1 line
518 B
Plaintext
1 line
518 B
Plaintext
Дар он вақт Лаъзор ном шахсе буд. Вай ду хоҳар дошт - Марям ва Марто. Лаъзор, Марто ва Марям дӯстони наздики Исо буданд. Як рӯз ба Исо гуфтанд, ки Лаъзор сахт бемор аст. Исо инро шунида гуфт: "Ин беморӣ бо марги Лаъзор ба охир намерасад. Аммо ба шарофати вай, одамон Худоро ҷалол хоҳанд дод". |