Viktor_tg_obs/content/32.md

6.4 KiB
Raw Blame History

32. Исо марди девона ва зани беморро шифо медиҳад

OBS Image

Исо ва шогирдонаш бо қаиқ ба маҳалли зисти мардуми Герасин рафтанд. Онҳо ба соҳил расида, аз қаиқ фуромаданд.

OBS Image

Дар он ҷо марде буд, ки девҳои бисёр дошт.

OBS Image

Вай чунон пурзӯр буд, ки касе ӯро ором карда наметавонист. Бисёр вақт одамон дастҳо ва пойҳои ӯро бо занҷир мебастанд, аммо ӯ онҳоро мешикаст.

OBS Image

Ин мард дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард. Вай шабу рӯз дод мезад, либос намепӯшид ва аксар вақт худро бо санг мебурид.

OBS Image

Вай ба назди Исо давида омад, ва ба зону афтод. Дев дар он мард бо овози баланд дод зад: "Исо, Писари Худои Таъоло аз ман чӣ мехоҳӣ? Илтимос маро азоб надеҳ"!

OBS Image

Исо ба дев рӯ оварда гуфт: "Аз ин мард берун шав"! Он гоҳ Исо аз дев пурсид: "Номи ту чист"? Вай ҷавоб дод: "Номи ман Лашкар аст, зеро мо бисёрем".

OBS Image

Девҳо аз Исо пурсиданд: "Илтимос моро аз ин ҷойҳо нафирист!" На он қадар дур дар теппа галаи хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо илтиҷо карданд: "Илтимос, моро ба ин хукҳо бифирист"! Исо ба онҳо иҷозат дод, ки ин корро кунанд.

OBS Image

Дар он рама тақрибан 2000 хук буд. Девҳо аз одам берун шуда, ба хукҳо даромаданд. Гала аз соҳил нишеб шуда ба кӯл ғалтид ва ғарқ шуд.

OBS Image

Вақте чӯпононе, ки хукҳоро мечаронданд ин воқеаро дида ба шаҳр давида рафтанд ва ҳама чизеро, ки Исо карда буд ба ҳама нақл карданд. Мардум аз шаҳр омаданд ва одамеро диданд, ки пеш девҳои бисёр дошт. Вай ором буд, дар тан либос дошт ва мисли як одами солим рафтор мекард.

OBS Image

Мардум сахт тарсиданд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки минтақаи онҳоро тарк кунад. Аз ин рӯ Исо ба қаиқ савор шуд ва он одаме, ки дар он девҳои зиёд буд, аз Исо иҷозат пурсид то бо Ӯ равад.

OBS Image

Аммо Исо дар ҷавоби вай гуфт: "Не, Ман мехоҳам, ки ту ба хонаат рафта ҳама чизро, ки Худо барои ту кардааст нақл кунӣ. Ба ҳама бигӯ, ки чӣ гуна Ӯ ба ту раҳм кард".

OBS Image

Ин одам рафта ҳама чизеро, ки Исо барои ӯ карда буд, нақл мекард. Ва ҳар касоне, ки ҳикояти ӯро мешуниданд хеле дар ҳайрат мемонданд.

OBS Image

Дар ин замон Исо ба соҳили дигари кӯл гузашт. Вақте ки ӯ ба он ҷо расид, мардуми зиёде дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд. Одамонон чунон зиёд буданд, ки гирду атрофи Ӯ хело танг шуд. Дар миёни мардум зане буд, ки 12 сол боз аз хунравӣ азоб мекашид. Вай тамоми дороияшро ба табибон сарф кард, то ӯро шифо диҳанд, аммо танҳо бадтар мешуду хубтар не.

OBS Image

Ӯ шунид, ки Исо мардуми бисёри беморро шифо медод ва фикр кард: "Бовар дорам, ки агар ман танҳо ба либоси Исо даст расонам, шифо хоҳам ёфт"! Барои ҳамин ӯ аз пушти Исо омада, либоси Ӯро ламс кард. Ҳамин ки вай ба Ӯ даст расонд, хунравиаш манъ шуд.

OBS Image

Худи ҳамон замон Исо ҳис кард, ки қувват аз Ӯ баромад. Ӯ баргашт ва пурсид: "Кӣ ба ман даст расонд?" Шогирдон дар ҷавоб гуфтанд: "Дар гирду атрофи Ту одамони зиёде ҷамъ омадаанд. Онҳо пайваста Туро ламс мекунанд. Чаро Ту мепурсӣ: "Кӣ ба Ман даст расонд"?

OBS Image

Он гоҳ зан пеши Исо ба зону афтод ва аз тарс меларзид ва ба ӯ нақл кард, ки чӣ кор кардааст ва чӣ тавр шифо ёфтааст. Исо ба вай ҷавоб дод: "Имонат туро шифо бахшид. Ба осоиштагӣ бирав".

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 8:28-34 9.20-22 ва Инҷили Марқус боби 5:1-20: 5;24б-34 ва Инҷили Луқо боби 8:26-39 8;42б-48 гирифта шудааст