Thu Sep 30 2021 09:36:40 GMT+0500 (Tajikistan Time)

This commit is contained in:
MaxTJ 2021-09-30 09:36:40 +05:00
commit 43f8d8950f
32 changed files with 63 additions and 1 deletions

1
41/05.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Вақте, ки занон ба сари қабр омаданд онҳо низ фариштаро диданд. Ӯ ба онҳо гуфт: "Аз ман натарсед. Ман медонам, ки шумо Исоро мекобед, аммо Ӯ дар инҷо нест. Ӯ аз мурдагон эҳё шуд читавре, ки гуфта буд. Ба қабр нигоҳ кунед ва худатон бубинед". Занон ба қабр нигоҳ карда ҷоеро, ки Исо хобида буд диданд. Ҷасади Ӯ дар онҷо набуд!

1
41/06.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Фаришта ба занон гуфт: "Биравед ва ба шогирдон бигӯед: "Исо аз мурдагон эҳё шуд ва Ӯ шуморо дар Ҷалил пешвоз мегирад".

1
42/07.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Сипас Исо гуфт: "Ман ба шумо гуфта будам, ки ҳама чизе ки дар Каломи Худо дар бораи Ман навишта шудааст, бояд иҷро шавад ва он иҷро шуд". Баъд Исо Каломи Худоро ба онҳо фаҳмонда дод. Ӯ гуфт: "Дар вақти пеш пайғамбарон навиштаанд, ки Ман, Масеҳ, азоб мекашам, мемирам ва дар рӯзи сеюм эҳё мешавам.

1
42/08.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Пайғомбарон инчунин навиштаанд, ки шогирдони Ман паёми Худоро эълон хоҳанд кард. Онҳо одамонро ба тавба даъват мекунанд. Онгоҳ Худо гуноҳҳои одамонро мебахшад. Шогирдони Ман ин хабарро дар ҳама ҷо эълон хоҳанд кард ва аз Ерусалим сар карда, ба ҳамаи халқҳо хоҳанд рафт. Шумо шоҳидони ҳама чизҳое ҳастед, ки ба шумо гуфтам, чӣ кор кардам ва бо ман чӣ воқеа рӯй дод".

1
42/09.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Дар давоми 40 рӯзи ояанда Исо борҳо ба шогирдонаш зоҳир шуд. Як рӯз Ӯ дар байни гурӯҳи одамон, ки зиёда аз 500 нафар буданд зоҳир шуд! Ва бори дигар Исо ба шогирдонаш исбот кард, ки Ӯ зинда аст ва ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо таълим додааст.

1
43/07.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Гарчанде, ки шумо Исоро куштед, Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард. Ҳамин тавр пешгӯие, ки навишта шуда буд: "Ту намегузори Муқаддаси Ту дар қабр бипусад" иҷро шуд. Ва мо шоҳиди он ҳастем, ки Худо Исоро зинда кард.

1
43/08.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Худо-Падар ба Исо шараф дод, ки аз тарафи дасти рости Ӯ бишинад. Ва Исо мувофиқи ваъдааш ба мо Рӯҳи Муқаддасро фиристод. Ин ҳама чизҳое, ки мебинед ва мешунавед Рӯҳи Муқаддас мекунад.

1
43/09.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Шумо ин Одаме, ки Исо ном дорад маслуб кардед. Аммо бидонед, ки Худо Ӯро Масеҳ ва Оғо барои ҳамаи мавҷудот кард".

1
44/05.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Ин шумо талаб кардед, ки ҳоими Рум Исоро бикушад. Шумо Онеро, ки ба ҳама ҳаёт медод куштед. Аммо Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард. Шумо намефаҳмидед, ки чӣ кор карда истодаед, аммо вақте, ки шумо ин ҳама корҳоро онҷом додед, он чи пайғамбарон гуфта буданд амалӣ шуданд. Ва онҳо гуфта буданд, ки Масеҳ азоб мекашад ва кушта мешавад. Ва Худо тавре кард, ки ҳамаи ин руй диҳад. Инак тавба кунед ва ба Худо муроҷиат кунед, ки Ӯ гуноҳҳои шуморо бишӯяд".

1
44/06.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Коҳинон ва сардорони посбонони маъбад, ки Петрус ва Юҳанноро шунида ба ғазаб омаданд. Онҳо ҳавориёнро қапида ба зиндон партофтанд. Аммо бисёриҳо ба гуфтаҳои Петрус бовар карданд. Ва ҳамон рӯз шумораи касоне, ки ба Исо имон оварда буданд ба 5000 нафар расид.

1
45/07.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Боз яке аз ёварони ҳавориён шахсе бо номи Филиппус буд. Вай инчунин мисли бисёри шогирдони дигар аз Ерусали гурехт. Филипус ба Сомария рафт ва дар он ҷо дар бораи Исо мавъиза мекард. Бисёри одамон ба ӯ бовар карданд ва наҷот ёфтанд. Як рӯз фариштаи Худо ба назди Филипус омад ва ба ӯ гуфт, ки ба роҳи муайян ба биёбон биравад. Филиппус ҳамин тавр кард. Вай ба биёбон рафт ва дар роҳ мардеро дид, ки дар ароба савора буд. Он мард мансабдори махсус аз Ҳабашистон буд. Руҳулқудс ба Филипус гуфт, ки ба назди он шахс рафта бо ӯ ҳамсӯҳбат шавад.

1
45/08.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Филиппус ба ороба наздик шуд ва шунид, ки ҳабашӣ Каломи Худоро мехонад. Ин суханҳо аз китоби Ишаъёи набӣ буданд: "Онҳо Ӯро мисли барра барои куштан бурданд. Ва тавре, ки барра хомуш аст ҳамин тавр Ӯ сухане нагуфт. Онҳо Ӯро паст заданд, беадолатона маҳкум карданд ва ҷони Ӯро гирифтанд".

1
45/09.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Филиппус аз ҳабашӣ пурсид: "Оё ту мефаҳми дар бораи чӣ хонда истодаи"? Ҳабашӣ ҷавоб дод: Ман наметавонам фаҳмида агар касе ба ман фаҳмонда надиҳад. Илтимос баро ва дар назди ман нишин. Ишаъё дар бораи худ ё дигар кас навиштааст"?

1
45/10.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Филиппус ба ароба нишаст ва ба ҳабашӣ фаҳмонд, ки Ишаъё ин пешгӯиро дар бораи Исо навиштааст. Филиппус инчунин дар бораи дигари порчаҳои Каломи Худо сухан ронда, ба ӯ Хабари Хушро дар бораи Исо расонид.

1
46/07.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Пас аз чанд рӯз яҳудиён тасмим қарор карданд, ки Шоулро бикушанд ва нақшае тартиб доданд, ки ин корро чӣ тавр анҷом диҳанд. Онҳо одамонро фиристоданд, ки ӯро дар назди дарвозаҳои шаҳр интизор шуда ва бикушанд. Аммо Шоул аз нақшаҳои онҳо хабардор шуд ва дӯстонаш ба ӯ кӯмак карданд, ки гурезад. Шаб ӯро дар сабаде бор карда аз девори шаҳр фуроварданд. Пас аз он, ки Шоул аз Димишқ гурехт ӯ мавъиза карданро дар бораи Исо идома дод.

1
46/08.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Шоул барои вохӯрӣ бо ҳаввориён ба Ерусалим рафт аммо ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ акнун пайрави Исо аст. Он гоҳ як имондоре бо номи Барнаббо Шоулро ба назди ҳаввориён овард. Ӯ ба онҳо нақл кард, ки чӣ тавр Шоул далерона дар Димишқ мавъиза мекард. Пас аз он ҳаввориён Шоулро қабул карданд.

1
47/09.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Ногаҳон заминҷумбии сахт сар шуд. Ҳамаи дарҳои зиндон васеъ кушода шуданд ва занҷирҳо аз маҳбусон афтоданд.

1
47/10.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Посбони зиндон бедор шуд ва дид, ки дарҳои зиндон кушодааст. Ӯ фикр кард, ки ҳамаи маҳбусон гурехтанд ва тарсид, ки ӯро барои гурехтани маҳбусон ба қатл мерасонанд аз ҳамин сабаб ӯ қарор кард, ки худро ба қатл расонад. Павлус инро дида фарёд зад: "Ист! Ба худ осеб нарасон. Мо ҳама дар инҷо ҳастем".

1
47/11.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Посбон аз тарс меларзид ва ба назди Павлус ва Сило омад ва онҳоро аз зиндон берун овард. Баъд пурсид: "Барои наҷот ёфтан, ман бояд чӣ кор кунам"? Павлус ҷавоб дод: "Ба Худованд Исо имон овар ва ту бо ҳамаи оилаат наҷот хоҳи ёфт". Посбон Павлус ва Силоро ба хонааш бурд ва захмҳои онҳоро шуст. Дар онҷо Павлус ба ҳама касоне, ки дар хона ҳузур доштанд дар бораи Исо нақл кард.

1
48/07.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Вақте, ки Иброҳим дар рӯи замин зиндагӣ мекард, Худо ба ӯ гуфт: "Ман ба воситаи ту ҳамаи халқҳои рӯи заминро баракат медиҳам". Исо аз насли Иброҳим буд. Ва имрӯз тавассути Иброҳим, Худо одамони тамоми миллатҳоро баракат медиҳад, вақте, ки онҳо ба Исо имон оваранд. Худо одамонро аз ҷазои гуноҳ наҷот медиҳад ва онҳоро насли руҳонии Иброҳим меҳисобад.

1
48/08.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Боре Худо ба Иброҳим фармуд, ки писараш Исҳоқро ба қурбони биёрад. Аммо итоати Иброҳимро дида, Худо ба ӯ барраеро дод, ки ба ҷои Исҳоқ қурбони кунад. Ҳамаи мо сазовори марг барои гуноҳҳои худ ҳастем, аммо Худо Исоро ҳамчун қурбонӣ дод, то ба ҷои мо бимирад. Аз ҳамин сабаб мо Исоро Барраи Худо меномем.

1
48/09.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Вақте, ки Худо ҷазои охиринро ба Миср фиристод, Ӯ ба ҳар як хонадони Исроил амр кард, ки барраро бикушанд. Ин ба исроилиён имконият дод, ки аз ҷазои барои Миср - марги писари нахустзода дар ҳар як оила роҳои ёбад. Баррае, ки ба қурбони меоварданд, набояд нуқсе надошта бошад. Ибриён бояд бо хуни барра паҳлуи дарҳои худро бимоланд. Вақте, ки Худо ин хунро дид, Ӯ аз назди ин хона гузашта ва ҷазо ба ин хона наомад. Ин воқеаро Худо Фисҳ номид.

1
48/10.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Исо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст ва ягон гуноҳе надорад. Ӯ мисли Барраи Фисҳ аст, ки ҳангоми иди Фисҳ кушта шуд. Вақте одам ба Исо имон меоварад Хуни Исо пардохти гуноҳҳои ин одам мешавад ва Худо ӯро ҷазо намедиҳад. Гӯё Худо аз назди ҷазои ин одам мегузарад.

1
49/11.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Исо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст. Аммо Ӯ ҷазои гуноҳро бо марги даҳшатангез дар салиб гирифт. Исо қурбонии комил шуд барои он, ки гуноҳҳои туро ва гуноҳҳои ҳар як одамро дар ин ҷаҳон бигирад. Исо Худро барои гуноҳҳо қурбони кард ва аз ҳамин сабаб Худо ҳатто гуноҳи бадтарини ҳар як шахсе, ки ба Исо имон дорад мебахшад.

1
49/12.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Ҳатто бисёр корҳои нек туро аз ҷазои гуноҳ наҷот намедиҳад. Ту ҳеҷ вақт наметавони худ аз худ коре бикуни то ба Худо оштӣ шави ва дӯсти Ӯ шави. Аммо ту бояд бовар куни, ки Исо Писари Худо аст, ки Ӯ ба ҷои ту дар салиб мурд ва Худо Ӯро дубора зинда кард. Агар ту ба ин бовар куни, Худо ҳамаи гуноҳҳои туро мебахшад.

1
49/13.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Худо ҳар шахсро, ки ба Исо имон дорад ва Ӯро ҳамчун Оғо эътироф мекунад, наҷот медиҳад. Аммо Ӯ касонеро, ки ба Ӯ имон намеоварад наҷот намедиҳад. Фарқ надорад, ки ту сарватманд ҳасти ё камбағал, мард ё зан, пир ё ҷавон ва дар куҷо зиндагӣ мекуни. Худо туро дӯст медорад ва Ӯ мехоҳад, ки ту ба Исо бовар куни то инки Ӯ дӯсти ту шавад.

1
49/14.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Исо туро даъват мекунад, ки ту ба Ӯ бовар куни ва таъмид гири. Оё ту боварӣ дори, ки Исо - Масеҳ ва Писари ягонаи Худо аст? Оё ту боварӣ дори, ки ту гонаҳкор ҳасти ва сазовори ҷазои Худо барои гуноҳҳои худ ҳасти? Оё ту бовар мекуни, ки Исо мурд дар салиб барои он, ки гуноҳҳои туро ба Худ гирад?

1
50/09.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Алафҳои бегона одамонеро нишон медиҳанд, ки ба шайтон тааллуқ доранд. Душмани одам, корандаи алафи бегона - ин шайтон аст. Дарав рамзи охири замонро дорад ва коргарон рамзи - Фариштагони Худо аст.

1
50/10.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Вақте, ки ин дунё ба охир мерасад, фариштагон ҳамаи одамоне, ки ба шайтон таалуқ дорад, ҷамъ оварда ба оташи сӯзон мепартоянд. Дар онҷо гунаҳкорон гиря хоҳанд кард ва бо дандонҳояшон ғиҷирос мезананд аз азоби даҳшатангез. Аммо одамони одиле, ки аз паси Исо мерафтанд, ба мисли офтоб рушнои хоҳанд кард дар Подшоҳии Худо Падари худ".

1
50/11.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Исо ваъда дод, ки пеш аз ба охир расидани ин дунё ба замин бармегардад. Ӯ ҳамон тавре, ки тарк кард, ҳамонхел бармегардад: дар Ӯ тани ҷисмонӣ ва Ӯ за осмон дар абрҳо меояд. Дар лаҳзаи бозгашти Исо, ҳамаи имондорони ба Ӯ, ки мурда буданд, эҳё шуда ва дар осмон бо Ӯ вомехӯранд.

1
50/12.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Аммо он имондороне, ки ба Исо то ҳол дар ин ҷаҳон зиндагӣ дошта ба осмон рафта бо дигар имондороне, ки аз мурдагон эҳё шуданд якҷо хоҳанд шуд. Ва ҳамаи онҳо бо Исо хоҳанд буд, ки бо халқи Худ то абад зиндагӣ хоҳанд кард. Одамон оромии абадӣ мегиранд, зеро Исо бо онҳо хоҳад буд.

View File

@ -584,6 +584,37 @@
"39-05",
"39-06",
"40-03",
"40-04"
"40-04",
"41-05",
"41-06",
"42-07",
"42-08",
"42-09",
"43-07",
"43-08",
"43-09",
"44-05",
"44-06",
"45-07",
"45-08",
"45-09",
"45-10",
"46-07",
"46-08",
"47-09",
"47-10",
"47-11",
"48-07",
"48-08",
"48-09",
"48-10",
"49-11",
"49-12",
"49-13",
"49-14",
"50-09",
"50-10",
"50-11",
"50-12"
]
}