1 line
613 B
Plaintext
1 line
613 B
Plaintext
Дар замонҳои пеш Худо бо пайғамбарони худ сухан мегуфт, то каломи Ӯро ба мардум расонад. Аммо баъд 400 соли хомӯшӣ фаро расид, ки дар давоми он Ӯ ба одамон чизе нагуфт. Ва он гоҳ рӯзе Худо фариштаеро назди коҳин бо номи Закарё фиристод. Закарё ва занаш Элисобаъ Худоро ҷалол доданд. Ҳардуи онҳо аллакай пиронсол буданд ва фарзанд надоштанд. |