Viktor_tg_obs/content/16.md

12 KiB
Raw Blame History

16. Доварон

OBS Image

Пас аз марги Еҳушаъ ибни Нун, исроилиён итоати Худоро бас карданд ва қонунҳои Худоро риоя накарданд. Исроилиён халқҳои боқимондаро аз Қанъон пеш накарданд ва ба ҷои Яҳува, Худои ҳақиқӣ, ба худоёни қанъонӣ ибодат карданро сар карданд. Исроилиён подшоҳ надоштанд ва аз ин рӯ ҳар кас он чизеро, ки барои худ дуруст меҳисобид, мекард.

OBS Image

Вақте ки исроилиён якчанд сол ба Худо итоат накарданд, Ӯ онҳоро ҷазо дод ва онҳоро ба душманони худ, халқҳои ҳамсоя супурд. Душманон исроилиёнро мағлуб карданд, моликияти онҳоро ғорат ва хароб карданд ва бисёре аз онҳоро куштанд. Ниҳоят, пас аз солҳои зулм исроилиён тавба карданд ва аз Худо хоҳиш карданд, ки онҳоро аз душманонашон озод кунад. Ин борҳо такрор шуда буд.

OBS Image

Ҳар дафъае ки исроилиён тавба мекарданд, Худо онҳоро наҷот медод. Ӯ ба онҳо довар дод, ки ба душманони онҳо муқобилат мекард ва мардумро озод мекард. Сипас дар кишвар сулҳ ҳукмфармо шуд ва довар ба мардум одилона ҳукмронӣ кард. Худо барои кӯмак ба исроилиён бисёр доварони гуногунро фиристод. Яке аз ин доваронро Худо пас аз он фиристод, ки ба мидёниёни ба миллати ҳамсоя душманӣ карда, исроилиёнро мағлуб кард.

OBS Image

Дар давоми ҳафт сол, мидёниён тамоми ҳосилро аз исроилиён гирифтанд. Исроилиён бо тарси доимӣ зиндагӣ мекарданд ва дар ғорҳо пинҳон мешуданд то мардуми Мидён онҳоро наёбанд. Ниҳоят, онҳо ба Худо рӯй оварданд ва ба Ӯ барои наҷот дуо гуфтанро сар карданд.

OBS Image

Дар он вақт исроилие буд, ки Ҷидъӯн ном дошт. Боре вақте, ки ӯ аз мидёниён пинҳон шуда, пинҳонӣ гандумро мекӯфт, фариштае аз ҷонибӣ Худованд назди ӯ омада гуфт: "Ҷанговари тавоно, Худо бо туст! Бирав ва Исроилро аз мидёниён наҷот деҳ".

OBS Image

Падари Ҷидъӯн қурбонгоҳ дошт, ки ба бут бахшида шуда буд. Худо ба Ҷидъӯн амр дод, ки ин қурбонгоҳро вайрон кунад ва барои Худо қурбонгоҳ бисозад. Аммо Ҷидъӯн аз одамон метарсид, бинобар ин то омадани шаб мунтазир шуд ва қурбонгоҳи бутро вайрон ва пора-пора кард. Дар ҷои қурбонгоҳи вайроншуда Ҷидъӯн барои Худо қурбонгоҳ сохт ва дар он қурбонӣ овард.

OBS Image

Вақте, ки саҳар мардум диданд, ки қурбонгоҳ вайрон шудааст, хеле хашмгин шуданд ва ба хонаи Ҷидъӯн рафтанд, то ӯро бикушанд. Аммо падари Ҷидъӯн гуфт: "Чаро шумо худои худро муҳофизат кардан мехоҳед? Агар ӯ худо бошад, бигзор худро муҳофизат кунад"! Ин суханонро шунида одамон қарор карданд, ки Ҷидъӯнро накушанд.

OBS Image

Дере нагузашта мидёниён боз барои ғорат карданӣ исроилиён омаданд. Мидёниён он қадар зиёд буданд, ки шуморидан ғайриимкон буд. Ҷидъӯн исроилиёнро барои мубориза бо душманон даъват кард. Вай аз Худо ду аломат пурсид, то боварӣ пайдо кунад, ки Худо ӯро барои наҷот додани Исроил аз Мидёниён даъват кардааст.

OBS Image

Барои аломати якум Ҷидъӯн пашми гӯсфандро ба замин гузошт ва аз Худо пурсид, ки субҳ шабнам танҳо дар болои ин пашм бошад ва замин хушк монад. Худо инро кард. Шаби дигар Ҷидъӯн хоҳиш кард, ки замин намнок ва пашм хушк бошад. Худо чунин низ кард. Ин ду аломат Ҷидъӯнро бовар кунонд, ки Худо ӯро дар ҳақиқат барои наҷот додани Исроил аз мидёниён даъват карда аст.

OBS Image

Баъд Ҷидъӯн лашкаронро ба наздаш даъват кард ва 32 ҳазор нафар лашкар ба наздаш омаданд. Аммо Худо ба ӯ гуфт, ки ин аз ҳад зиёд аст. Сипас Ҷидъӯн 22 ҳазор нафарро, ки аз ҷанг метарсиданд ба хонаҳояшон фиристод. Худо ба Ҷидъӯн гуфт, ки ӯ ҳоло ҳам одамони зиёд дорад. Баъд Ҷидъӯн 300 лашкарро, ки Худо ба онҳо ишора карда буд, интихоб кард ва боқимондаро ба хонаҳояшон фиристод.

OBS Image

Он шаб Худо ба Ҷидъӯн гуфт: "Ба қароргоҳи мидён рафта гӯш кун, ки дар бораи чӣ онҳо гап мезананд. Вақте, ки ту суханони онҳоро мешунавӣ дигар аз ҳамла кардан ба онҳо наметарсӣ". Шабона Ҷидъӯн ба қароргоҳ фуруд омад ва шунид, ки як ҷанговари мидёни хоберо нақл мекунад, ки дар он нони ҷавии гирд дар қароргоҳи мидён ғелида хаймаро вайрон кардааст. Ҷанговари дуюм гуфт: "Ин хоб маънои онро дорад, ки лашкарони Ҷидъӯн лашкарони мидёниёнро мағлуб хоҳад кард!" Ҷидъӯн инро шунида ба Худо саҷда кард.

OBS Image

Сипас Ҷидъӯн ба назди лашкаронаш омад ва гуфт, ки Худо мидёниёнро ба дасти онҳо медиҳад. Пас аз он Ҷидъӯн ба ҳар яки онҳо шох, кӯза ва машъал дод. Онҳо рафта қароргоҳеро, ки дар он мидёниён хобида буданд, иҳота карданд. Сесад ҷанговарони Ҷидъӯн машъалҳои фурузони худро дар даруни кӯзаҳо нигоҳ медоштанд то ки мидёниҳо нури онҳоро набинанд.

OBS Image

Он гоҳ ҳама ҷанговарони Ҷидъӯн дар як вақт кузаҳоро шикастанд - ва ногаҳон ҳамаи гирду атрофро оташи машъалҳо фурузон кард. Ҷанговарон карнай навохта фарёд заданд: ""Шамшери Яҳува ва Ҷидъӯн!"

OBS Image

Худо мидёниёнро ба иштибоҳ овард, бинобар ин онҳо ба ҳамла кардан ва куштани якдигар сар карданд. Ҷидъӯн фавран хабаррасонро фиристод, то шумораи ҳарчи бештари исроилиёнро даъват кунад, то омада бар таъқиби мидёниён кумак кунанд. Исроилиён бисёрии онҳоро куштанд ва боқимондаашонро аз сарзамини худ пеш карданд. Дар он рӯз яксаду бист ҳазор мидёниён кушта шуданд ва Худо Исроилро наҷот дод!

OBS Image

Мардум мехост Ҷидъӯнро шоҳи худ кунад. Аммо Ҷидъӯн розӣ нашуд ва баръакс аз онҳо ангуштаринҳои тиллоро, ки аз мидёниён гирифта буданд талаб кард. Мардум ба Ҷидъӯн тиллои зиёде пешниҳод кард.

OBS Image

Аз ин тилло Ҷидъӯн либоси махсусе ба мисли либоси саркоҳин омода кард ва онро дар зодгоҳи худ гузошт. Аммо мардум ба ин либос ҳамчун бут ба бутпарастӣ сар карданд. Вақте ки Ҷидъӯн пир шуда мурд, исроилиён боз ба бутҳо парастиш карданд. Барои ин Худо Исроилро ҷазо дод ва ба душманони онҳо иҷозат дод, ки онҳоро мағлуб кунанд. Ниҳоят, исроилиён боз аз Худо кӯмак хостанд ва Худо ба онҳо довари дигарро равон кард.

OBS Image

Ин чанд маротиба такрор шудан гирифт: исроилиён гуноҳ карданд - Худо онҳоро ҷазо дод, тавба карданд - ва Худо ба онҳо доваре фиристод, ки онҳоро наҷот медод. Дар тӯли чанд солҳо Худо ба исроилиён доварони гуногун, ки аз душманон наҷот медоданд равон мекард .

OBS Image

Дар охир, исроилиён мисли дигар халқҳо аз Худо подшоҳ талаб карданд. Онҳо мехостанд подшоҳе дошта бошанд, ки онҳоро ба ҷанг барад. Гарчанде, ки ин хоҳиши мардум ба Худо писанд наомад, Ӯ ба ҳар ҳол подшоҳеро дод, ки онҳо талаб карданд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Доварон бобҳои 1-3: 6-8 гирифта шудааст