Viktor_tg_obs/content/09.md

6.9 KiB
Raw Permalink Blame History

9. Худо Мӯсоро даъват мекунад

OBS Image

Баъди марги Юсуф ҳамаи хешу таборони ӯ дар Миср мондан. Онҳо бо наслҳояшон  дар он ҷо бисёр солҳо зиндагӣ мекарданд ва онҳо фарзандони бисёр доштанд. Онҳоро исроилиён меномиданд.

OBS Image

Садсолаҳо гузаштанд. Шумораи исроилиён хело ҳам зиёд шуд. Мисриҳо Юсуфро ва ҳар он чизе, ки ӯ барои онҳо карда буд аз ёди худ бароварда буданд. Исроилиён ҳамон қадар зиёд шуданд, ки мисриён аз онҳо  тарсиданро сар карданд. Ва фиръавн,  ки дар он вақт ҳукмрони Миср буд исроилиёнро ғулом кард.

OBS Image

Мисриён исроилиёнро маҷбур мекарданд, ки бисёр биноҳо ва ҳатто шаҳрҳои калон бисозанд. Ҳаёти исроилиён  бо сабаби кори вазнин пур аз азоб буд. Аммо Худо онҳоро баракат медод ва аз онҳо боз ҳам бисёртар фарзанд таваллуд мешуд.

OBS Image

Фиръавн дид, ки аз исроилиён фарзандони бисёр таваллуд мешавад, ва ӯ ба халқи худ фармон дод, ки ҳамаи писарбачагони нав таваллуд шудаи исроислиёнро ба дарёи Нил партофта ба қатл расонанд.

OBS Image

Он замон аз як зани исроилӣ писар таваллуд шуд ва ӯ кӯдакро муддати дароз пинҳон мекард.

OBS Image

Вақте пинҳон кардани писар ғайриимкон шуд, модараш ӯро ба сабад андохт ва дар қамишзорони дарёи Нил гузошт, то ӯро аз марг наҷот диҳад. Апаи калонии кӯдак бошад нигоҳ мекард, ки бо ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.

OBS Image

Дар ин вақт, духтари фиръавн барои оббозӣ ба назди Нил омад. Вай сабадро дида ба дарунаш нигарист. Кӯдакро дида, ба ӯ раҳмаш омад. Апаи калонии кӯдак, ки дар он ҷо буд, ба духтари фиръавн пешниҳод кард, ки дояи исроилиро ба кор қабул кунад. Ва духтари фиръавн занеро ба ҳайси доя ба кор гирифт, аммо намедонист, ки вай модари худи кӯдак аст. Вақте, ки кӯдак калон шуд ва дигар ба шири сина эҳтиёҷ надошт, модар ӯро ба назди духтари фиръавн баргардонд ва духтари фиръавн ӯро ба фарзандӣ қабул кард ва ба ӯ Мӯсо ном гузошт.

OBS Image

Мӯсо калон шуд. Рӯзе ӯ дид, ки мисрие ғуломи исроилиро мезад. Мӯсо кӯшиш кард мардеро, ки аз қавми вай буд наҷот диҳад, .

OBS Image

Мӯсо дид, ки дар атроф касе нест, мисриро кушт ва ҷасади ӯро дар қум гӯр кард. Аммо ин ҳодиса махфи намонд.

OBS Image

Дар бораи ин амали Мӯсо худи фиръавн шунид. Ӯ фармон дод, ки Мӯсоро бикушанд, аммо ӯ аз Миср ба биёбон гурехт. Аскарони фиръавн ӯро дар он ҷо ёфта натавонистанд.

OBS Image

Дар биёбон дуртар аз Миср, Мӯсо чӯпон шуд. Ӯ бо зане, ки аз он маҳал буд оиладор шуд ва онҳо соҳиби ду писар шуданд.

OBS Image

Мӯсо гӯсфандони хусурашро бонӣ мекард. Рӯзе буттаи сӯхтаро дид. Бутта дар оташ буд лекин намесӯхт. Мӯсо наздиктар омад, то хубтар бубинад. Вақте, ки ӯ ба буттаи сӯхтаистода наздик шуд, Худо ба ӯ гуфт: "Мӯсо, пойафзоли худро бикаш, зеро ки ту дар замини муқаддас истодаӣ".

OBS Image

Баъд Худо гуфт: "Ман азоби қавми Худро дидам. Ман туро назди фиръавн мефиристам, то исроилиёнро аз Миср, ки то ҳол дар ғуломӣ ҳастанд, озод кунӣ. Ман ба онҳо замини Қанъонро медиҳам, замине ки ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яқуб ваъда додаам".

OBS Image

Мӯсо пурсид: «Агар одамон фаҳмиданд хоҳанд, ки Кӣ маро фиристод? Ман ба онҳо чӣ гӯям"? Худо ҷавоб дод: "МАН ОН, КИ ҲАСТАМ" Ба онҳо бигӯ: "ОНЕ КИ ҲАСТ маро назди шумо фиристод". Инчунин ба онҳо бигӯй: "Ман Яҳува ҳастам Худои гузаштагонӣ шумо - Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб. Ин номи абадии Ман аст".

OBS Image

Мӯсо тарсид ва намехост ба назди Фиръавн равад, зеро гумон мекард, ки хуб гап зада наметавонад. Барои ҳамин Худо ба Мӯсо бародараш Ҳорунро ба ёрӣ фиристод.

Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Хуруҷ боби 1-4 гирифта шудааст