Удалить '32.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:13 +00:00
parent c449fe7af5
commit dd19750782
1 changed files with 0 additions and 67 deletions

67
32.md
View File

@ -1,67 +0,0 @@
# 32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад
![Frame 32-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-01.jpg)
Исо ва шогирдонаш бо қаиқ ба маҳалли зисти мардуми Герасин рафтанд. Онҳо ба соҳил расида, аз қаиқ фуромаданд.
![Frame 32-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-02.jpg)
Дар он ҷо марде буд, ки девҳо дошт.
![Frame 32-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-03.jpg)
Вай чунон пурзӯр буд, ки касе ӯро ором карда наметавонист. Бисёр вақт одамон дастҳо ва пойҳои ӯро бо занҷир мебастанд, аммо ӯ онҳоро мешикаст.
![Frame 32-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-04.jpg)
Ин мард дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард. Вай шабу рӯз дод мезад, либос намепӯшид ва аксар вақт худро бо санг мебурид.
![Frame 32-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-05.jpg)
Вай ба назди Исо давида омад, ва ба зону афтод. Дев дар он мард бо овози баланд дод зад: "Исо, Писари Худои Таъоло аз ман чӣ мехоҳӣ? Илтимос маро азоб надеҳ"!
![Frame 32-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-06.jpg)
Исо ба дев рӯ оварда гуфт: "Аз ин мард берун шав"! Он гоҳ Исо аз дев пурсид: "Номи ту чист"? Вай ҷавоб дод: "Номи ман Лашкар аст, зеро мо бисёрем".
![Frame 32-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-07.jpg)
Девҳо аз Исо пурсиданд: "Илтимос моро аз ин ҷойҳо нафирист!" На он қадар дур дар теппа галаи хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо илтиҷо карданд: "Илтимос, моро ба ин хукҳо бифирист"! Исо ба онҳо иҷозат дод, ки ин корро кунанд.
![Frame 32-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-08.jpg)
Дар он рама тақрибан 2000 хук буд. Девҳо аз одам берун шуда, ба хукҳо даромаданд. Гала аз соҳили нишеб шуда ба кӯл ғалтид ва ғарқ шуд.
![Frame 32-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-09.jpg)
Вақте чупононеки хукҳоро мечаронданд ин воқеаро дида ба шаҳр давида рафтанд ва ҳама чизеро, ки Исо карда буд ба ҳама нақл карданд. Мардум аз шаҳр омаданд ва одамеро диданд, ки пеш девҳои бисёр дошт. Вай ором буд, дар тан либос ва мисли як одами солим рафтор мекард.
![Frame 32-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-10.jpg)
Мардум сах тарсиданд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки минтақаи онҳоро тарк кунад. Аз ин рӯ Исо ба қаиқ савор шуд ва он одаме, ки дар он девҳои зиёд буд, аз Исо иҷозат пурсид то бо Ӯ равад.
![Frame 32-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-11.jpg)
Аммо Исо дар ҷавоби вай гуфт: "Не, Ман мехоҳам, ки ту ба хонаат рафта ҳама чизро, ки Худо барои ту кардааст нақл куни. Ба ҳама бигӯ, ки чӣ гуна Ӯ ба ту раҳм кард".
![Frame 32-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-12.jpg)
Ин одам рафта ҳама чизеро, ки Исо барои ӯ карда буд, нақл мекард. Ва ҳар касоне, ки ҳикояти ӯро мешуниданд хеле дар ҳайрат мемонданд.
![Frame 32-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-13.jpg)
Дар ин замон Исо ба соҳили дигари кӯл гузашт. Вақте ки ӯ ба он ҷо расид, мардуми зиёде дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд. Одамонон чунон зиёд буданд, ки гирду атрофи Ӯ хело танг шуд. Дар миёни мардум зане буд, ки 12 сол боз аз хунравӣ азоб мекашид. Вай тамоми дороиашро ба табибон сарф кард, то ӯро шифо диҳанд, аммо танҳо бадтар мешуду хубтар не.
![Frame 32-14](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-14.jpg)
Ӯ шунид, ки Исо мардуми бисёриё беморро шифо медод ва фикр кард: "Бовар дорам, ки агар ман танҳо ба либоси Исо даст расонам, шифо хоҳам ёфт"! Барои ҳамин ӯ аз пушти Исо омада, либоси Ӯро ламс кард. Ҳамин ки вай ба Ӯ даст расонд, хунравиаш манъ шуд.
![Frame 32-15](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-15.jpg)
Худи ҳамон замон Исо ҳис кард, ки қувват аз Ӯ баромад. Ӯ баргашт ва пурсид: "Кӣ ба ман даст расонд?" Шогирдон дар ҷавоб гуфтанд: «Дар гирду атрофи ту одамони зиёде ҷамъ омадаанд. Онҳо пайваста ба ту ламс мекунанд. Чаро ту мепурсӣ: "Кӣ ба Ман даст расонд"?
![Frame 32-16](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-32-16.jpg)
Он гоҳ зан пеши Исо ба зону афтод ва аз тарс меларзид ва ба ӯ нақл кард, ки чӣ кор кардааст ва чӣ тавр шифо ёфтааст. Исо ба вай ҷавоб дод: «Имонат туро шифо бахшид. Ба осоиштагӣ бирав".
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 8:28-34 9.20-22 ва Инҷили Марқус боби 5:1-20: 5;24б-34 ва Инҷили Луқо боби 8:26-39 8;42б-48 гирифта шудааст_