tg_ol_tg_obs_text_L3/15/01.txt

1 line
947 B
Plaintext
Raw Permalink Blame History

This file contains ambiguous Unicode characters

This file contains Unicode characters that might be confused with other characters. If you think that this is intentional, you can safely ignore this warning. Use the Escape button to reveal them.

Инак вакте расид, ки исроилиён ба Замини Ваъдашудаи Худо - Қанъон ворид шаванд. Дар он сарзамин шаҳре буд, ки Ериҳӯ ном дошт. Онро деворҳои мустаҳкам муҳофизат мекард. Еҳушаъ ибни Нун ду ҷосусро ба Ериҳӯ фиристод. Дар он шаҳр фоҳишае бо номи Раҳоб буд. Вай ҷосусонро дар хонаи худ пинҳон кард ва баъдтар ба онҳо кӯмак кард, ки аз шаҳр фирор кунанд. Вай ин корро аз он сабаб кард, ки ба қудрати Худои исроилиён бовар дошт. ҷосусон ваъда доданд, ки вақте исроилиён Ериҳуро нест карданд, Раҳоб ва оилаи ӯро муҳофизат хоҳанд кард.