Удалить '06.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:24:30 +00:00
parent 5c40ed3316
commit 3cd1afb771
1 changed files with 0 additions and 31 deletions

31
06.md
View File

@ -1,31 +0,0 @@
# 6. Худованд дар бораи Исҳоқ ғамхорӣ мекунад
![Frame 06-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-01.jpg)
Вақт мегузашт. Иброҳим хело пир шуд, аммо писари ӯ Исҳоқ ҷавонмард шуд. Рӯзе Иброҳим яке аз хизматгори худро ба замине. ки хешу таборонаш зиндагӣ мекарданд фиристод, то ин ки вай ба Исҳоқ зане биёбад.
![Frame 06-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-02.jpg)
Хизматгор роҳи бисёре тай кард, то ба замини хешовандони Иброҳим ва вақте ки расид Худо ӯро ба назди Ривқо овард. Ӯ набераи бародари Иброҳим буд.
![Frame 06-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-03.jpg)
Ривқо розӣ шуд, ки оилаи худро тарк карда, бо хизматгор ба назди Исҳоқ биравад. Вақте, ки ӯ расид, Исҳоқ даррав ӯро ба занӣ гирифт.
![Frame 06-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-04.jpg)
Аз байн бисёр вақт гузашт. Иброҳим вафот кард ва Худо писари Иброҳим Исҳоқро мувофиқи аҳде, ки бо Иброҳим баста буд, баракат дод. Дар ин аҳд Худо ваъда дод, ки насли Иброҳим бешумор мешавад. Аммо Ривқо зани Исҳоқ. наметавонист фарзанддор шавад.
![Frame 06-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-05.jpg)
Исҳоқ барои Ривқо дуо кард ва Худо ӯро баракат дод, ки вай бо догоник ҳомиладор шавад. Ду тифле, ки ҳануз дар шиками модар буд бо якдигар мубориза мебурданд. Он гоҳ Ривқо аз Худо пурсид, ки чӣ рӯй дода истодааст.
![Frame 06-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-06.jpg)
Худо ба Ривқо ҷавоб дод: "Ту ду писар таваллуд мекунӣ. Аз насли онҳо ду халқи гуногун пайдо мешавад. Ин халқҳо бо якдигар мубориза мебаранд. Аммо халқе, ки аз писари калонӣ пайдо мешавад онҳо бояд ба халқе, ки аз писари хурдӣ пайдо мешавад итоат кунанд".
![Frame 06-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-06-07.jpg)
Замоне, вақти таввалуд омад Ривқо дугоник таваллуд кард. Писари калонӣ зардина таваллуд шуда бо муй пӯшонида шуда буд. Ба ӯ Эсов ном гузоштанд. Ва писари хурдӣ ҳамон замон, пас аз Эсов пошнаи ӯро дошта тавваллуд шуд. Ба ӯ Яқуб ном гузоштанд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз китоби Ҳастӣ боби 24:1-25:26 гирифта шудааст_