Удалить '30.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:25:31 +00:00
parent 349dec10b6
commit f9ec917021
1 changed files with 0 additions and 39 deletions

39
30.md
View File

@ -1,39 +0,0 @@
# 30. Исо панҷ ҳазор нафарро сер кард
![Frame 30-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-01.jpg)
Исо ҳаввориёни Худро ба деҳаҳои гуногун фиристод, то ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза кунанд ва таълим диҳанд. Вақте ки шогирдон ба ҷое ки Исо буд, баргаштанд, онҳо ҳама чизеро, ки карда буданд, ба ӯ нақл карданд. Исо онҳоро даъват кард, ки ҳамроҳи Ӯ ба ҷои ором дар, ки дар паси кӯл шино кунанд, то каме дам гиранд. Онҳо ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигар рафтанд.
![Frame 30-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-02.jpg)
Бисёри одамон диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар қаиқ шино карда рафтанд. Ин одамон ба назди кӯл давиданд, то ба соҳили дигар пеш аз Исо расанд. Аз ин рӯ вақте ки Исо ва шогирдонаш омаданд, гуруҳи бузурги одамон аллакай онҳоро интизор буданд.
![Frame 30-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-03.jpg)
Дар ин гурӯҳ беш аз 5000 одам буд, бе ҳисобӣ занону кӯдакон. Исо ба ин одамон раҳмдилии зиёд зоҳир кард. Барои Исо онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон буданд. Аз ин рӯ, Ӯ ба онҳо дар бораи бисёр чизҳо таълим доданро сар кард ва беморонро шифо медод.
![Frame 30-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-04.jpg)
Бегоҳӣ шогирдон ба Исо гуфтанд: "Дер шуд. Мардумро ҷавоб деҳ, то онҳо ба деҳаҳои наздиктарин рафта, барои худ ягон хӯрок харанд".
![Frame 30-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-05.jpg)
Аммо Исо ба шогирдон гуфт: "Шумо ба онҳо хӯрдан диҳед"! Шогирдон дар ҷавоб пурсидан: "Чихел мо инро карда метавонем? Мо танҳо панҷ нону ду моҳии хурде дорем."
![Frame 30-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-06.jpg)
Баъд Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ба одамон бигӯянд, ки 50 нафари шуда ба гурӯҳҳо дар руйи сабза шинанд.
![Frame 30-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-07.jpg)
Пас аз он, Исо панҷ нон ва ду моҳиро гирифта, ба осмон нигарист ва ба Худо барои хӯрок шукрзорӣ кард.
![Frame 30-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-08.jpg)
Сипас Исо нон ва моҳиро пора кард. Ӯ ин пораҳоро ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Шогирдон хӯрокро тақсим мекарданд, аммо он тамом намешуд! Ин барои ҳамаи одамон расид, бинобар ин ҳама сер шуданд ва хӯрок ҳатто боқӣ монд.
![Frame 30-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-30-09.jpg)
Пас аз он шогирдон хӯроки боқимондаро ҷамъ карда, 12 сабадро пур карданд. Ҳамаи ин хӯрок ба таври мӯъҷиза аз панҷ нон ва ду моҳӣ пайдо шуд!
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 14:13-21 ва Инҷили Марқус боби 6:31-44: ва Инҷили Луқо боби 9:10-17 ва Инҷили Юҳанно 6:5-15 гирифта шудааст_