1 line
1002 B
Plaintext
1 line
1002 B
Plaintext
Исо гуфт, ки одамоне хоҳанд буд, ки Ӯро қабул хоҳанд кард ва Худо онҳоро наҷот хоҳад дод. Аммо одамоне пайдо мешаванд, ки Ӯро қабул намекунанд. Исо гуфт, ки баъзе одамон мисли замини хубанд. Каломи Худо ба монанди тухми ба ин замин меафтад ва он сабзида мебарояд. Чунин одамон Исоро қабул мекунанд ва Худо онҳоро наҷот медиҳад. Аммо одамони дигар ба замини сахт, ки дар наздикии роҳ аст, монанданд. Каломи Худо, ба монанди тухми, ба ин замин меафтад, аммо сабзида наметавонад. Чунин одамон Исоро рад мекунанд. Онҳо ба Подшоҳии Ӯ ворид шуданро рад мекунанд. |