tg_ol_tg_obs_text_L1/50/03.txt

2 lines
906 B
Plaintext
Raw Blame History

This file contains ambiguous Unicode characters

This file contains Unicode characters that might be confused with other characters. If you think that this is intentional, you can safely ignore this warning. Use the Escape button to reveal them.

Бисёр халқҳо то ҳол дар бораи Исо чизе нашунидаанд ва аз ин рӯ, пеш аз ба осмон баргаштанаш Исо ба шогирдонаш амр
кардааст, ки ба одамоне, ки ҳеҷ гоҳ Ӯро нашунидаанд, башорат диҳанд. Ӯ гуфт: "Биравед ва ба ҳамаи халқҳо кумак кунед, то шогирди Ман шаванд!" Вай инчунин гуфт: «Киштзорҳо барои ҳосил пухта расидаанд. Хосил фаровон аст, аммо коргарон каманд. Аз ин рӯ, аз Худо хоҳиш кунед, ки коргаронро ба ин дарав фиристад". Ин маънои онро дорад, ки бояд шогирдон бештар бошанд, ки Хабари Хушро паҳн кунанд.