4.5 KiB
34. Исо ба одамон бо нақл кардани масалҳои гуногун таълим медиҳад
Исо дар бораи Подшоҳии Худо бисёр ҳикояҳои гуногун нақл кард. Масалан, Ӯ гуфт: "Подшоҳии Худо ба тухми хардале монанд аст, ки одамизод дар замини худ коштааст. Шумо медонед, ки тухми хардал аз ҳама тухмиҳо хурдтарин аст.
Аммо вақте ки тухми хардал мерӯяд, вай аз ҳама буттаҳо баландтар мешавад ва ба дарахти бузурге мубаддал мешавад, ки ҳатто паррандагон омада дар шохаҳои он лона месозанд".
Исо як ҳикояи дигарро нақл кард: "Подшоҳии Худо ба хамиртуруш монанд аст, ки зан онро ба хамир меандозад ва хамиртуруш тамоми хамирро боло мебарад.
Инчунин Подшоҳии Худо ба ганҷе монанд аст, ки дар саҳро пинҳон шуда буд. Як нафар ин ганҷро ёфт ва ӯ мехост онро барои худ бигирад. Пас ӯро боз гӯр кард, то касе наёбад. Ва он гоҳ, ки аз дарёфти он чиз шод шуда рафт, ҳама дороияшро, ки дошт, фурӯхт ва киштзорро, ки ганҷ пинҳон шуда буд харид.
Инчунин, Подшоҳии Худо ба тоҷире монанд аст, ки марвориди бе нуқсро мекофт. Вақте, ки вай як марвориди қиматбаҳо ёфт, рафта ҳама дороияшро, ки дошт, фурӯхт ва ӯро харид".
Дар байни одамоне, ки аз паси Исо мерафтанд, одамоне буданд, ки ба адолати худ боварӣ доштанд, зеро онҳо корҳои нек мекарданд. Ин одамон ба онҳое, ки корҳои нек намекардаанд, бо чашми бад менигаристанд. Исо ба онҳо чунин ҳикояро гуфт: "Ду нафар барои ибодат ба маъбад омаданд. Яке аз онҳо боҷгир ва дигаре фарисӣ буд.
Фарисӣ чунин дуо мегуфт: "Худоё шукр мегуям Туро барои он, ки ман гуноҳкор нестам мисли дигар одамон: ғоратгарон, фиребгарон, хиёнатгарон ё мисли ин боҷгир.
Ман дар як ҳафта ду маротиба рӯза мегирам, ва ба Ту даҳяки тамоми пул ва даромади худамро медиҳам.
Ва боҷгир дуртар аз фарисӣ истода буд. Ӯ ҳатто ҷуръат накард, ки чашмонашро ба осмон боло кунад, балки бо мушти худ худро ба кундаи сина зада, дуо кард: "Худо илтимос бубахш маро чун ки ман гуноҳкор ҳастам".
Исо гуфт: "Ба ту мегӯям, ки Худо боҷгирро одил меҳисобад, на фарисиро. Зеро ҳар кӣ худро аз дигарон боло гузорад, хор мешавад ва ҳар кӣ худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад".
Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Матто боби 13:31-33 44-46 ва Инҷили Марқус боби 4:30-32: ва Инҷили Луқо боби 13:18-21 18:9-14 гирифта шудааст