Удалить '19.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:20 +00:00
parent d5ef7615ee
commit 10a01c68db
1 changed files with 0 additions and 75 deletions

75
19.md
View File

@ -1,75 +0,0 @@
# 19. Пайғамбарон
![Frame 19-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-01.jpg)
Худо борҳо ба исроилиён пайғамбар фиристодааст. Пайғамбарон каломи Худоро мешуниданд ва ба мардум мерасонданд.
![Frame 19-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-02.jpg)
Вақте ки Аҳъоб дар Исроил ҳукмронӣ мекард, Илёс -пайғамбар дар Исроил зиндагӣ мекард. Аҳъоб марди бад буд. Ӯ мардумро ташвиқ кард, ки ба худои козибе бо номи Баал ибодат кунанд. Илёс ба Аҳъоб гуфт: "Ҳамчун ҷазо барои парастиши бутҳо дар Исроил, борон ё шабнам нахоҳад буд, то даме ки ман фармон надиҳам ки бори дигар борон борад". Инро шунида Аҳъоб аз Илёс чунон хашмгин шуд, ки қарор қабул кард ки ӯро бикушад.
![Frame 19-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-03.jpg)
Сипас Худо ба Илёс гуфт, ки ба ҷои хилвате рафта, аз Аҳъоб пинҳон шавад. Илёс ба ҷӯйе рафт, ки Худо ӯро оварда буд. Ҳар рӯз, субҳу шом, зоғҳо ба Илёс нону гӯшт меоварданд. Он вақт Аҳъоб ва лашкари ӯ Илёсро меҷустанд, аммо ёфта наметавонистанд.
![Frame 19-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-04.jpg)
Дере нагузашта ҷӯй хушк шуд, зеро борон набуд. Сипас Илёс бо амри Худо ба кишвари ҳамсоя рафт. Дар он ҷо як бевазани камбағал бо писараш зиндагӣ мекард. ғизоҳои Онҳо қариб тамом мешуд, зеро дар кишвар ҳосил набуд. Аммо онҳо Илёсро нигоҳубин мекарданд ва Худо онҳоро бо ғизо таъмин кард: орд ва равған дар зарфҳо тамом намешуданд, то он даме ки Худо ба замин борон фиристод. Аз ин рӯ, нигоҳ накарда аз хушксолӣ ва гуруснагӣ дар кишвар, онҳо ҳамеша ғизо доштанд. Ин тақрибан се сол идома ёфт.
![Frame 19-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-05.jpg)
Инак, Худо ба Илёс хабар дод, ки боз борон меборад. Худо ба Илёс гуфт, ки ба Исроил баргардад ва ба Аҳъоб биравад. Илёс назди подшоҳ рафт. Ӯро дида, подшоҳ Аҳъоб гуфт: "Ин аст он касе, ки ба Исроил бало овард". Илёс ба вай ҷавоб дод: «Ту будӣ, ки ба Исроил мусибат овардӣ! ту Худованд Худои ҳақиқиро тарк карда, Баалро парастиш карди. Ҳамаи сокинони Исроил ва анбиёи худоёни козибро дар кӯҳи Кармил ҷамъ кун."
![Frame 19-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-06.jpg)
Аҳъоб чунин кард. Тамоми халқи Исроил дар кӯҳи Кармил ҷамъ омад. Одамоне низ омаданд, ки аз номи Баал сухан мегуфтанд. Инҳо пайғамбарони Баал буданд. Илёс ба мардум гуфт: "То ба кай шубҳа мекунед? Агар Худованд Худо бошад, Худоро ибодат кунед! Ва агар Баал худо бошад, Баалро ибодат кунед"!
![Frame 19-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-07.jpg)
Баъд аз ин, Илёс ба пайғамбарони Баал гуфт: "Барзаговро бикушед, пора -пора кунед ва ба қурбонгоҳ гузоред, аммо оташ нагузоред. Он гоҳ ман низ ҳамин тавр мекунам ва ҳайвонро ба қурбонгоҳи Худо мегузорам. Худое, ки ба қурбонгоҳ оташ мефиристад, Худои ҳақиқист". Пайғамбарони Баал қурбонӣ тайёр карданд, аммо оташ нагузоштанд.
![Frame 19-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-08.jpg)
Сипас онҳо ба худои худ дуо карданро сар карданд: "Эй Баал, моро бишнав!" Тамоми рӯз онҳо дуо гуфтанд, дод заданд ва ҳатто худро бо корд буриданд, аммо Баал ҷавоб надод ва оташ нафиристод.
![Frame 19-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-09.jpg)
Пайғамбарони Баал қариб тамоми рӯз ба ӯ дуо мегуфтанд. То бегоҳ онҳо дуоро бас карданд. Сипас Илёс ҷонварро барои қурбонгоҳи Худо гузошт. Ӯ ба мардум амр дод, ки аз дувоздаҳ зарфи калон ба қурбонӣ об рехта, то гӯшт, ҳезум ва ҳатто замини атрофи қурбонгоҳ пурра тар шавад.
![Frame 19-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-10.jpg)
Сипас Илёс дуо кард: "Эй Худованд, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб! Имрӯз ба мо нишон деҳ, ки Ту Худои Исроил ҳастӣ ва ман бандаи Ту ҳастам. Ба ман ҷавоб деҳ ва ба ин одамон хабар деҳ, ки Ту Худои ҳақиқӣ ҳастӣ".
![Frame 19-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-11.jpg)
Ҳамон соат аз осмон оташ фуруд омада гӯшт, ҳезум, сангҳо ва ҳатто обро дар атрофи қурбонгоҳ сузонд. Вақте, ки одамон инро диданд онҳо дар замин афтода ва дод заданд: "Худованд - Худои ҳақиқи аст! Худованд - Худои ҳақиқи аст!"
![Frame 19-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-12.jpg)
Пас аз ин Илёс гуфт: "Намонед, ки ягон пайғонбари Баал гурезад"! Мардум пайғонбарони Баалро қапида бурда куштанд.
![Frame 19-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-13.jpg)
Баъд Илёс ба шоҳ Аҳъоб гуфт: "Зуд ба хона баргард, зеро борон меборад". Дере нагузашта осмон сиёҳ шуд ва борони шадид сар шуд, зеро бо амри Худованд хушксолӣ хотима ёфт. Ин тасдиқи он буд, ки Ӯ Худои ҳақиқӣ аст.
![Frame 19-14](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-14.jpg)
Вақте, ки Илёс хизматашро дар замин ба охир расонд, Худо марде бо номи Элишоъ-ро пайғомбари худ интихоб кард. Худо ба воситаи Элишоъ бисёр мӯъҷизаҳо кард. Яке аз мӯъҷизаҳо бо Наамон фармондеҳи лашкари душман рӯй дод. Наамон касалии пӯсти табобатнашаванда дошт. Наамон дар бораи Элишоъ шунида, назди ӯ рафт ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро шифо диҳад. Аммо Элишоъ назди Наамон набаромад, балки ба воситаи хизматгори худ фаҳмонд, ки Наамон бояд Ҳафт маротиба ба дарёи Урдун ғутта занад.
![Frame 19-15](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-15.jpg)
Дар аввал Наамон хашмгин шуд ва намехост ин корро кунад, зеро Элишоъ ҳатто ба наздаш наомада буд. Аммо баъд ӯ фикрашро дигар кард, ба дарёи Ӯрдун рафт ва ҳафт маротиба ба об ғӯта зад. Вақте ки ӯ аз об баромад, Худо ӯро шифо дод.
![Frame 19-16](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-16.jpg)
Пас аз Элишоъ Худо бисёр пайғамбарони дигарро ба халқи Исроил равона кард. Ҳама ба одамон гуфтанд, ки парастиши бутҳоро бас кунанд ва бо одамони одилона ва меҳрубонона муносибат кунанд. Пағамбарон мардумро ҳушдор медоданд, ки агар бадкориро бас накунанд ва ба итоати Худо сар накунанд, Худованд онҳоро доварӣ мекунад ва барои гуноҳашон ҷазо медиҳад.
![Frame 19-17](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-17.jpg)
Аммо одамон аксар вақт ба Худо итоат намекарданд. Гоҳо одамон бо пайғамбарон муносибати бераҳмона мекарданд. Ҳамин тавр, яке аз пайғамбарон бо номи Ирмиё дар чоҳи хушк шинондандто ки вай дар он ҷо бисирад. Ӯ дар лой дар поёни чоҳ менишаст, то даме ки подшоҳ ба ӯ раҳм кард ва ба хизматгорон фармуд, ки бароарнд то даме ки ӯ зинда аст. Одамон аз пайғамбарони Худо нафрат доштанд ва ҳатто баъзеи онҳоро мекуштанд.
![Frame 19-18](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-19-18.jpg)
Нигоҳ накарда ба нафратӣ одамон пайғамбарон расонданӣ сухарни Худоро ба одамон давом медоданд. Онҳо одамонро огоҳ мекарданд, ки агар онҳо тавба накунанд Худо онҳоро нобуд мекунад ва одамонро ба итоатеорӣ ба Худо даъват мекарданд. Пайғамбарон инчунин ба одамон хотиррасон мекарданд, ки Худо ваъда додааст, ки ба онҳо Масеҳро мефиристад.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби 3 юми Подшоҳон бобҳои 16-18: 4 уми Подшоҳон 5: Ирмиё 38 гирифта шудааст_