Удалить '49.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:27:40 +00:00
parent f9ec917021
commit b9666ac758
1 changed files with 0 additions and 75 deletions

75
49.md
View File

@ -1,75 +0,0 @@
# 49. Аҳди Ҷадид, ки Худо муққарар кард
![Frame 49-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-01.jpg)
Пеш аз таваллуди Исо, фариштае ба назди духтаре бо номи Марям омада гуфт, ки вай Писари Худоро таваллуд мекунад. Марям бокира буд, аммо Рӯҳи Муқаддас бар ӯ нозил шуд ва ӯ ҳомиладор шуд. Марям Писаре таваллуд кард ва ба ӯ Исо ном гузошт. Аз ин рӯ, Исо ҳам Худо ва ҳам Одам аст.
![Frame 49-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-02.jpg)
Исо мӯъҷизаҳои зиёде нишон медод, ки онҳо исбот мекарданд, ки ӯ Худо аст. Ӯ дар рӯи об қадам мезад ва тӯфонҳоро ором мекард. Ӯ одамони беморро шифо медод ва девҳоро берун мекард. Исо мурдагонро эҳё мекард ва метавонист аз панҷ нон ва ду моҳии хурд он қадар ғизо тайёр кунад, ки он метавонад беш аз 5000 нафарро сер кунад.
![Frame 49-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-03.jpg)
Исо Устоди бузург буд. Тамоми таълимоти ӯ Ҳақиқат буд. Аз ин рӯ, мо бояд он чизеро, ки Исо ба мо гуфта буд, иҷро кунем, зеро Ӯ Писари Худо аст. Яке аз таълимоти асосии Исо ин буд, ки мо дигаронро мисли худ дӯст дорем.
![Frame 49-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-04.jpg)
Вай инчунин таълим медод, ки дӯст доштани Худо аз ҳама чиз муҳимтар аст - ҳатто аз ҳар чизе ки шумо дороед.
![Frame 49-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-05.jpg)
Исо гуфт, ки дохил шудан ба Подшоҳии Худо беҳтар аз он аст, ки ҳама сарвати ин ҷаҳонро дошта бошӣ. Барои он ки ту ба Подшоҳии Ӯ дохил шави, Худо бояд туро аз ҷазои гуноҳонат наҷот диҳад.
![Frame 49-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-06.jpg)
Исо гуфт, ки одамоне хоҳанд буд, ки Ӯро қабул хоҳанд кард ва Худо онҳоро наҷот хоҳад дод. Аммо одамоне пайдо мешаванд, ки Ӯро қабул намекунанд. Исо гуфт, ки баъзе одамон мисли замини хубанд. Каломи Худо ба монанди тухми ба ин замин меафтад ва он сабзида мебарояд. Чунин одамон Исоро қабул мекунанд ва Худо онҳоро наҷот медиҳад. Аммо одамони дигар ба замини мустаҳкам, ки дар наздикии роҳ аст, монанданд. Каломи Худо, ба монанди тухми, ба ин замин меафтад, аммо сабзида наметавонад. Чунин одамон Исоро рад мекунанд. Онҳо ба Подшоҳии Ӯ ворид шуданро рад мекунанд.
![Frame 49-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-07.jpg)
Исо таълим медод, ки Худо ҳамаи одамонро хеле дӯст медорад, ҳатто гунаҳкоронро. Ӯ мехоҳад ҳамаро мисли фарзандони Худ бубахшад ва қабул кунад.
![Frame 49-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-08.jpg)
Пас аз гуноҳ кардани Одам ва Ҳавво, ҳамаи наслҳои онҳо ҳамчун гунаҳкор таваллуд шуданд. Ҳамаи одамон гуноҳ мекунанд ва аз Худо дур ҳастанд. Ҳар як инсон аз таваллуд ба Худо ва иродаи Ӯ муқобил аст.
![Frame 49-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-09.jpg)
Аммо Худо одамонро чунон дӯст медорад, ки Писари ягонаи Худро қурбонӣ кард. Худо касонеро, ки ба Исо имон доранд, ҷазо намедиҳад ва ҳамаи имондорон бо Ӯ то абад ҳаёт хоҳанд бурд.
![Frame 49-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-10.jpg)
Ту сазовори марг ҳасти, зеро ту - гунаҳкори. Барои Худо дуруст мебуд, ки туро ҷазо диҳад. Аммо ба ҷои ту, Исо барои гуноҳҳои ту ҷазо дода шуд. Вақте ки Ӯ дар салиб маслуб шуд, Худо ҷазои туро ба гардани Исо гузошт.
![Frame 49-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-11.jpg)
Исо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст. Аммо Ӯ ҷазои гуноҳро бо марги даҳшатангез дар салиб гирифт. Исо қурбонии комил шуд барои он, ки гуноҳҳои туро ва гуноҳҳои ҳар як одамро дар ин ҷаҳон бигирад. Исо Худро барои гуноҳҳо қурбони кард ва аз ҳамин сабаб Худо ҳатто гуноҳи бадтарини ҳар як шахсе, ки ба Исо имон дорад мебахшад.
![Frame 49-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-12.jpg)
Ҳатто бисёр корҳои нек туро аз ҷазои гуноҳ наҷот намедиҳад. Ту ҳеҷ вақт наметавони худ аз худ коре бикуни то ба Худо оштӣ шави ва дӯсти Ӯ шави. Аммо ту бояд бовар куни, ки Исо Писари Худо аст, ки Ӯ ба ҷои ту дар салиб мурд ва Худо Ӯро дубора зинда кард. Агар ту ба ин бовар куни, Худо ҳамаи гуноҳҳои туро мебахшад.
![Frame 49-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-13.jpg)
Худо ҳар шахсро, ки ба Исо имон дорад ва Ӯро ҳамчун Оғо эътироф мекунад, наҷот медиҳад. Аммо Ӯ касонеро, ки ба Ӯ имон намеоварад наҷот намедиҳад. Фарқ надорад, ки ту сарватманд ҳасти ё камбағал, мард ё зан, пир ё ҷавон ва дар куҷо зиндагӣ мекуни. Худо туро дӯст медорад ва Ӯ мехоҳад, ки ту ба Исо бовар куни то инки Ӯ дӯсти ту шавад.
![Frame 49-14](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-14.jpg)
Исо туро даъват мекунад, ки ту ба Ӯ бовар куни ва таъмид гири. Оё ту боварӣ дори, ки Исо - Масеҳ ва Писари ягонаи Худо аст? Оё ту боварӣ дори, ки ту гонаҳкор ҳасти ва сазовори ҷазои Худо барои гуноҳҳои худ ҳасти? Оё ту бовар мекуни, ки Исо мурд дар салиб барои он, ки гуноҳҳои туро ба Худ гирад?
![Frame 49-15](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-15.jpg)
Агар ту ба Исо бовар кунӣ ва ошкорона эътироф кунӣ ва дар бораи корҳое, ки Ӯ барои ту кардааст, сухарн ронӣ, ту пайрави Масеҳ мешавӣ. Шайтон дигар наметавонад бар ту ҳукмронӣ кунад ва салтанати торикӣ дигар бар ту қудрат нахоҳад дошт. Аммо Худи Худо туро аз Подшоҳии Нураш ҳидоят хоҳад кард. Худо ба ту қувват мебахшад, то дар ҳаёти худ ба гуноҳ муқобилат кунӣ. Ӯ ба ту тарзи ҳаёти нав бурданро медиҳад.
![Frame 49-16](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-16.jpg)
Агар ту ба Исо имон дошта бошӣ пас Худо ба сабаби қурбонии Исо гуноҳҳои туро мебахшад. Ҳоло Худо туро дӯсти наздики худ мешуморад ва туро душмани худ намеҳисобад.
![Frame 49-17](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-17.jpg)
Агар ту ҳоло дӯсти Худо бошӣ ва агар ту бандаи Исо бошӣ ва Исо Оғои ту бошад, пас ту мехоҳӣ ҳама чизеро, ки Исо ба ту таълим медиҳад, иҷро кунӣ. Аммо ҳатто вақте ки ту ба Исо бовар мекунӣ, Шайтон туро ба гуноҳ роҳнамоӣ мекунад. Шайтон туро водор мекунад, ки ту, ки шогирди бевафои Исо бошӣ. Аммо Худо ҳамеша он чиро, ки ваъда додааст иҷро мекунад. Ва Ӯ ваъда дод, ки агар ту ба гуноҳҳои худ иқрор шавӣ ва дар бораи онҳо ба Худо гӯи, Ӯ туро мебахшад ва ба ту қувват медиҳад, ки бо гуноҳ мубориза барӣ.
![Frame 49-18](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-49-18.jpg)
Худо мехоҳад, ки ту дуо кунӣ ва Каломи Ӯро омӯзӣ. Ӯ инчунин мехоҳад, ки ту дар баробари дигар пайравони Исо ба Ӯ саҷда кунӣ. Ту инчунин бояд ба дигарон дар бораи корҳое, ки Ӯ барои ту кардааст, нақл кунӣ. Агар ту ҳама чизеро, ки Худо ба ту амр кардааст, иҷро куӣ, пас дӯстии ту бо Ӯ қавитар ва мустаҳкам мешавад.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Номаи Павлус ба Румиён боби 3:21-26, 5:1-11 Инҷили Юҳанно 3:16 Инҷили Марқус 16:16 Номаи Павлус ба Қулласиён 1:13-14 Номаи дуюми Павлус ба Қуринтиён 5:17-21 ва номаи якуми Юҳанно 1:5-10 гирифта шудааст._