Удалить '18.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:21 +00:00
parent 10a01c68db
commit 4a6e590e2a
1 changed files with 0 additions and 55 deletions

55
18.md
View File

@ -1,55 +0,0 @@
# 18. Подшоҳии тақсимшуда
![Frame 18-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-01.jpg)
Шоҳ Довуд 40 сол ҳукмронӣ кард. Пас аз маргаш писараш Сулаймон бар Исроил ҳукмронӣ кард. Худо ба Сулаймон рӯ овард ва пурсид, ки чӣ бештар мехоҳад. Сулаймон аз Худо хоҳиш кард, ки ба ӯ хирадманди ато кунад, то мардумро идора кунад. Ин ба Худо писанд омад ва Сулаймонро хирадмандтарин одами ҷаҳон гардонд. Ба ғайр аз он ки Худо Сулаймонро ҳокими хеле доно сохт, Худо ӯро хеле бой кард.
![Frame 18-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-02.jpg)
Дар Ерусалим Сулаймон маъбадеро сохт, ки падараш Довуд мехост онро созад. Дар давоми умри худ Довуд барои сохтмони он мавод ҷамъ мекард. акнун мардум Худоро дар маъбад парастиш мекарданд ва ба Ӯ дар он ҷо қурбонӣ меоварданд, на дар хаймаи ҷамомад. Худо дар маъбад ҳузур дошт ва дар он ҷо бо қавми Худ буд.
![Frame 18-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-03.jpg)
Нигоҳ накарда ба он, ки Сулаймон хирадманд буд, вай ба Худо итоат накард ва бо занони миллатҳои бегона издивоҷ кардан гирифт, ки Худо бо онҳо издивоҷо карданро манъ кардааст. Бисёре аз ин занон худоёни худро бо худ оварда, ба онҳо саҷда мекарданд. Ва ҳангоме ки Сулаймон пир шуд, ӯ низ ба парастиши худоёни онҳо сар кард.
![Frame 18-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-04.jpg)
Барои ин Худо аз Сулаймон хашмгин шуд ва гуфт, ки ӯро бо тақсим кардани халқи Исроил ба ду салтанат ҷазо хоҳад дод. Ин пас аз марги Сулаймон рӯй медиҳад.
![Frame 18-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-05.jpg)
Вақте ки Сулаймон мурд, писараш Раҳабъом подшоҳ шуд. Тамоми халқи Исроил ҷамъ омаданд, то ӯро подшоҳ эътироф кунанд. Одамон ба Раҳабъом шикоят карданд, ки Сулаймон онҳоро маҷбур сохт, ки кори душвор ва андозҳои зиёдро супоранд. Онҳо аз Раҳабъом хоҳиш карданд, ки кори онҳоро сабук кунад.
![Frame 18-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-06.jpg)
Аммо Раҳабъом хеле беақлона ба дархости онҳо ҷавоб дод: "Шумо мегӯед, ки падарам Сулаймон шуморо ба кори душвор водор кардааст. Шумо барои ман боз ҳам зиёдтар кор хоҳед кард ва шуморо ҳатто аз ӯ сахттар ҷазо медиҳанд"!
![Frame 18-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-07.jpg)
Вақте, ки мардум ин суханонро шуниданд, аксарияти онҳо бар зидди Раҳабъом исён бардоштанд. Даҳ оилаи Исроил намехостанд дар зери ҳукмронии Раҳабъом бимонанд ва ӯро подшоҳи худ ҳисоб кардан нахостанд. Бо Раҳабъом танҳо ду оила боқӣ монданд, ки онҳоро подшоҳии Яҳудо ё Яҳудиён меномиданд.
![Frame 18-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-08.jpg)
Даҳ насли дигар мардеро бо номи Ёробъом ба подшоҳӣ интихоб карданд. Ин даҳ қабила дар қисми шимолии кишвар зиндагӣ мекарданд. Онҳо, худро подшоҳии Исроил ном карданд.
![Frame 18-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-09.jpg)
Шоҳи Исроил, Ёробъом подшоҳи бад будааст. Ӯ ба Худо итоат намекард ва мардумро ба гуноҳ кардан вадор кард. Ёробъом барои халқи худ ду бут сохт ва мардум дигар ба Ерусалим, ки дар ҳудуди Яҳудо буд, нарафтанд ва дар маъбад ба Худо саҷда намекарданд.
![Frame 18-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-10.jpg)
Яҳудо ва Исроил душманӣ доштанд ва аксар вақт байни худ ҷанг мекарданд.
![Frame 18-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-11.jpg)
Дар подшоҳии нави Исроил, ҳама подшоҳон ҳокимони бад буданд. Бисёри онҳоро дигар исроилиёнро куштанд аз сабабе, ки инҳо мехостанд ба ҷои инҳо подшоҳи кунанд.
![Frame 18-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-12.jpg)
Ҳама подшоҳон ва аксари сокинони салтанати Исроил бутпарастӣ мекарданд. Бисер вақт ибодати онҳо бо фоҳишагӣ ва баъзан ҳатто қурбонии кӯдакон ба бутҳо ҳамроҳӣ мекард.
![Frame 18-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-18-13.jpg)
Подшоҳони Яҳудо аз насли Довуд буданд. Баъзе аз ин подшоҳон одамони хуб буданд, одилона ҳукмронӣ мекарданд ва ба Худо такя мекарданд. Аммо аксарияти подшоҳони Яҳудо ҳокими бад буданд ва ба бутҳоро парастиш мекарданд. Баъзе аз ин подшоҳон фарзандони худро ба худоёни дурӯғин қурбонӣ мекарданд. Аксарияти сокинони Яҳудо инчунин худоёни дигарро парастиш мекарданд ва ба ин восита бар зидди Худо исён мекарданд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби 3 юми Подшоҳон бобҳои 1-6: 11-12 гирифта шудааст_