tg_ol_tg_obs_text_L3/46/01.txt

1 line
896 B
Plaintext
Raw Permalink Blame History

This file contains ambiguous Unicode characters

This file contains Unicode characters that might be confused with other characters. If you think that this is intentional, you can safely ignore this warning. Use the Escape button to reveal them.

Дар он вақт шахсе бо номи Шоул зиндагӣ мекард. Вай ба таълимот дар бораи Исо муқобил буд. Шоул дар ҷое ки ба Истефанус санг партофта буданд, ҳузур дошт ва либоси одамоне, ки ӯро куштанд, посбонӣ мекард. Он гоҳ Шоул ба таъқиб кардани имондорон шурӯъ кард. Ӯ хона ба хона дар Ерусалим гашта, мардону занонро дастгир карда ба зиндонҳо мепартофт. Боре Шоул назди саркоҳин рафт ва ба куништҳои Димишқ нома пурсид, то дар он ҷо ҳақ дошта бошад, ки пайравони Исоро дастгир кунад ва ба Ерусалим фиристад.