Viktor_tg_obs/content/06.md

3.2 KiB
Raw Blame History

6. Худованд ба Исҳоқ ғамхорӣ мекунад

OBS Image

Вақт мегузашт. Иброҳим хело пир шуд, ва писари ӯ Исҳоқ ҷавонмард шуд. Рӯзе Иброҳим яке аз хизматгори худро ба замине, ки хешу таборонаш зиндагӣ мекарданд фиристод то ин, ки вай ба Исҳоқ зане биёбад.

OBS Image

Хизматгор роҳи бисёре тай кард, то ба замини хешовандони Иброҳим расад ва вақте, ки расид Худо ӯро ба назди Ривқо овард. Ӯ набераи бародари Иброҳим буд.

OBS Image

Ривқо розӣ шуд, ки оилаи худро тарк карда, бо хизматгор ба назди Исҳоқ биравад. Вақте, ки ӯ расид, Исҳоқ даррав ӯро ба занӣ гирифт.

OBS Image

Аз байн бисёр вақт гузашт. Иброҳим вафот кард ва Худо писари Иброҳим Исҳоқро мувофиқи аҳде, ки бо Иброҳим баста буд, баракат дод. Дар ин аҳд Худо ваъда дод, ки насли Иброҳим бешумор мешавад. Аммо Ривқо зани Исҳоқ наметавонист фарзанддор шавад.

OBS Image

Исҳоқ барои Ривқо дуо кард ва Худо ӯро баракат дод, ки вай бо дугоник ҳомиладор шавад. Ду тифле, ки ҳанӯз дар шиками модар буданд бо якдигар мубориза мебурданд. Он гоҳ Ривқо аз Худо пурсид, ки чӣ рӯй дода истодааст.

OBS Image

Худо ба Ривқо ҷавоб дод: "Ту ду писар таваллуд мекунӣ. Аз насли онҳо ду халқи гуногун пайдо мешаванд. Ин халқҳо бо якдигар мубориза мебаранд. Аммо халқе, ки аз писари калонӣ пайдо мешаванд онҳо бояд ба халқе, ки аз писари хурдӣ пайдо мешавад итоат кунанд".

OBS Image

Замоне, вақти таввалуд омад Ривқо дугоник таваллуд кард. Писари калонӣ зардина таваллуд шуда бо муй пӯшонида шуда буд. Ба ӯ Эсов ном гузоштанд. Ва писари хурдӣ ҳамон замон, пас аз Эсов пошнаи ӯро дошта тавваллуд шуд. Ба ӯ Яқуб ном гузоштанд.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Ҳастӣ боби 24:1-25:26 гирифта шудааст