Удалить '34.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:09 +00:00
parent ad90df8a0a
commit c3c6b97353
1 changed files with 0 additions and 43 deletions

43
34.md
View File

@ -1,43 +0,0 @@
# 34. Исо ба одамон бо нақл кардани масалҳои гуногун таълим медиҳад
![Frame 34-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-01.jpg)
Исо дар бораи Подшиҳии Худо бисёр ҳикояҳои гуногун нақл кард. Масалан, Ӯ гуфт: «Подшоҳии Худо ба тухми хардале монанд аст, ки одамизод дар замини худ коштааст. Шумо медонед, ки тухми хардал аз ҳама тухмиҳо хурдтарин аст.
![Frame 34-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-02.jpg)
Аммо вақте ки тухми хардал мерӯяд, вай аз ҳама буттаҳо баландтар мешавад ва ба дарахти бузурге мубаддал мешавад, ки ҳатто паррандагон омада дар шохаҳои он лона месозанд".
![Frame 34-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-03.jpg)
Исо як ҳикояи дигарро нақл кард: «Подшоҳии Худо ба хамиртуруш монанд аст, ки зан онро ба хамир меандозад ва хамиртуруш тамоми хамирро боло мебарад.
![Frame 34-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-04.jpg)
Инчунин Подшоҳии Худо ба ганҷе монанд аст, ки дар саҳро пинҳон шуда буд. Як нафар ин ганҷро ёфт ва ӯ мехост онро барои худ бигирад. Пас ӯро боз гӯр кард, то касе наёбад. Ва он гоҳ, ки аз дарёфти он чиз шод шуда рафт, ҳама дороияшро, ки дошт, фурӯхт ва киштзорро, ки ганҷ пинҳон шуда буд харид.
![Frame 34-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-05.jpg)
Инчунин, Подшоҳии Худо ба тоҷире монанд аст, ки марворидӣ бе нуқсро мекофт. Вақте, ки вай як марворидӣ қиматбаҳо ёфт, рафта ҳама дороияшро, ки дошт, фурӯхт ва ӯро харид".
![Frame 34-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-06.jpg)
Дар байни одамоне, ки аз паси Исо мерафтанд, одамоне буданд, ки ба адолати худ боварӣ доштанд, зеро онҳо корҳои нек мекарданд. Ин одамон ба онҳое, ки корҳои нек намекардаанд, бо чашми бад мекарданд. Исо ба онҳо чунин ҳикояро гуфт: "Ду нафар барои ибодат ба маъбад омаданд. Яке аз онҳо боҷгир ва дигаре фарисӣ буд.
![Frame 34-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-07.jpg)
Фарисӣ чунин дӯо мегуфт: "Худоё шукр мегуям Туро баро он, ки ман гуноҳкор нестам мисли дигар одамон: ғоратгарон, фиребгарон, хиёнатгарон ё мисли ин боҷгир.
![Frame 34-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-08.jpg)
Ман дар як ҳафта ду маротиба рӯза мегирам, ва ба Ту даҳяки тамоми пул ва даромади худамро медиҳам.
![Frame 34-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-09.jpg)
Ва боҷгир дуртар аз фарисӣ истода буд. Ӯ ҳатто ҷуръат накард, ки чашмонашро ба осмон боло кунад, балки бо мушти худ худро ба кундаи сина зада, дуо кард: "Худо илтимос бубахш маро чун ки ман гуноҳкор ҳастам".
![Frame 34-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-34-10.jpg)
Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, ки Худо боҷгирро одил меҳисобад, на фарисиро. Зеро ҳар кӣ худро аз дигарон боло гузорад, хор мешавад ва ҳар кӣ худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад».
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 13:31-33 44-46 ва Инҷили Марқус боби 4:30-32: ва Инҷили Луқо боби 13:18-21 18:9-14 гирифта шудааст_