1 line
699 B
Plaintext
1 line
699 B
Plaintext
Вақте, ки шогирдон дар ин бора сухан меронданд, ногаҳон Исо дар ҳуҷра пайдо шуд. Ӯ ба онҳо гуфт: "Салом бар шумо"! Шогирдон гумон карданд, ки ин арвоҳ аст, аммо Исо гуфт: "Чаро метарсед? Чаро бовар намекунед, ки ин Ман ҳастам? Ба дастҳо ва пойҳои Ман нигоҳ кунед. Оё арвоҳо бадан доранд"? Ва барои исбот кардани он, ки Ӯ арвоҳ нест, Исо аз онҳо хӯрок хост. Онҳо ба Ӯ як пора моҳӣ доданд ва Ӯ хӯрд. |