Удалить '35.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:07 +00:00
parent c4817f42b0
commit ad90df8a0a
1 changed files with 0 additions and 55 deletions

55
35.md
View File

@ -1,55 +0,0 @@
# 35. Ҳикоя дар бораи писари гумшуда
![Frame 35-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-01.jpg)
Як рӯз Исо ба ҷамъи мардуме, ки ҷамъ омада буданд, то Ӯро гӯш кунанд, таълим медод. Дар байни онҳо боҷгирон ва одамони дигар ҳам буданд, ки шариати Мусоро риоя намекарданд ва аз ин рӯ гунаҳкор ҳисоб мешуданд.
![Frame 35-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-02.jpg)
Фарисиён ва шариатдонон диданд, ки Исо бо ин одамон чун дӯстон муносибат мекард. Аз ин рӯ, онҳо хашмгин шуданд ва ба якдигар гуфтанд: "Ӯ нодуруст рафтор мекунад, бо гунаҳкорон сӯҳбат мекунад ва ҳатто бо онҳо хӯрок мехӯрад." Исо онҳоро шунид ва ба онҳо ин ҳикояро гуфт:
![Frame 35-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-03.jpg)
“Як мард ду писар дошт. Як рӯз писари хурдӣ ба падараш гуфт: "Падар, ман мехоҳам мероси худро ҳозир гирам"! Сипас падар моликияти худро байни ду писараш тақсим кард.
![Frame 35-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-04.jpg)
Баъд аз ин, писари хурдӣ ҳама чизеро, ки ба ӯ мерос буд, гирифта, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо пулро ба зиндагии парешонии гунаҳкорона сарф кард.
![Frame 35-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-05.jpg)
Дере нагузашта дар он кишвар гуруснагии шадид сар шуд ва ӯ ҳатто барои хӯрок пул надошт. Аз ин рӯ, ӯ ба корӣ нигоҳубини хукҳо шурӯъ кард. Ин ягона коре буд, ки вай ёфта тавонист. Вай чунон гурусна буд, ки аз хӯрдани хӯроки хук низ хурсанд буд, аммо инро ба ӯ иҷозат надоданд.
![Frame 35-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-06.jpg)
Дар охир писари хурдӣ ба худ гуфт: "Ман чӣ кор карда истодаам? Падарам хизматгорони зиёде дорад ва ҳама ба серӣ мехӯранд аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам. Ман ба назди падарам баргашта хоҳиш мекунам, ки хизматгораш шавам".
![Frame 35-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-07.jpg)
Ва писари хурдӣ ба хонаи падараш баргашт. Вақте, ки ӯ ҳанӯз дур буд, падараш ӯро дида раҳмаш омад. Ӯ ба пешвози писараш давида ӯро ба оғӯш гирифт ва бӯсид.
![Frame 35-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-08.jpg)
Писар гуфт: "Ман бар зидди Худо ва зидди ту гуноҳ кардам. Ман лоиқ нестам, ки писари ту шавам".
![Frame 35-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-09.jpg)
Аммо падар ба яке аз хизматгоронаш гуфт: "Шитобед рафта беҳтарин либосҳоро гиред ва ба писарам пушонед! Ангуштарин дар ангушташ ва пойафзол дар пояш пушонед. Сипас гӯсолаи фарбеҳро бикушед. Мо зиёфат хоҳем кард, зеро ки писарам мурда буд, аммо ҳоло зинда аст! Вай гум шуда буд, аммо ҳоло ёфт шуд"!
![Frame 35-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-10.jpg)
Ва ҳама ба ҷашн гирифтан оғоз карданд. Дере нагузашта писари калонӣ аз саҳрое, ки кор мекард ба хона омад. Вай садоҳои мусиқӣ ва рақсро шунид ва яке аз хизматгоронашро фарёдкарда пурсид, ки дар он ҷо чӣ гузашта истодааст.
![Frame 35-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-11.jpg)
Вақте писари калонӣ фаҳмид, ки дар хона ҷашн аст, зеро бародараш баргаштааст, хеле хашмгин шуда, ҳатто ба хона надаромадааст. Падари ӯ беромада аз ӯ хоҳиш кард, ки дарояд, то бозгашти писарашро бо онҳо ҷашн гирад, аммо ӯ рад кард.
![Frame 35-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-12.jpg)
Писари калонӣ ба падараш гуфт: "Муддати соҳои дароз ман ба ту софдилона кор мекардам. Ман ҳамеша ба ту итоат мекардам, аммо ту ҳеҷ гоҳ ба ман ҳатто ба ман бузичаеро надодӣ, то бо дӯстонам хурсандӣ кунам. Аммо ин писари ту пули туро дар ҳаёти беҳуда сарф кард. Ҳоло акнун ӯ ба хона баргашт ва ту барои у гӯсолаи фарбеҳро барои ҷашн гирифтан куштӣ"!
![Frame 35-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-35-13.jpg)
Падар ҷавоб дод: "Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар он чизе, ки ман дорам, аз они ту аст. Мо хуб кардем, ки ин ҷашнро қайд кардем. Зеро бародари ту мурда буд ва ҳоло ӯ зинда аст. Ӯ гум шуда буд, акнут ӯ зинда аст"!
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Луқо боби 15:11-32 гирифта шудааст_