1 line
635 B
Plaintext
1 line
635 B
Plaintext
Падари Ҷидъӯн қурбонгоҳ дошт, ки ба бут бахшида шуда буд. Худо ба Ҷидъӯн амр дод, ки ин қурбонгоҳро вайрон кунад ва барои Худо қурбонгоҳ бисозад. Аммо Ҷидъӯн аз одамон метарсид, бинобар ин то омадани шаб мунтазир шуд ва қурбонгоҳи бутро вайрон ва пора-пора кард. Дар ҷои қурбонгоҳи вайроншуда Ҷидъӯн барои Худо қурбонгоҳ сохт ва дар он қурбонӣ овард. |