Удалить '48.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:27:42 +00:00
parent b9666ac758
commit 1218a30518
1 changed files with 0 additions and 59 deletions

59
48.md
View File

@ -1,59 +0,0 @@
# 48. Исо - ин Масеҳи ваъдашуда аст
![Frame 48-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-01.jpg)
Вақте ки Худо ҷаҳонро офарид, ҳама чиз комил буд. Гуноҳе набуд. Одаму Ҳавво Худоро дӯст медоштанд ва якдигарро дӯст медоштанд. Дар рӯи замин ягон беморӣ ва марг вуҷуд надошт. Худо мехост ки дунё чунин офарида шавад.
![Frame 48-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-02.jpg)
Аммо Шайтон Ҳавворо фиреб дода, бо вай ба воситаи мор ҳамсӯҳбат шуд ва Одаму Ҳавво бар зидди Худо гуноҳ карданд. Азбаски онҳо гуноҳ карданд, дар рӯи замин марг пайдо шуд ва ҳоло одамон мемиранд.
![Frame 48-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-03.jpg)
Аз сабаби ин гуноҳ Одаму Ҳавво душмани Худо шуданд ва нахостанд ба иродаи Ӯ итоат кунанд. Аз он вақт инҷониб, ҳар як инсон ҳамчун насли Одаму Ҳавво гунаҳкор таваллуд мешавад. Ӯ ба Худо ва иродаи Ӯ мухолиф аст. Сулҳ байни одамон ва Худо аз байн рафт. Аммо Худо ҳамеша мехост муносибатеро, ки бо одамон аз аввал дошт, барқарор кунад.
![Frame 48-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-04.jpg)
Худо ваъда дод, ки яке аз наслҳои Ҳавво сари шайтонро меҷикад ва шайтон пошнаи Ӯро захм мекунад. Ин маънои онро дошт, ки шайтон Масеҳро мекушад, аммо Худо Ӯро зинда мекунад. Ва Масеҳ абадан қудрати шайтонро нест хоҳад кард. Пас аз солҳои зиёд, Худо Масеҳи ваъдашударо ба мардум фиристод. Ин Масеҳ Исо буд.
![Frame 48-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-05.jpg)
Солҳои зиёд пеш аз таваллуди Исо Худо ба Нӯҳ амр дод, ки киштӣ созад, то оилаи Нӯҳ аз тӯфоне, ки Худо ба замин фиристоданӣ буд, наҷот ёбад. Худо мехост, ки одамони гунаҳкорро ҷазо диҳад ва бо оби тӯфон онҳоро нест кунад. Нӯҳ ба Худо имон овард ва киштӣ сохт. Танҳо Нӯҳ ва оилаи ӯ наҷот ёфтанд. Имрӯз низ чунин аст - ҳар як инсон сазовори марг аст, зеро ӯ гунаҳкор ва душмани Худо аст. Аммо Худо Исоро фиристод, то ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ имон оваранд наҷот диҳад.
![Frame 48-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-06.jpg)
Дар тӯли садсолаҳо коҳинон барои поксозии гуноҳҳо ба Худо қурбониҳо меоварданд. Овардани қурбониҳо ба одамон ёрдам медод, ки онҳо фаҳманд, ки гунаҳкор ҳастанд ва сазоворӣ ҷазои Худоянд. Аммо қурбониҳо одамонро аз гуноҳ якбора озод карда наметавонистанд. Исо кореро кард, ки коҳинон карда наметавонистанд. Ӯ ҷони Худро дод ва ягона қурбонӣ шуд, ки дар охир метавонад гуноҳи ҳар як шахсро аз байн барад. Исо ҷазоеро, ки мо бояд барои гуноҳҳои худ мегирифтем, ба дӯш гирифт. Аз ин рӯ, Исо Саркоҳини бузург аст.
![Frame 48-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-07.jpg)
Вақте, ки Иброҳим дар рӯи замин зиндагӣ мекард, Худо ба ӯ гуфт: "Ман ба воситаи ту ҳамаи халқҳои рӯи заминро баракат медиҳам". Исо аз насли Иброҳим буд. Ва имрӯз тавассути Иброҳим, Худо одамони тамоми миллатҳоро баракат медиҳад, вақте, ки онҳо ба Исо имон оваранд. Худо одамонро аз ҷазои гуноҳ наҷот медиҳад ва онҳоро насли руҳонии Иброҳим меҳисобад.
![Frame 48-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-08.jpg)
Боре Худо ба Иброҳим фармуд, ки писараш Исҳоқро ба қурбони биёрад. Аммо итоати Иброҳимро дида, Худо ба ӯ барраеро дод, ки ба ҷои Исҳоқ қурбони кунад. Ҳамаи мо сазовори марг барои гуноҳҳои худ ҳастем, аммо Худо Исоро ҳамчун қурбонӣ дод, то ба ҷои мо бимирад. Аз ҳамин сабаб мо Исоро Барраи Худо меномем.
![Frame 48-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-09.jpg)
Вақте, ки Худо ҷазои охиринро ба Миср фиристод, Ӯ ба ҳар як хонадони Исроил амр кард, ки барраро бикушанд. Ин ба исроилиён имконият дод, ки аз ҷазои барои Миср - марги писари нахустзода дар ҳар як оила роҳои ёбад. Баррае, ки ба қурбони меоварданд, набояд нуқсе надошта бошад. Ибриён бояд бо хуни барра паҳлуи дарҳои худро бимоланд. Вақте, ки Худо ин хунро дид, Ӯ аз назди ин хона гузашта ва ҷазо ба ин хона наомад. Ин воқеаро Худо Фисҳ номид.
![Frame 48-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-10.jpg)
Исо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст ва ягон гуноҳе надорад. Ӯ мисли Барраи Фисҳ аст, ки ҳангоми иди Фисҳ кушта шуд. Вақте одам ба Исо имон меоварад Хуни Исо пардохти гуноҳҳои ин одам мешавад ва Худо ӯро ҷазо намедиҳад. Гӯё Худо аз назди ҷазои ин одам мегузарад.
![Frame 48-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-11.jpg)
Худо бо исроилиён аҳд баст, зеро онҳо халқе буданд, ки Худо онҳоро барои Худ интихоб кард. Аммо Худо Аҳди Ҷадидро барои ҳамаи халқҳо дастрас намуд. Ҳоло ҳар касе, ки ба Аҳди Ҷадид ворид мешавад, ба халқи Худо ҳамроҳ мешавад. Ин бо сабаби ба Исо имон доштан рӯй медиҳад.
![Frame 48-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-12.jpg)
Мусо пайғамбари бузург буд, ки Каломи Худоро бо қудрати бузург мавъиза мекард. Аммо Исо бузургтарин аз ҳаммаи пайғамбарон аст. Ӯ Худо аст ва аз ин рӯ ҳама корҳое, ки Ӯ кард ва гуфт, аъмол ва суханони Худи Худо аст. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас Исо Каломи Худо номида шуда аст.
![Frame 48-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-13.jpg)
Худо ба подшоҳ Довуд ваъда дод, ки яке аз наслҳои ӯ бар халқи Худо то абад ҳукмронӣ хоҳад кард. Исо ҳамон насли Довуд аст. Ӯ Писари Худо ва Масеҳ аст, ки то абад подшихӣ хоҳад кард.
![Frame 48-14](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-48-14.jpg)
Довуд подшоҳи Исроил буд, аммо Исо Подшоҳи тамоми олам аст! Ӯ боз меояд ва дар подшоҳии Худ дар сулҳу адолат подшиҳӣ мекунад.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Ҳасти боби 1:3,6,14,22. Хуруҷ 12,20. Китоби дуюми Подшоҳон 7. Нома Павлус ба Ибриён 3:1-6, 4:14-5:10, 7:1-8:13, 9:11-10:18 ва Ваҳии Юҳанно боби 21 гирифта шудааст._