1 line
826 B
Plaintext
1 line
826 B
Plaintext
Худо барои Худ Ҳорун, бародари Мӯсо ва наслҳои ӯро коҳин интихоб кард. Халқ бояд қурбонгоҳе дар назди Хаймаи Ҷамъомад месохт. Ҳар шахсе, ки қонунҳои Худоро вайрон мекард, бояд ба назди ин қурбонгоҳ ҳайвонеро биёрад. Ба коҳин лозим буд, ки ҳайвонро бикушад ва онро дар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонӣ барои Худо сӯзонад. Худо гуфт, ки хуни ин ҳайвон гуноҳи инсонро мепӯшонад ва аз ин рӯ Ӯ ин гуноҳро нахоҳад дид. Тавассути қурбонӣ одам дар назди Худо пок мегардад. |