Mon Sep 27 2021 20:02:33 GMT+0500 (Узбекистан, стандартное время)

This commit is contained in:
Shavkat 2021-09-27 20:02:34 +05:00
parent 18f78e0f38
commit 194a2ea73c
4 changed files with 4 additions and 0 deletions

1
42/04.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Шом буд, вақте ки шогирдон ба шаҳре, ки дар он ҷо меистоданд, омаданд. Пас онҳо Исоро даъват карданд, ки шаб бимонад ва Ӯ ҳамроҳи онҳо ба хона даромад. Вақте ки онҳо барои хӯроки шом нишастанд, Исо нонро гирифта, Худоро шукр гуфт ва нонро шикаст. Дар он лаҳза шогирдон фаҳмиданд, ки ин Исо аст. Аммо худи ҳамон лаҳза Ӯ нопадид шуд ва барои онҳо ноаён шуд.

1
42/05.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Он гоҳ ин шогирдон ба якдигар гуфтанд: "Ин Исо буд! Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ Каломи Худоро ба мо фаҳмонд, мо бо шавқ гӯш кардем"! Ва онҳо дарҳол ба Ерусалим баргаштанд. Вақте ки онҳо ба он ҷо расиданд, ба шогирдони боқимонда гуфтанд: "Исо зинда аст! Мо Ӯро дидем"!

1
42/06.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Ҳангоме ки шогирдон дар ин бора сухан меронданд, ногаҳон Исо дар ҳуҷра пайдо шуд. Ӯ ба онҳо гуфт: "Салом бар шумо бод"! Шогирдон гумон карданд, ки ин арвоҳ аст, аммо Исо гуфт: "Чаро метарсӣ? Чаро бовар намекунӣ, ки ин Ман ҳастам? Ба дастҳо ва пойҳои Ман нигоҳ кунед. Оё арвоҳо бадан доранд?" Ва барои исбот кардани он, ки Ӯ арвоҳ нест, Исо аз онҳо хӯрок хост. Онҳо ба Ӯ як пора моҳӣ доданд ва Ӯ хӯрд.

1
43/04.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Вақте ки мардуми Ерусалим ин садоро шуниданд, мардуми зиёде ҷамъ омад. Ҳама мехостанд бубинанд, ки чӣ гап шуда истодааст. Мардуми ҷамъшуда аз кишварҳои гуногун буданд ва бо забонҳои гуногун гап мезаданд ва шогирдони Исо аз Ҷалил буданд ва метавонистанд танҳо бо забони арамӣ ва юнонӣ гап зананд. Аммо дар ин рӯз шогирдони Исо бо забонҳои гуногун гап мезаданд ва одамон хеле дар ҳайрат мемонданд, зеро ҳар як одам дар байни мардум хушхабарро ба забони худ дар бораи он чи Худо карда буд, мешунид.