Удалить '47.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:27:44 +00:00
parent 1218a30518
commit 00fcc69039
1 changed files with 0 additions and 59 deletions

59
47.md
View File

@ -1,59 +0,0 @@
# 47. Павлус ва Сило дар шаҳри Филлипиён
![Frame 47-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-01.jpg)
Вақте ки Шоул дар Империяи Рум сайру гашт карда ва дар бораи Масеҳ мавъиза мекард, онҳо ӯро бо номи румӣ - "Павлус" номиданд. Боре Павлус ва дӯсташ Сило ба шаҳри Филиппӣ рафтанд, то таълимоти Исои Масеҳро дар он ҷо мавъиза кунанд. Онҳо аз шаҳр, ба ҷое дар соҳили дарё, ки имондорон барои дуо ҷамъ омада буданд, рафтанд. Дар байни онҳое, ки ҷамъ омада буданд, Лидия ном зане буд, ки бо матоъҳои гаронбаҳо тиҷорат мекард. Лидия Худоро дӯст медошт ва ба Ӯ саҷда мекард.
![Frame 47-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-02.jpg)
Худо дили Лидияро барои фаҳмидани маъвизаи Павлус кушод ва ӯ ба Исо имон овард. Павлус ва Сило Лидия ва оилаи ӯро таъмид доданд. Пас аз он вай ҳаввориёнро ба хонааш даъват кард ва ба онҳо пешниҳод кард, ки дар хонаи ӯ бимонанд. Онҳо розӣ шуданд.
![Frame 47-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-03.jpg)
Павлус ва Сило аксар вақт дар ҷои дуо бо одамон во мехӯрданд. Боре, вақте ки онҳо ба он ҷо мерафтанд, онҳо бо канизе вохӯрданд, ки рӯҳи нопок дошт ва ояндаи одамонро пешгӯӣ мекард. Бо ин пешгӯиҳо вай барои соҳибонаш даромади зиёде ба даст меовард.
![Frame 47-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-04.jpg)
Ҳар рӯз аз паи Павлус ва Сило каниз фарёд мезад: «Ин одамон бандагони Худои Таъоло мебошанд. Онҳо ба шумо роҳи наҷотро нишон медиҳанд"! Вай ҳар рӯз ин корро мекард ва Павлус аз он хаста шуд.
![Frame 47-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-05.jpg)
Як рӯз, вақте ки каниз боз фарёд зад, Павлус ба вай рӯ оварда, ба рӯҳи шайтон, ки дар вай буд, гуфт: "Ба номи Исо, аз вай берун шав"! Ва дарҳол аз канизро берун шуд.
![Frame 47-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-06.jpg)
Соҳибони ғулом хеле хашмгин шуданд. Онҳо фаҳмиданд, ки бе ин рӯҳи бад каниз онҳо ояндаро пешгӯӣ карда наметавонад. Ин маънои онро дошт, ки онҳо бидуни пешгӯии вай даромади худро аз даст медиҳанд.
![Frame 47-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-07.jpg)
Соҳибони каниз Павлус ва Силоро ба назди доварони Рум овардан ва онҳоро дар ошӯб дар шаҳр айбдор карданд. Ба ин айбдоркуниҳо гурӯҳи зиёди одамонро низ ҳамроҳ карданд. Доварон фармон доданд, ки ҳавориёнро бо калтак латукӯб карда, сипас ба зиндон партоянд.
![Frame 47-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-08.jpg)
Онҳо Павлус ва Силоро ба қисми зиндон андохтанд, ки дар он ҷо аксар посбонон буданд ва пойҳои онҳоро бо занҷир бастанд. Тақрибан нисфи шаб, Павлус ва Сило Худоро бо суруд парастиш мекарданд.
![Frame 47-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-09.jpg)
Ногаҳон заминҷумбии сахт сар шуд. Ҳамаи дарҳои зиндон васеъ кушода шуданд ва занҷирҳо аз маҳбусон афтоданд.
![Frame 47-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-10.jpg)
Посбони зиндон бедор шуд ва дид, ки дарҳои зиндон кушодааст. Ӯ фикр кард, ки ҳамаи маҳбусон гурехтанд ва тарсид, ки ӯро барои гурехтани маҳбусон ба қатл мерасонанд аз ҳамин сабаб ӯ қарор кард, ки худро ба қатл расонад. Павлус инро дида фарёд зад: "Ист! Ба худ осеб нарасон. Мо ҳама дар инҷо ҳастем".
![Frame 47-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-11.jpg)
Посбон аз тарс меларзид ва ба назди Павлус ва Сило омад ва онҳоро аз зиндон берун овард. Баъд пурсид: "Барои наҷот ёфтан, ман бояд чӣ кор кунам"? Павлус ҷавоб дод: "Ба Худованд Исо имон овар ва ту бо ҳамаи оилаат наҷот хоҳи ёфт". Посбон Павлус ва Силоро ба хонааш бурд ва захмҳои онҳоро шуст. Дар онҷо Павлус ба ҳама касоне, ки дар хона ҳузур доштанд дар бораи Исо нақл кард.
![Frame 47-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-12.jpg)
Посбони зиндон ва тамоми оилааш ба Исо имон оварданд ва Павлус онҳоро таъмид дод. Он гоҳ посбон Павлус ва Силоро сер кард ва ҳама дар хона хурсанд шуданд, ки ба Худо имон овардаанд. Ва Павлус ва Сило ба зиндон баргаштанд.
![Frame 47-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-13.jpg)
Рӯзи дигар, вақте фаҳмиданд, ки Павлус шаҳрванди Рум аст, доварон фармон доданд, ки Павлус ва Сило озод карда шаванд ва аз онҳо хоҳиш карднд, ки Филиппусро тарк кунанд. Павлус ва Сило ба назди Лидия ва дигар дӯстон меҳмон шуда, пас аз он шаҳрро тарк карданд. Таълимот дар бораи Исо паҳн шуд ва Калисо афзоиш меёфт.
![Frame 47-14](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-47-14.jpg)
Павлус ва дигар роҳбарони калисо ба бисёр шаҳрҳо сафар карда, дар бораи Исо мавъиза ва таълим медоданд. Онҳо ба калисоҳои гуногун номаҳои зиёде навиштанд, то имондоронро насиҳат ва рӯҳбаланд кунанд. Баъзе аз ин номаҳо ба китоби Муқаддас дохил шуданд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Аъмоли Ҳаввориён боби 16:11- 40 гирифта шудааст._