Удалить '37.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:28:03 +00:00
parent eb049f7a8b
commit 101c52d257
1 changed files with 0 additions and 47 deletions

47
37.md
View File

@ -1,47 +0,0 @@
# 37. Исо Лаъзорро аз мурдагон эҳё мекунад
![Frame 37-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-01.jpg)
Дар он вақт Лаъзор ном шахсе буд. Вай ду хоҳар дошт - Марям ва Марто. Лаъзор, Марто ва Марям дӯстони наздики Исо буданд. Як рӯз ба Исо гуфтанд, ки Лаъзор сахт бемор аст. Исо инро шунида гуфт: «Ин беморӣ бо марги Лаъзор ба охир намерасад. Аммо ба шарофати вай, одамон Худоро ҷалол хоҳанд дод ».
![Frame 37-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-02.jpg)
Исо дӯстони Худро дӯст медошт, аммо ду рӯз боз дар ҷое буд, ки аз бемории Лаъзор хабардор шуда буд. Баъд аз ин, Ӯ ба шогирдонаш гуфт: "Биёед ба Яҳудо баргардем". Аммо шогирдон ҷавоб доданд: "Устод, чанде пеш одамони дар Яҳудо зиндагӣ мекардаги мехостанд, ки Туро бикушанд"! Исо гуфт: "Дӯсти мо Лаъзор хоб аст ва ман бояд ӯро бедор кунам".
![Frame 37-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-03.jpg)
Шогирдони Исо ҷавоб доданд: "Устод, агар Лаъзор хобаш бурда бошад, ин маънои онро дорад, ки ӯ беҳтар мешавад". Он гоҳ Исо ба онҳо рӯирост гуфт: «Лаъзор мурдааст. Ва Ман шодам, ки дар он ҷо набудам, зеро акнун шумо бешубҳа ба Ман имон хоҳед овард ».
![Frame 37-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-04.jpg)
Аз марги Лаъзор аллакай чор рӯз гузашт вақте, ки Исо ба деҳае омад, ки дӯстонаш зиндагӣ мекарданд. Марто ба пешвози Исо баромад ва гуфт: "Устод, агар Ту дар ин ҷо мешудӣ, бародарам намемурд. Аммо ман бовар дорам, ки Худо ҳама чизеро, ки Ту аз Ӯ мепурсӣ, ба Ту медиҳад".
![Frame 37-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-05.jpg)
Исо ҷавоб дод: "Ман Эҳё ва Ҳаёт ҳастам. Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам зинда хоҳад монд. Ҳар касе, ки ба Ман имон меорад, ҳеҷ гоҳ намемирад. Ту ба ин бовар дори"? Марто ҷавоб дод: "Бале, устод! Ман боварӣ дорам, ки Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ".
![Frame 37-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-06.jpg)
Баъд Марям омад. Вай ба пойҳои Исо афтода гуфт: "Устод, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд". Исо аз хоҳарон пурсид: "Лаъзор дар куҷост"? Онҳо ҷавоб доданд: «Дар қабр. Бирав ва бубин. "Исо гиря кард.
![Frame 37-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-07.jpg)
Қабр дар ғор буд, ки даромадгоҳашро бо санги калон махкам мекарданд. Вақте, ки Исо ба қабр наздик омад, гуфт: "Сангро як тараф кунед". Аммо Марто ҷавоб дод: "Лаъзор чор рӯз аст, ки мурдааст. Аз вай аллакай бӯи нохуше баромад".
![Frame 37-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-08.jpg)
Исо ҷавоб дод: "Оё Ман ба ту нагуфтам, ки агар ту ба Ман бовари доштабоши, қудрати Худоро хоҳи дид"? Ва мардум сангро аз даромадгоҳи қабр як тараф карданд.
![Frame 37-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-09.jpg)
Исо ба осмон нигариста гуфт: "Падар ба Ту шукр мегӯям барои он, ки Маро Ту мешунавӣ. Ман медонам, ки Ту Маро ҳамеша мешунавӣ, вале Ман ҳамаи инро барои он мегӯям, ки одамони дар инҷо истода бовар кунанд, ки Ту Маро фиристодӣ". Баъд Исо ба овози балад гуфт: "Лаъзор баро"!
![Frame 37-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-10.jpg)
Ва Лаъзор аз қабр баромад! Ӯро ба кафани дафншуда печонида шуда буд. Исо ба мардум гуфт: "Ин аз кафан озод кунед"! Пас аз дидани ин мӯъҷиза, бисёр яҳудиён ба Исо имон оварданд.
![Frame 37-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-37-11.jpg)
Аммо коҳинони яҳудӣ ва фарисиён метарсиданд, ки мардум ба Исо ҳамчун ба Масеҳ имон меоварданд. Барои ҳамин тавр онҳо ҷамъ омаданд, то нақшаи куштани Исо ва Лаъзорро бикашанд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Инҷили Юҳанно 11:1-46 гирифта шудааст_