1 line
599 B
Plaintext
1 line
599 B
Plaintext
Имондорон бисёр вақт якҷоя ҷамъ мешуданд. Онҳо пайваста таълимоти ҳаввориёнро гӯш мекарданд, дуо мегуфтанд ва Худоро ҳамду сано мехонданд. Онҳо якҷоя хӯрок мехӯрданд ва ҳама чизи доштаашонро ба ҳамдигар тақсим мекарданд. Одамини гирду атроф дар бораи онҳо фикри хуб доштанд. Ва ҳар рӯз шумораи бештари одамон имондор мешуданд. |