин ҳикоя Китоби Муқаддас аз Ҳастӣ боби 6-8 гирифта шудааст