Удалить '15.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:27 +00:00
parent 529e41998d
commit 4600b2a66a
1 changed files with 0 additions and 55 deletions

55
15.md
View File

@ -1,55 +0,0 @@
# 15. Замини Ваъдашуда
![Frame 15-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-01.jpg)
Инак вакте расид ки исроилиён ба Замини Ваъдашудаи Худо -Қанъон ворид шаванд. Дар он сарзамин шаҳре буд, ки Ериҳӯ ном дошт. Онро деворҳои мустаҳкам муҳофизат мекарданд. Еҳушаъ ибни Нун ду ҷосусро ба Ериҳӯ фиристод. Дар он шаҳр фоҳишае бо номи Раҳоб буд. Вай ҷосус дар хонаи худ пинҳон кард ва баъдтар ба онҳо кӯмак кард, ки аз шаҳр фирор кунанд. Вай ин корро аз он сабаб кард, ки ба қудрати Худои исроилиён бовар дошт. ҷосус ваъда доданд, ки вақте исроилиён Ериҳуро нест карданд, Раҳоб ва оилаи ӯро муҳофизат хоҳанд кард.
![Frame 15-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-02.jpg)
Барои дохил шудан ба Замини Ваъдашуда, исроилиён маҷбур буданд аз дарёи Ӯрдун гузаранд. Худо ба Еҳушаъ ибни Нун гуфт: "Бигзор аввал коҳинон равад". Ҳамин ки коҳинон ба дарёи Ӯрдун даромаданд, об ҷорӣ нашуд ва исроилиён тавонистанд ба соҳили дигар дар хушкӣ гузаранд.
![Frame 15-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-03.jpg)
Пас аз он ки одамон аз дарёи Ӯрдун гузаштанд, Худо ба Еҳушаъ, ибни Нун гуфт, ки барои ҳамла ба шаҳри пурқудрати Ериҳӯ омода шавад. Худо ба Еҳушаъ ибни Нун фармуд, ки рӯзе як маротиба дар давоми шаш рӯз шаҳрро давр занад. Коҳинон ва лашкарон ба амри Худо итоат карданд.
![Frame 15-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-04.jpg)
Худо инчунин гуфт, ки дар рӯзи ҳафтум исроилиён бояд шаҳрро ҳафт маротиба давр зананд. Пас аз он, коҳинон бояд карнай навохта ва мардум баланд дод зананд. Он гоҳ деворҳои Ериҳӯ фурӯ хоҳанд рехт ва онҳо шаҳрро ишғол хоҳанд кард. Исроилиён маҳз ҳамин тавр карданд.
![Frame 15-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-05.jpg)
Ҳамин ки онҳо фармонро ба ҷо оварданд, деворҳои Ериҳӯ фурӯ рехтанд! Исроилиён ҳама шахсонеро, ки Худо ба онҳо гуфта буд, несту нобуд карданд. Онҳо танҳо Раҳоб ва оилаи ӯро, ки баъдтар қисми халқи Исроил шуда буданд, раҳм карданд. Бо шунидани он, ки исроилиён Ериҳоро нест карданд, сокинони боқимондаи Қанъон метарсиданд, ки онҳо низ ба онҳо ҳамла хоҳанд кард.
![Frame 15-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-06.jpg)
Худо ба исроилиён амр дод, ки бо ягон халқ дар Қанъон иттифоқ нашаванд. Аммо як қабила дар Қанъон Еҳушаъ ибни Нунро фиреб дод. Инҳо ҷибъӯниён буданд. Онҳо гуфтанд, ки онҳо аз Қанъон дур зиндагӣ мекунанд ва аз Еҳушаъ ибни Нун хоҳиш карданд, ки бо онҳо иттифоқ шавад. Еҳушаъ ибни Нун ва дигар пешвоёни Исроил бо ҷибъӯниён иттифоқ бастанд ва аз Худо напурсиданд, ки оё ин кори дуруст аст.
![Frame 15-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-07.jpg)
Пас аз се рӯз, исроилиён фаҳмиданд, ки ҷибъӯниён воқеан дар Қанъон зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз ҷибъӯниён барои фиреб додани онҳо хашмгин шуданд. Ва ҳол он исроилиён аҳдномаи сулҳро, ки бо онҳо баста буданд, риоя карданд, зеро ба онҳо дар назди Худо ваъда дода буданд. Пас аз муддате, подшоҳони амӯриён, як халқи дигари Қанъон, шуниданд, ки ҷибъӯниён бо исроилиён иттифоқ шудаанд. Ин подшоҳон қувваҳои худро муттаҳид карданд ва ҳама якҷоя ба Ҷибъӯн ҳамла карданд. Сипас ҷибъӯниён ба Еҳуша ибни Нун муроҷиат карданд, то ки вай ёрӣ диҳад.
![Frame 15-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-08.jpg)
Еҳушаъ ибни Нун лашкарҳои исроилиро ҷамъ кард. Онҳо шаби дароз ба тарафи ҷибъуниён рафтанд. Саҳари барвақт онҳо лашкарҳои амориёнро ногаҳон дастгир карда ва ба онҳо ҳамла карданд.
![Frame 15-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-09.jpg)
Ҳамон рӯз Худо аз тарафи Исроил ҷангид. Ӯ дар байни амориён бесаранҷомӣ овард ва жолаи азиме фиристод, ки бисёре аз онҳоро кушт.
![Frame 15-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-10.jpg)
Илова бар ин Худо офтобро дар осмон боздошт, то ки Исроил вақти кофи дошта бошад борои амориёнро пурра мағлуб кунанд. Дар он рӯз Худо барои Исроил ғалабаи бузург ба даст овард.
![Frame 15-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-11.jpg)
Пас аз он ки Худо ин лашкаронро шикаст дод, бисёр халқҳои дигари канъонӣ барои ҳамла ба Исроил ҷамъ шуданд. Вале исроилиён бо сардории Еҳушаъ ибни Нун ба онҳо ҳамла карда, онҳоро несту нобуд карданд.
![Frame 15-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-12.jpg)
Пас аз ин мубориза, Худо ба ҳар насли Исроил қисми худро аз Замини ваъдашуда дод ва ба Исроил сулҳро дар тамоми сарҳадҳояш дод.
![Frame 15-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-15-13.jpg)
Вақте ки Еҳушаъ ибни Нун пир шуд, тамоми халқи Исроилро ҷамъ кард. Ӯ ба исроилиён хотиррасон кард, ки онҳо ваъда дода буданд, ки аҳди Худоро ки бо онхо дар кӯҳи Сино баста буд иҷро хоҳанд кард. Халқ ваъда дода, ки ба Худо содиқ мемонанд ва аҳди Ӯро итоат мекунанд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Еҳушаъ ибни Нун бобҳои 1-24 гирифта шудааст_