diff --git a/12/05.txt b/12/05.txt new file mode 100644 index 0000000..a20bfa5 --- /dev/null +++ b/12/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Мӯсо ба исроилиён ҷавоб дод: "Натарсед! Имрӯз Худо барои шумо ҷанг хоҳад кард ва шуморо наҷот хоҳад дод". Баъд аз ин Худо ба Мӯсо гуфт: "Ба мардум амр кун, ки ба Баҳри Сурх раванд!" \ No newline at end of file diff --git a/12/06.txt b/12/06.txt new file mode 100644 index 0000000..39ad23b --- /dev/null +++ b/12/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Дар он лаҳза, сутуни абр, ки исроилиёнро роҳнамои мекард, ҳаракат карда дар байни онҳо ва мисриён истод. Шабона ин сутун оташ мегирифт ва мисриён тамоми шаб наметавонистанд ба исроилиён наздик шаванд. \ No newline at end of file diff --git a/12/07.txt b/12/07.txt new file mode 100644 index 0000000..bdb1680 --- /dev/null +++ b/12/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Худо ба Мӯсо фармуд, ки дасташро дар болои баҳр бардорад. Мӯсо дасташро боло кард ва Худо шамоле овард, ки оби баҳрро ба тарафи чапу рост ҷудо мекард, то ки роҳ дар мобайни баҳр пайдо шавад. \ No newline at end of file diff --git a/12/08.txt b/12/08.txt new file mode 100644 index 0000000..1fff372 --- /dev/null +++ b/12/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Исроилиён аз байни баҳр ба болои замини хушк мегузаштанд ва деворҳои об дар ду тарафи онҳо меистод. \ No newline at end of file diff --git a/13/05.txt b/13/05.txt new file mode 100644 index 0000000..33ea4db --- /dev/null +++ b/13/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +"Бутҳоро насозед ва онҳоро парастиш накунед, зеро ки ман, Худованд, бояд Худои ягонаи шумо бошам. Номи Маро беҳурматона ба забон наоред. Дар хотир доред, ки рӯзи шанбе - рӯзи муқаддас аст. Яъне, тамоми корҳои худро дар давоми шаш рӯз анҷом диҳед ва рӯзи ҳафтум, шанбе, истироҳат кунед ва дар бораи Ман мулоҳиза кунед". \ No newline at end of file diff --git a/13/06.txt b/13/06.txt new file mode 100644 index 0000000..f350ed6 --- /dev/null +++ b/13/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +"Падар ва модари худро эҳтиром кунед. Накушед. Зино накунед. Дуздӣ накунед. Дурӯғ нагӯед. Зани каси дигарро орзу накунед, хонаи дигар касро ё чизеро, ки ба дигарон тааллуқ дорад, нахоҳед". \ No newline at end of file diff --git a/13/07.txt b/13/07.txt new file mode 100644 index 0000000..516c3be --- /dev/null +++ b/13/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Ҳамаи халқ розӣ шуд, ки аҳкомҳое, ки Худо ба онҳо додааст, иҷро кунанд. Ҳама розӣ шуданд, ки аз они Худои ягона бошанд ва танҳо Ӯро ибодат кунанд. \ No newline at end of file diff --git a/13/08.txt b/13/08.txt new file mode 100644 index 0000000..29045b6 --- /dev/null +++ b/13/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Худо инчунин ба исроилиён фармуд, ки хаймаи бузург - Хаймаи Ҷамъомадро созанд. Худо ба онҳо муфассал фаҳмонд, ки чӣ тавр онро бояд сохт ва дар он чӣ гузоштан лозим аст. Худо ба онҳо гуфт, ки пардаи калоне созанд, ки хаймаро ба ду ҳуҷра тақсим кунад. Худо гуфт, ки ба ҳуҷраи паси парда омада, дар он мемонад. Танҳо саркоҳин ба ин ҳуҷра иҷозат дошт даромадан. \ No newline at end of file diff --git a/14/05.txt b/14/05.txt new file mode 100644 index 0000000..b127135 --- /dev/null +++ b/14/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Дувоздаҳ мард чил рӯз дар атрофи Қанъон гаштанд ва баъд баргаштанд. Ҳама ба мардум гуфтанд: "Замин хеле хуб аст ва ҳосили фаровон медиҳад!" Аммо даҳ нафари онҳо тасдиқ мекарданд: “Шаҳрҳои он ҷо хеле мустаҳкам ва одамон хело азимҷуссаанд! Агар мо ба онҳо ҳамла кунем, онҳо бешубҳа моро мекушанд"! \ No newline at end of file diff --git a/14/06.txt b/14/06.txt new file mode 100644 index 0000000..39b4efe --- /dev/null +++ b/14/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Ду ҷосузӣ дигар, Колеб ва Еҳушаъ ибни Нун, гуфтанд: "Дуруст аст, ки мардуми Қанъон қоматбаланд ва пурқувватанд, аммо мо метавонем онҳоро мағлуб кунем! Худо барои мо ҷанг хоҳад кард"! \ No newline at end of file diff --git a/14/07.txt b/14/07.txt new file mode 100644 index 0000000..b591f89 --- /dev/null +++ b/14/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Аммо мардум ба Колеб ва Еҳушаъ ибни Нун гӯш надоданд. Мардум аз Мӯсо ва Ҳорун хашмгин шуда, гуфтанд: "Чаро моро ба ин макони даҳшатбор овардед? Беҳтар мебуд, агар мо дар Миср мемондем. Агар мо ба ин сарзамин ворид шавем, дар ҷанг нобуд хоҳем шуд ва занону фарзандони мо ғуломи қанъониён хоҳанд шуд". Мардум мехостанд як роҳбари наверо интихоб кунанд, ки онҳоро ба Миср бармегардонд. \ No newline at end of file diff --git a/15/05.txt b/15/05.txt new file mode 100644 index 0000000..4f5fb2c --- /dev/null +++ b/15/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Ҳамин ки онҳо фармонро ба ҷо оварданд, деворҳои Ериҳӯ фурӯ рехтанд! Исроилиён ҳама шахсонеро, ки Худо ба онҳо гуфта буд, несту нобуд карданд. Онҳо танҳо Раҳоб ва оилаи ӯро, ки баъдтар қисми халқи Исроил шуда буданд, раҳм карданд. Бо шунидани он, ки исроилиён Ериҳоро нест карданд, сокинони боқимондаи Қанъон метарсиданд, ки онҳо низ ба онҳо ҳамла хоҳанд кард. \ No newline at end of file diff --git a/15/06.txt b/15/06.txt new file mode 100644 index 0000000..47e7de9 --- /dev/null +++ b/15/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Худо ба исроилиён амр дод, ки бо ягон халқ дар Қанъон иттифоқ нашаванд. Аммо як қабила дар Қанъон Еҳушаъ ибни Нунро фиреб дод. Инҳо ҷибъӯниён буданд. Онҳо гуфтанд, ки онҳо аз Қанъон дур зиндагӣ мекунанд ва аз Еҳушаъ ибни Нун хоҳиш карданд, ки бо онҳо иттифоқ шавад. Еҳушаъ ибни Нун ва дигар пешвоёни Исроил бо ҷибъӯниён иттифоқ бастанд ва аз Худо напурсиданд, ки оё ин кори дуруст аст. \ No newline at end of file diff --git a/15/07.txt b/15/07.txt new file mode 100644 index 0000000..8574fa8 --- /dev/null +++ b/15/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Пас аз се рӯз, исроилиён фаҳмиданд, ки ҷибъӯниён воқеан дар Қанъон зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз ҷибъӯниён барои фиреб додани онҳо хашмгин шуданд. Ва ҳол он исроилиён аҳдномаи сулҳро, ки бо онҳо баста буданд, риоя карданд, зеро ба онҳо дар назди Худо ваъда дода буданд. Пас аз муддате, подшоҳони амӯриён, як халқи дигари Қанъон, шуниданд, ки ҷибъӯниён бо исроилиён иттифоқ шудаанд. Ин подшоҳон қувваҳои худро муттаҳид карданд ва ҳама якҷоя ба Ҷибъӯн ҳамла карданд. Сипас ҷибъӯниён ба Еҳуша ибни Нун муроҷиат карданд, то ки вай ёрӣ диҳад. \ No newline at end of file diff --git a/16/05.txt b/16/05.txt new file mode 100644 index 0000000..40fd0d6 --- /dev/null +++ b/16/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Дар он вақт исроилие буд, ки Ҷидъӯн ном дошт. Боре вақте, ки ӯ аз мидёниён пинҳон шуда, пинҳонӣ гандумро мекӯфт, фариштае аз ҷонибӣ Худованд назди ӯ омада гуфт: "Ҷанговари тавоно, Худо бо туст! Бирав ва Исроилро аз мидёниён наҷот деҳ". \ No newline at end of file diff --git a/16/06.txt b/16/06.txt new file mode 100644 index 0000000..1351eb8 --- /dev/null +++ b/16/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Падари Ҷидъӯн қурбонгоҳ дошт, ки ба бут бахшидашуда буд. Худо ба Ҷидъӯн амр дод, ки ин қурбонгоҳро вайрон кунад ва барои Худо қурбонгоҳ бисозад. Аммо Ҷидъӯн аз одамон метарсид, бинобар ин то омадани шаб мунтазир шуд ва қурбонгоҳи бутро вайрон ва пора-пора кард. Дар ҷои қурбонгоҳи вайроншуда Ҷидъӯн барои Худо қурбонгоҳ сохт ва дар он қурбонӣ овард. \ No newline at end of file diff --git a/16/07.txt b/16/07.txt new file mode 100644 index 0000000..916ca51 --- /dev/null +++ b/16/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Вақте, ки саҳар мардум дид, ки қурбонгоҳ вайрон шудааст, хеле хашмгин шуданд ва ба хонаи Ҷидъӯн рафтанд, то ӯро бикушанд. Аммо падари Ҷидъӯн гуфт: "Чаро шумо худои худро муҳофизат кардан мехоҳед? Агар ӯ худо бошад, бигзор худро муҳофизат кунад"! Ин суханонро шунида одамон қарор карданд, ки Ҷидъӯнро накушанд. \ No newline at end of file diff --git a/16/08.txt b/16/08.txt new file mode 100644 index 0000000..164d5aa --- /dev/null +++ b/16/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Дере нагузашта мидёниён боз барои ғорат карданӣ исроилиён омаданд. Мидёниён он қадар зиёд буданд, ки шуморидан ғайриимкон буд. Ҷидъӯн исроилиёнро барои мубориза бо душманон даъват кард. Вай аз Худо ду аломат пурсид, то боварӣ пайдо кунад, ки Худо ӯро барои наҷот додани Исроил аз Мидёниён даъват кардааст. \ No newline at end of file diff --git a/17/05.txt b/17/05.txt new file mode 100644 index 0000000..42927ef --- /dev/null +++ b/17/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Пас аз муддате Шоул дар ҷанг мурд ва Довуд подшоҳи Исроил шуд. Худо Довудро баракат дод ва ӯро муваффақ гардонд. Ӯ подшоҳи хуб буд ва мардум ӯро дӯст медошт. Довуд дар бисёр ҷангҳо буд ва Худо ба ӯ кӯмак мекард, ки душманони Исроилро мағлуб кунад. Ӯ шаҳри Ерусалимро забт кард ва онро пойтахти худ сохт, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард ва кишварро идора мекард. Довуд 40 сол подшоҳӣ кард. Дар давоми ҳукмронии ӯ Исроил ба як давлати тавоно ва сарватманд табдил ёфт. \ No newline at end of file diff --git a/17/06.txt b/17/06.txt new file mode 100644 index 0000000..28e8300 --- /dev/null +++ b/17/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Довуд мехост маъбаде созад, ки дар он ҳамаи исроилиён Худоро парастиш кунанд ва барои Ӯ қурбонӣ биёранд. Чунки, пеш аз ин, тӯли 400 сол, одамон ба Худо саҷда мекарданд ва дар Хаймаи Ҷамъомад, ки Мӯсо сохта буд, ба Ӯ қурбонӣ меоварданд. \ No newline at end of file diff --git a/17/07.txt b/17/07.txt new file mode 100644 index 0000000..ec7e383 --- /dev/null +++ b/17/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Дар он вақт пайғамбаре буд, ки Нотон ном дошт. Худо ӯро бо чунин суханон назди Довуд фиристод: "Ту ин маъбадро барои ман нахоҳӣ сохт, зеро ту бисёр ҷанг кардаи. Писари ту онро месозад. Аммо Ман туро саховатмандона баракат медиҳам. Яке аз авлоди ту қавми Маро то абад ҳукмронӣ мекунад"! Ягона насли Довуд, ки абадан ҳукмронӣ карда метавонад, Масеҳ аст. Масеҳ Интихобшудаи Худост, ки мардуми тамоми дунёро аз гуноҳҳои онҳо наҷот медиҳад. \ No newline at end of file diff --git a/17/08.txt b/17/08.txt new file mode 100644 index 0000000..901282d --- /dev/null +++ b/17/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Вақте, ки Довуд суханони Нотонро шунид, Худоро шукргузорӣ кард ва ҳамду сано хонд, ки ба Довуд чунин иззату эҳтироми бузург кард ва баракатҳои зиёд дод. Довуд намедонист, кай Худо ин ваъдаҳоро иҷро мекунад. Аммо, мо медонем, ки исроилиён омадани Масеҳро хеле дер интизор буданд - тақрибан 1000 сол. \ No newline at end of file diff --git a/18/05.txt b/18/05.txt new file mode 100644 index 0000000..fa94478 --- /dev/null +++ b/18/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Вақте ки Сулаймон мурд, писараш Раҳабъом подшоҳ шуд. Тамоми халқи Исроил ҷамъ омаданд, то ӯро подшоҳ эътироф кунанд. Одамон ба Раҳабъом шикоят карданд, ки Сулаймон онҳоро маҷбур сохт, ки кори душвор ва андозҳои зиёдро супоранд. Онҳо аз Раҳабъом хоҳиш карданд, ки кори онҳоро сабук кунад. \ No newline at end of file diff --git a/18/06.txt b/18/06.txt new file mode 100644 index 0000000..3e9cc60 --- /dev/null +++ b/18/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Аммо Раҳабъом хеле беақлона ба дархости онҳо ҷавоб дод: "Шумо мегӯед, ки падарам Сулаймон шуморо ба кори душвор водор кардааст. Шумо барои ман боз ҳам зиёдтар кор хоҳед кард ва шуморо ҳатто аз ӯ сахттар ҷазо медиҳанд"! \ No newline at end of file diff --git a/18/07.txt b/18/07.txt new file mode 100644 index 0000000..804b332 --- /dev/null +++ b/18/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Вақте, ки мардум ин суханонро шуниданд, аксарияти онҳо бар зидди Раҳабъом исён бардоштанд. Даҳ оилаи Исроил намехостанд дар зери ҳукмронии Раҳабъом бимонанд ва ӯро подшоҳи худ ҳисоб кардан нахостанд. Бо Раҳабъом танҳо ду оила боқӣ монданд, ки онҳоро подшоҳии Яҳудо ё Яҳудиён меномиданд. \ No newline at end of file diff --git a/18/08.txt b/18/08.txt new file mode 100644 index 0000000..fba7713 --- /dev/null +++ b/18/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Даҳ насли дигар мардеро бо номи Ёробъом ба подшоҳӣ интихоб карданд. Ин даҳ қабила дар қисми шимолии кишвар зиндагӣ мекарданд. Онҳо, худро подшоҳии Исроил ном карданд. \ No newline at end of file diff --git a/19/06.txt b/19/06.txt new file mode 100644 index 0000000..0dff8da --- /dev/null +++ b/19/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Аҳъоб чунин кард. Тамоми халқи Исроил дар кӯҳи Кармил ҷамъ омад. Одамоне низ омаданд, ки аз номи Баал сухан мегуфтанд. Инҳо пайғамбарони Баал буданд. Илёс ба мардум гуфт: "То ба кай шубҳа мекунед? Агар Худованд Худо бошад, Худоро ибодат кунед! Ва агар Баал худо бошад, Баалро ибодат кунед"! \ No newline at end of file diff --git a/19/07.txt b/19/07.txt new file mode 100644 index 0000000..4786b56 --- /dev/null +++ b/19/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Баъд аз ин, Илёс ба пайғамбарони Баал гуфт: "Барзаговро бикушед, пора -пора кунед ва ба қурбонгоҳ гузоред, аммо оташ нагузоред. Он гоҳ ман низ ҳамин тавр мекунам ва ҳайвонро ба қурбонгоҳи Худо мегузорам. Худое, ки ба қурбонгоҳ оташ мефиристад, Худои ҳақиқист". Пайғамбарони Баал қурбонӣ тайёр карданд, аммо оташ нагузоштанд. \ No newline at end of file diff --git a/19/08.txt b/19/08.txt new file mode 100644 index 0000000..cef6903 --- /dev/null +++ b/19/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Сипас онҳо ба худои худ дуо карданро сар карданд: "Эй Баал, моро бишнав!" Тамоми рӯз онҳо дуо гуфтанд, дод заданд ва ҳатто худро бо корд буриданд, аммо Баал ҷавоб надод ва оташ нафиристод. \ No newline at end of file diff --git a/19/09.txt b/19/09.txt new file mode 100644 index 0000000..8cb90a6 --- /dev/null +++ b/19/09.txt @@ -0,0 +1 @@ +Пайғамбарони Баал қариб тамоми рӯз ба ӯ дуо мегуфтанд. То бегоҳ онҳо дуоро бас карданд. Сипас Илёс ҷонварро барои қурбонгоҳи Худо гузошт. Ӯ ба мардум амр дод, ки аз дувоздаҳ зарфи калон ба қурбонӣ об рехта, то гӯшт, ҳезум ва ҳатто замини атрофи қурбонгоҳ пурра тар шавад. \ No newline at end of file diff --git a/19/10.txt b/19/10.txt new file mode 100644 index 0000000..5f52818 --- /dev/null +++ b/19/10.txt @@ -0,0 +1 @@ +Сипас Илёс дуо кард: "Эй Худованд, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб! Имрӯз ба мо нишон деҳ, ки Ту Худои Исроил ҳастӣ ва ман бандаи Ту ҳастам. Ба ман ҷавоб деҳ ва ба ин одамон хабар деҳ, ки Ту Худои ҳақиқӣ ҳастӣ". \ No newline at end of file diff --git a/20/04.txt b/20/04.txt new file mode 100644 index 0000000..6bd2bcc --- /dev/null +++ b/20/04.txt @@ -0,0 +1 @@ +Сипас ашшуриён замине, ки қаблан подшоҳии Исроил буд, бо халқҳои дигар пур карданд. Ин халқҳо шаҳрҳои харобшударо барқарор карданд. Онҳо бо исроилиёне, ки дар он ҷо монданд, издивоҷ карданд. Насли исроилиён, ки бо халқҳои дигар издивоҷ мекарданд, сомариён номида мешуданд. \ No newline at end of file diff --git a/20/05.txt b/20/05.txt new file mode 100644 index 0000000..591058a --- /dev/null +++ b/20/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Мардуми Яҳудо диданд, ки чӣ тавр Худо мардуми Исроилро барои беимонӣ ва итоат накарданашон ҷазо дод. Аммо онҳо то ҳол бутҳо ва худоёни қанъониҳоро парастиш мекарданд. Худо пайғамбаронро фиристод, то онҳоро огоҳ кунанд, аммо онҳо гӯш кардан нахостанд. \ No newline at end of file diff --git a/20/06.txt b/20/06.txt new file mode 100644 index 0000000..bf3f292 --- /dev/null +++ b/20/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Тақрибан 100 сол пас аз он ки ашшуриён Исроилро нест карданд, Худо подшоҳи Бобил Набукаднесарро ба Яҳудо фиристод. Дар он вақт Бобил як империяи тавоно буд. Подшоҳи Яҳудо маҷбур шуд, ки ғуломи Набукаднесар шавад ва ҳар сол ба ӯ боҷ диҳанд. \ No newline at end of file diff --git a/21/05.txt b/21/05.txt new file mode 100644 index 0000000..aca6ef8 --- /dev/null +++ b/21/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Худо ба Ирмиё пайғамбар гуфт, ки бо одамон аҳди нав хоҳад баст. Баръакси Аҳди Қадим, ки Худо бо Исроил дар кӯҳи Сино бастааст, дар Аҳди Ҷадид одамон метавонанд Худоро шахсан шиносанд. Худо гуфт, ки қонунҳои Худро ба асли одамон ворид мекунад ва ин қонунҳоро дар дилҳои онҳо менависад. Ҳар як чунин шахс Худоро дӯст медорад ва мехоҳад қонунҳои Ӯро риоя кунад. Ӯ Худои онҳо хоҳад буд ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд, зеро Худо гуноҳҳои одамонро мебахшад ва дигар онҳоро ба ёд намеорад. Масеҳ ин аҳди навро бо одамон хоҳад баст. \ No newline at end of file diff --git a/21/06.txt b/21/06.txt new file mode 100644 index 0000000..78348a2 --- /dev/null +++ b/21/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Инчунин, пайғамбарони Худо гуфтанд, ки Масеҳи оянда Пайғамбар, Коҳин ва Подшоҳ хоҳад буд. Пайғамбар шахсе аст, ки каломи Худоро мешунавад ва ба мардум мерасонад. Худо ваъда дод, ки Масеҳ паёмбари комил мешавад. Ӯ суханони Худоро ба таври комил мешунавад, онҳоро мефаҳмад ва ба одамон таълим медиҳад. \ No newline at end of file diff --git a/21/07.txt b/21/07.txt new file mode 100644 index 0000000..6be71d2 --- /dev/null +++ b/21/07.txt @@ -0,0 +1 @@ +Коҳинони исроилӣ ба Худо барои мардум дуо мекарданд ва аз номи мардум ба Худо қурбонӣ меоварданд. Ин қурбониҳо барои пешгирӣ кардани ҷазои Худо барои гуноҳҳои одамон тақдим карда мешуд. Одамон ҳайвонҳои беайбро ба коҳинон меоварданд ва коҳинон онҳоро ба Худо қурбонӣ мекарданд. Масеҳ бояд, ки саркоҳини комил мешуд ва худро ҳамчун қурбонии комил ба Худо месупорид. Ин маънои онро дорад, ки Масеҳ бегуноҳ хоҳад буд ва Худро ҳамчун қурбонӣ хоҳад дод, ки пас аз он дигар қурбониҳои гуноҳҳо лозим нахоҳанд шуд. \ No newline at end of file diff --git a/21/08.txt b/21/08.txt new file mode 100644 index 0000000..b672860 --- /dev/null +++ b/21/08.txt @@ -0,0 +1 @@ +Ҳар як миллат подшоҳон ва пешвоёни худро дошт. Онҳо на ҳамеша ба Худо итоат мекарданд ва хатогиҳо мекарданд. Ва агар Довуд танҳо бар исроилиён ҳукмронӣ мекард, пас Масеҳ, аз насли Довуд, тамоми дунёро ҳукмронӣ мекунад. Ҳукмронии Ӯ одилона, хирадманд ва абадӣ хоҳад буд! \ No newline at end of file diff --git a/22/03.txt b/22/03.txt new file mode 100644 index 0000000..2d37852 --- /dev/null +++ b/22/03.txt @@ -0,0 +1 @@ +Фаришта ба Закариё ҷавоб дод: "Ман аз ҷонибӣ Худо фиристода шудаам, то ба ту ин хабари хушро расонам. Азбаски ту ба ман бовар накардӣ, то таваллуди кӯдак гап зада наметавонӣ". Ва Закариё дарҳол қобилияти суханрониро аз даст дод. Фаришта рафт ва Закариё ба хона баргашт. Дере нагузашта занаш ҳомиладор шуд. \ No newline at end of file diff --git a/22/04.txt b/22/04.txt new file mode 100644 index 0000000..d4ac16d --- /dev/null +++ b/22/04.txt @@ -0,0 +1 @@ +Вақте ки Элисобаъ шашмоҳа ҳомиладор буд, ҳамон фаришта ногаҳон ба як хеши Элисобаъ, ки Марям ном дошт, омад. Марям бокира буд, ки бо марде Юсуф ном дошт дар никоҳ буд. Фаришта гуфт: "Ту ҳомила шуда, Писар таваллуд мекуни. Ӯро Исо ном мон. Ӯ Писари Худои Таоло хоҳад буд ва то абад ҳукмрони хоҳад кард". \ No newline at end of file diff --git a/23/04.txt b/23/04.txt new file mode 100644 index 0000000..c5cc183 --- /dev/null +++ b/23/04.txt @@ -0,0 +1 @@ +Он вақт ҳокими Рум тасмим гирифт, ки тамоми мардуми Исроилро ҳисоб кунад. Ӯ фармон дод, ки ҳама ба он ҷое, ки аҷдодони онҳо омадаанд, бираванд. Аҷдоди Марям ва Юсуф подшоҳ Довуд буд, ки дар Байт -Лаҳм таваллуд шудааст, бинобар ин онҳо ба он ҷо рафтанд ва дар он ҷо вақти таваллуди Марям омад. \ No newline at end of file diff --git a/23/05.txt b/23/05.txt new file mode 100644 index 0000000..f75712d --- /dev/null +++ b/23/05.txt @@ -0,0 +1 @@ +Дар Байт -Лаҳм, Марям ва Юсуф ба ғайр аз ҷое, ки ҳайвонҳо нигоҳ дошта мешуданд, ҷои дигаре наёфт. Дар он ҷо Марям кӯдакро таваллуд кард. Вай Ӯро дар охур гузошт, зеро гаҳвора набуд. Марям ва Юсуф кӯдакро Исо номиданд. \ No newline at end of file diff --git a/23/06.txt b/23/06.txt new file mode 100644 index 0000000..09d7678 --- /dev/null +++ b/23/06.txt @@ -0,0 +1 @@ +Он шаб якчанд чӯпон рамаи худро посбонӣ мекарданд. Ногаҳон дар пешашон фариштаи дурахшон пайдо шуд. Чӯпонҳо хеле тарсиданд, аммо фаришта гуфт: "Натарсед, ман хабари хуш дорам барои шумо. Худованд Масеҳ дар Байт -Лаҳм таваллуд шудааст! \ No newline at end of file diff --git a/24/03.txt b/24/03.txt new file mode 100644 index 0000000..1a755c0 --- /dev/null +++ b/24/03.txt @@ -0,0 +1 @@ +Суханони Яҳёро шунида, бисёр одамон аз гуноҳҳои худ тавба мекарданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид дод. Бисёр пешвоёни динӣ низ барои таъмид омаданд, аммо онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор нашуданд ва тавба накарданд. \ No newline at end of file diff --git a/24/04.txt b/24/04.txt new file mode 100644 index 0000000..0470fe0 --- /dev/null +++ b/24/04.txt @@ -0,0 +1 @@ +Яҳё ба пешвоёни дин гуфт: "Шумо морҳои заҳрдор! Тавба кунед ва иваз шавед. Худо ҳар дарахте, ки меваи хуб намедиҳад, бурида ба оташ мепартояд". Бисёр одамон Яҳёро пайғамбари Худо меҳисобиданд ва ӯро эҳтиром мекарданд. Яҳё он чизеро, ки пайғамбарон гуфтаанд, иҷро кард: "Инак, Ман пешопеши ту паёмбари Худро мефиристам, то ки барои Ту роҳ тайёр кунад. Бигзор ҳамаи дараҳо пур шаванд, кӯҳҳо паст шаванд, роҳҳои печида ва роҳҳои нобаробар ҳамвор шаванд". \ No newline at end of file diff --git a/25/03.txt b/25/03.txt new file mode 100644 index 0000000..318e4aa --- /dev/null +++ b/25/03.txt @@ -0,0 +1 @@ +Аммо Исо ба Шайтон ҷавоб дод: "Каломи Худо мегӯяд: "Барои ҳаёт бурдан, одамон на танҳо ба нон, балки ба ҳар чизе, ки Худо ба онҳо мегӯяд, ниёз доранд"! \ No newline at end of file diff --git a/25/04.txt b/25/04.txt new file mode 100644 index 0000000..0d16345 --- /dev/null +++ b/25/04.txt @@ -0,0 +1 @@ +Пас аз он, шайтон Исоро ба қуллаи маъбад овард ва гуфт: "Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба замин парто, зеро навишта шудааст: "Худо ба фариштагони худ амр хоҳад дод, ки Туро бардоранд, то пои Ту ба санге назаданад". \ No newline at end of file diff --git a/manifest.json b/manifest.json index da21537..722aeb3 100644 --- a/manifest.json +++ b/manifest.json @@ -354,6 +354,47 @@ "25-title", "25-01", "25-02", - "25-reference" + "25-reference", + "12-05", + "12-06", + "12-07", + "12-08", + "13-05", + "13-06", + "13-07", + "13-08", + "14-06", + "14-07", + "15-05", + "15-06", + "15-07", + "16-05", + "16-06", + "16-07", + "16-08", + "17-05", + "17-06", + "17-07", + "17-08", + "18-05", + "18-06", + "18-07", + "18-08", + "20-04", + "20-05", + "20-06", + "21-05", + "21-06", + "21-07", + "21-08", + "22-03", + "22-04", + "23-04", + "23-05", + "23-06", + "24-03", + "24-04", + "25-03", + "25-04" ] } \ No newline at end of file