tg_ol_tg_obs_L2_S2_ling_check/content/39.md

6.8 KiB
Raw Permalink Blame History

39. Исо дар назди доварон

OBS Image

Нисфи шаб сарбозон Исоро ба хонаи саркоҳин оварданд, зеро ӯ мехост Исоро бозпурсӣ кунад. Петрус масофаро нигоҳ дошта, аз паси онҳо равона шуд. Вақте ки сарбозон Исоро назди саркоҳин оварданд, Петрус дар берун монд ва назди оташ рафт, ки дар он ҷо хизматгорон ва посбонон худро гарм мекарданд.

OBS Image

Дар ҳамин ҳол, пирони яҳудӣ ва устодони шариат дар хонаи саркоҳин довариро аз болои Исо сар карданд. Онҳо бисёр шоҳидони бардурӯғ ёфтанд, ки Исоро айбдор мекарданд. Аммо айбдоркуниҳои онҳо ба ҳам зид буданд, аз ин рӯ онҳо гуноҳи Исоро исбот карда натавонистанд. Худи Исо дар ҳимояи Ҳуд чизе нагуфт.

OBS Image

Ниҳоят, саркоҳин бевосита ба Исо нигариста пурсид: "Ба мо бигӯй, ки ту Масеҳ, Писари Худои Зинда ҳастӣ"?

OBS Image

Исо ҷавоб дод: "Бале, Ман Масеҳ ҳастам ва шумо Маро хоҳед дид, ки бо Худо нишаста аз осмон меоям". Саркоҳин либосҳояшро дарронд, зеро суханони Исо ӯро ба хашм оварданд. Ӯ дод зад: "Мо дигар ба шоҳидон ниёз надорем, то бигӯянд, ки ин Мард чӣ кор кардааст! Шумо худатон шунидед, ки Ӯ гуфт, ки Писари Худост. Шумо бар зидди Ӯ чӣ қарор қабул мекунед"?

OBS Image

Ҳамаи онҳое ки дар он ҷо буданд, бо як овоз ба саркоҳин фарёд заданд: "Ӯ сазовори марг аст"! Онҳо чашмони Исоро баста, ба рӯи Ӯ туф карданд, Ӯро заданд ва масхара карданд.

OBS Image

Дар ин замон Петрус дар беруни хона интизор буд. Яке аз канизон ӯро дид. Вай ба ӯ гуфт: "Ту ҳам бо Исо будӣ"! Аммо Петрус инро рад кард. Баъдтар як духтари дигар ҳамон чизро ба ӯ гуфт ва Петрус боз инкор кард. Дар охир баъзе одамон гуфтанд: "Мо медонем, ки ту бо Исо будӣ, зеро ҳардуи шумо аз Ҷалил ҳастед".

OBS Image

Петрус қасам хӯрд, ки Исоро намешиносад. Ӯ гуфт: "Қасам мехӯрам, ки ин Одамро намешиносам ва намефаҳмам, ки шумо чӣ мегӯед"! Сипас Исо баргашта ба Петрус нигоҳ кард ва у ба ёд овард, ки чӣ тавр Исо ба у гуфта буд: "Имшаб пеш аз он, ки хурӯс садо барорад, ту се маротиба мегӯӣ, ки Маро намешиносӣ".

OBS Image

Петрус аз ҳавли баромада ва зор-зор гирист. Дар ҳамин вақт Яҳудо фаҳмид, ки Исоеро, ки ӯ таслимаш кард ба қатл мерасонанд. Ӯ тавба карда пулро ба саркоҳинон ва пирон баргардонд ва сипас рафта худро дор кашид.

OBS Image

Дар он айём Пилотус ҳокими Румии Яҳудия буд. Саркоҳинон ва пирон Исоро назди Пилотус оварданд. Онҳо мехостанд, ки ҳокими руми Исоро маҳкум карда ва ба Ӯ ҳукми қатл диҳад. Пилотус аз Исо пурсид: "Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ"?

OBS Image

Исо ҷавоб дод: "Шумо дуруст гуфтед. Вале, Подшоҳии Ман дар рӯи замин нест. Агар чунин мебуд, пайравони Ман барои Ман меҷангиданд. Ман ба замин омадам, то ҳақиқатро дар бораи Худо расонам. Ҳар касе ки ҳақиқатро дӯст медорад, Маро гӯш мекунад". Пилотус пурсид: "Аммо ҳақиқат чист"?

OBS Image

Пас аз сӯҳбат бо Исо, Пилотус назди мардум баромада, гуфт: "Ман ҳеҷ далеле наёфтам, ки ин Одам сазовори марг бошад". Аммо саркоҳинон, пирон ва мардум фарёд заданд: "Ӯро маслуб кун"! Пилотус ҷавоб дод: "Ӯ ҳеҷ кореро накардааст, ки шумо Ӯро айбдор мекунед". Аммо онҳо боз ҳам баландтар фарёд заданд. Он гоҳ Пилотус бори сеюм гуфт: "Ӯ гунаҳкор нест"! Аммо мардум боз ҳам баландтар фарёд заданд: "Ӯро маслуб кун"!

OBS Image

Пилотус аз тарси он ки исён сар мешавад, ба талабҳои онҳо розӣ шуд ва ба сарбозон амр кард, ки Исоро маслуб кунанд. Сарбозони румӣ Исоро бо қамчин латту кӯб карданд. Баъд аз ин, Ӯро тамасхур карда, либоси шоҳона ва тоҷи хордор ба Ӯ пӯшонданд. Гуфтанд: "Бубинед ин Подшоҳи Яҳудиён аст"!

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 26:57-27;26 ва Инҷили Марқус боби 14:53-15;15: ва Инҷили Луқо боби 22:54-23:25 ва Инҷили Юҳанно 18:12-19:16 гирифта шудааст