Удалить '33.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:11 +00:00
parent c3c6b97353
commit c449fe7af5
1 changed files with 0 additions and 39 deletions

39
33.md
View File

@ -1,39 +0,0 @@
# 33. Масал дар бораи деҳқон
![Frame 33-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-01.jpg)
Як рӯз Исо дар соҳили кӯл буд. Вай ба мардуми зиёде таълим медод. Бисёр одамон барои гӯш кардани Исо меомаданд ва аз ин рӯ, Ӯ ба қаиқ ки дар об буд даромад, ва каме дуртар шино кард ки Ӯро беҳтар дида ва шунида шавад. Дар қаиқ нишаста, Ӯ ба мардум таълим доданро сар кард.
![Frame 33-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-02.jpg)
Исо ба одамоне, ки Ӯро мешунаванд, чунин ҳикоят кард: «Як деҳқон барои коштани ғалла берун рафт. Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, қисме аз тухмиҳо тасодуфан ба роҳ афтодаанд. Паррандагон омада ин тухмиҳоро хӯрданд.
![Frame 33-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-03.jpg)
Тухмиҳои дигар ба заминӣ санглох афтоданд, ки хок камёб буд. Тухмиҳои дар замини санглох зуд сабзида мерафтанд, аммо решаҳои онҳо ба чуқурии хок рафта наметавонистанд. Вақте ки офтоб баромад ва гарм шуд, навдаҳо хушк шуданд ва мурданд.
![Frame 33-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-04.jpg)
Тухмиҳое ҳам буданд, ки дар байни буттаҳои хордор афтода буданд. Ин тухмиҳо ба сабзидан сар карданд, аммо хорҳо онҳоро пахш карданд. Аз ин рӯ, растаниҳое, ки дар миёни хорҳо мерӯянд, ҳосил намедиҳанд.
![Frame 33-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-05.jpg)
Тухмиҳое будан, ки дар хоки хуб афтиданд. Онҳо калон шуда 30, 60 ва ҳатто 100 маротиба зиёд тухмӣ оварданд аз оне, ки кошта шуда буд. Ҳар кӣ мехоҳад ба Худо пайравӣ кунад, бигзор ба он чизе, ки Ман мегӯям таваҷҷӯҳ диҳад"!
![Frame 33-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-06.jpg)
Шогирдон ин ҳикояро нафаҳмиданд, вале Исо маънои онро фаҳмонд вақте, ки онҳо бо Ӯ дар танҳоӣ буданд: "Тухмиҳо - ин Каломи Худо аст. Роҳ - ин одаме аст, ки Каломи Худоро мешунавад аммо онро намефаҳмад. Ва иблис каломро аз ӯ медуздад, то одам бовар накунад ва наҷот наёбад.
![Frame 33-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-07.jpg)
Хоки сангдор ин одаме аст, ки каломи Худоро мешунавад ва онро бо шодӣ қабул мекунад. Аммо вақте ки ӯ душвориҳоро аз сар мегузаронад ё вақте ки дигарон ӯро азоб медиҳанд, вай Худоро тарк мекунад. Ӯ ба Худо таваккал карданро бас мекунад.
![Frame 33-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-08.jpg)
Замини хордор ин одаме аст, ки Каломи Худоро мешунавад. Аммо ӯ дар бораи чизҳои гуногун ташвиш мекашад, кӯшиш мекунад, ки пули бештар ба даст орад ва чизҳои зиёдеро харад. Пас аз муддате, ӯ дигар наметавонад Худоро дӯст дорад. Ва он чизе ки ӯ аз Каломи Худо омӯхт, дигар ба ӯ барои писанд омадан ба Худо кӯмак намекунад. Чунин одам ба пояҳои гандуми бе дона монанд аст.
![Frame 33-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-33-09.jpg)
Аммо тухмиҳо дар хоки хуб ин одаме ҳаст, ки Каломи Худоро мешунавад, ба ӯ бовар мекунад ва ба шарофати ин мева медиҳад. "
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 13:1-8 ва Инҷили Марқус боби 4:1-8 13-20: ва Инҷили Луқо боби 8:4-15 гирифта шудааст_