1 line
939 B
Plaintext
1 line
939 B
Plaintext
Худо ба Ирмиё пайғамбар гуфт, ки бо одамон аҳди нав хоҳад баст. Баръакси Аҳди Қадим, ки Худо бо Исроил дар кӯҳи Сино бастааст, дар Аҳди Ҷадид одамон метавонанд Худоро шахсан шиносанд. Худо гуфт, ки қонунҳои Худро ба асли одамон ворид мекунад ва ин қонунҳоро дар дилҳои онҳо менависад. Ҳар як чунин шахс Худоро дӯст медорад ва мехоҳад қонунҳои Ӯро риоя кунад. Ӯ Худои онҳо хоҳад буд ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд, зеро Худо гуноҳҳои одамонро мебахшад ва дигар онҳоро ба ёд намеорад. Масеҳ ин аҳди навро бо одамон хоҳад баст. |