Удалить '13.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:31 +00:00
parent 41780baea6
commit 8a43e73725
1 changed files with 0 additions and 63 deletions

63
13.md
View File

@ -1,63 +0,0 @@
# 13. Аҳди Худо бо Исроил
![Frame 13-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-01.jpg)
Баъд, аз он ки Худо Исроилиёнро аз мобайни дарёи Сурх гузаронд Ӯ онҳоро бо биёбон ба кӯҳе ки Сино ном дошт бурд. Махсусан дар ҳамин кӯҳ Мӯсо буттаи фурӯзонро дида буд. Халқ хаймаҳои худро дар домани ин кӯҳ гузоштанд.
![Frame 13-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-02.jpg)
Худо ба Мӯсо ва ба тамоми халқи Исроил гуфт: "Агар шумо Маро гӯш кунед ва аҳде, ки Ман бо шумо баста истодаам нигоҳ доред, пас шумо моликияти қимматбаҳои Ман мешавед, шоҳигарии коҳинон ва халқи муқаддас барои Ман".
![Frame 13-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-03.jpg)
Худо ба Мӯсо гуфт, ки халқро барои рӯзи сеюм барои мулоқот бо Ӯ омода ва пок созад. Халқ ба ин вохӯрӣ ду рӯз омодагӣ диданд. Дар рӯзи сеюм, Худо ба болои кӯҳи Сино омад. Омадани Ӯ бо раъду барқ, дуд ва овози баланд карнайҳо ҳамроҳӣ мекард. Худо Мӯсоро даъват кард ва Мӯсо ба кӯҳ баромад.
![Frame 13-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-04.jpg)
Дар кӯҳи Сино Худо бо халқ аҳд баст ва ба онҳо Даҳ Аҳкомро дод. Ӯ гуфт: «Ман Худованд Худои ту ҳастам. Ман шуморо аз ғуломии Миср наҷот додам. Ба худоёни дигарро парастиш накунед».
![Frame 13-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-05.jpg)
"Бутҳоро насозед ва онҳоро парастиш накунед, зеро ки ман, Худованд, бояд Худои ягонаи шумо бошам. Номи Маро беҳурматона ба забон наоред. Дар хотир доред, ки рӯзи шанбе - рӯзи муқаддас аст. Яъне, тамоми корҳои худро дар давоми шаш рӯз анҷом диҳед ва рӯзи ҳафтум, шанбе, истироҳат кунед ва дар бораи Ман мулоҳиза кунед".
![Frame 13-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-06.jpg)
"Падар ва модари худро эҳтиром кунед. Накушед. Зино накунед. Дуздӣ накунед. Дурӯғ нагӯед. Зани каси дигарро орзу накунед, хонаи дигар касро ё чизеро, ки ба дигарон тааллуқ дорад, нахоҳед".
![Frame 13-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-07.jpg)
Ҳамаи халқ розӣ шуд, ки аҳкомҳое, ки Худо ба онҳо додааст, иҷро кунанд. Ҳама розӣ шуданд, ки аз они Худои ягона бошанд ва танҳо Ӯро ибодат кунанд.
![Frame 13-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-08.jpg)
Худо инчунин ба исроилиён фармуд, ки хаймаи бузург - Хаймаи Ҷамъомадро созанд. Худо ба онҳо муфассал фаҳмонд, ки чӣ тавр онро бояд сохт ва дар он чӣ гузоштан лозим аст. Худо ба онҳо гуфт, ки пардаи калоне созанд, ки хаймаро ба ду ҳуҷра тақсим кунад. Худо гуфт, ки ба ҳуҷраи паси парда омада, дар он мемонад. Танҳо саркоҳин ба ин ҳуҷра иҷозат дошт даромадан.
![Frame 13-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-09.jpg)
Худо барои Худ коҳинон интиоб кард Ҳорун, бародари Мӯсо ва наслҳои ӯро. Халқ бояд қурбонгоҳе месохтанд дар назди Хаймаи Ҷамъомад. Ҳар шахсе, ки қонунҳои Худоро вайрон мекард, бояд ба назди ин қурбонгоҳ ҳайвонеро биёрад. Ба коҳин лозим буд, ки ҳайвонро бикушад ва онро дар қурбонгоҳ сӯзонад ҳамчун қурбонӣ барои Худо. Худо гуфт, ки хуни ин ҳайвон гуноҳи инсонро мепӯшонад ва аз ин рӯ Ӯ ин гуноҳро нахоҳад дид. Тавассути қурбонӣ одам дар назди Худо пок мегардад.
![Frame 13-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-10.jpg)
Худо ба одамон бисёр қонуну қоидаҳои рафторро дод. Худо ваъда дод, ки агар одамон ба қонунҳои Ӯ итоат кунанд, онҳоро баракат дода муҳофизат мекунад. Ва агар онҳо ин қонунҳоро риоят накунанд, пас Худо ваъда дод, ки онҳоро ҷазо медиҳад. Худо ба ду лавҳаи сангин Даҳ Аҳкомро навишт ва ба Мӯсо фармуд, ки ба кӯҳи Сино баромада онҳоро бигирад.
![Frame 13-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-11.jpg)
Мӯсо чанд рӯз дар кӯҳи Сино буд ва бо Худо сӯҳбат мекард. Мардум аз интизории бозгашти Ӯ монда шуданд. Онҳо ба Ҳорун тилло оварда, аз ӯ хоҳиш карданд, ки барои онҳо бут созад, барои саҷда кардан боҷои Худо. Ҳамин тавр онҳо гуноҳи даҳшатнок бар зидди Худо карданд.
![Frame 13-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-12.jpg)
Ҳорун буди тиллоиро дар шакли гӯсола сохт. Мардум бо як ҳаяҷон ба буд парастиш кардан ва қурбонӣ оварданро сар карданд. Худо барои ин гуноҳ аз онҳо хеле хашмгин шуд. Ӯ ба Мӯсо гуфт, ки мехоҳад онҳоро нест кунад. Аммо Мӯсо ба Худо дуо кард, ки онҳоро накушад. Худо дуои ӯро шунид ва мардумро нобуд накард.
![Frame 13-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-13.jpg)
Вақте ки Мӯсо аз кӯҳи Сино фаромад, дар дасташ ду лавҳа буд, ки Худо бар онҳо Даҳ Аҳкомро навишта буд. Мӯсо будро дида, чунон хашмгин шуд, ки лавҳаҳоро пора пора кард.
![Frame 13-14](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-14.jpg)
Сипас Мӯсо будро сӯзонд ва ӯро хокистар. Ӯ хокистарро ба об партофт ва маҷбур кард, ки халқ обро нӯшад. Худо ба халқ фалокат равон кард, аксариято онҳо мурданд.
![Frame 13-15](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-13-15.jpg)
Худо ба Мӯсо фармуд, ки ба ҷои лавҳаҳои пора кардааш, барои Даҳ Аҳком лавҳаҳои нави сангӣ созад. Мӯсо чунин кард. Вай боз ба болои кӯҳ баромада дуо кард, ки Худо халқро бубахшад. Худо Мӯсоро шунид, исроилиёнро бахшид ва Даҳ Аҳкомро дар лавҳаҳои нав навишт. Мӯсо бо ин лавҳаҳо аз кӯҳ баргашт. Баъд аз ин Худо исроилиёнро аз кӯҳи Сино ба Замини ваъдашуда бурд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Хуруҷ боби 19-34 гирифта шудааст_