Удалить '45.md'

This commit is contained in:
TimYancev 2021-09-30 10:27:48 +00:00
parent 546982962a
commit 0882691da2
1 changed files with 0 additions and 55 deletions

55
45.md
View File

@ -1,55 +0,0 @@
# 45. Истефанус ва Филиппус
![Frame 45-01](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-01.jpg)
Калисо афзоиш меёфт ва ҳаввориён ёваронро барои роҳбарии калисо интихоб карданд. Яке аз онҳо шахсе бо номи Истефанус буд, ки ӯро ҳама эҳтиром мекарданд. Вай аз қудрат ва ҳикмати Рӯҳи Муқаддас пур шуда мӯъҷизаҳои зиёде нишон медод. Пас аз мавъизаҳои Истефанус бисёр одамон шогирди Исо шуданд.
![Frame 45-02](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-02.jpg)
Боре, вақте ки Истефанус дар бораи Исо таълим медод, яҳудиён аз дигар вилоятҳо бо ӯ баҳс карданд, аммо ба хиради ӯ муқобилат карда натавонистанд. Сипас, онҳо бо паҳн овозаҳо сар карданд, ки Истефанус бар зидди Мусо ва Худо суханони таҳқиромез гуфт. Ин овозахо пирон ва муаллимони Шариатро ба ғазаб оварданд. Онҳо Истефанусро дастгир карда, назди саркоҳин оварданд. Шоҳидони дурӯғгӯ низ ба он ҷо омада, дар бораи Истефанус дурӯғ гуфтанд.
![Frame 45-03](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-03.jpg)
Саркоҳин аз Истефанус пурсид: "Оё ин одамон дар бораи ту рост мегӯянд"? Истефанус муддати дароз ба саркоҳин посух дод ва нақл кард, ки чӣ тавр Худо аз замони Иброҳим то замони Исо барои халқи Исроил мӯъҷизаҳои зиёде нишон медод. Аммо одамон намехостанд, ки Худоро гӯш кунанд ва бар муқобили иродаи Ӯ амал мекунанд. Истефанус гуфт: «Шумо одамони саркаш ҳастед ва ба Худо беитоатӣ мекунед! Шумо Рӯҳи Муқаддасро рад мекунед, ҳамон тавре ки аҷдодони шумо Худоро рад карданд ва пайғамбарони Ӯро куштанд! Аммо шумо аз онҳо бадтар кор кардед! Шумо Масеҳро куштед"!
![Frame 45-04](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-04.jpg)
Вақте ки мардуми он ҷо ин суханро шуниданд, чунон ба ғазаб омаданд, ки гӯшҳояшонро пӯшида ва бо овози баланд фарёд зада, ба тарафи Истефанус шитофтанд. Онҳо ӯро аз шаҳр берун карданд ва то мурданаш ӯро сангор карданд.
![Frame 45-05](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-05.jpg)
Вақте, ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ мегуфт: "Исо, рӯҳи маро бигир"! Сипас ба зону афтида, бо овози баланд дод зад: "Устод, онҳоро дар ин гуноҳ айбдор накун"! Пас аз ин суханон ӯ мурд.
![Frame 45-06](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-06.jpg)
Дар он рӯзҳо мардуми зиёде дар Ерусалим таъқиб кардани шогирдони Исоро сар карданд, барои ҳамин имондорон ба ҷойҳои гуногуни Яҳудо ва Сомария гурехтанд. Аммо ба таъқибот нигоҳ накарда, онҳо ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, дар бораи Исо мавъиза мекарданд.
![Frame 45-07](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-07.jpg)
Боз яке аз ёварони ҳавориён шахсе бо номи Филиппус буд. Вай инчунин мисли бисёри шогирдони дигар аз Ерусали гурехт. Филипус ба Сомария рафт ва дар он ҷо дар бораи Исо мавъиза мекард. Бисёри одамон ба ӯ бовар карданд ва наҷот ёфтанд. Як рӯз фариштаи Худо ба назди Филипус омад ва ба ӯ гуфт, ки ба роҳи муайян ба биёбон биравад. Филиппус ҳамин тавр кард. Вай ба биёбон рафт ва дар роҳ мардеро дид, ки дар ароба савора буд. Он мард мансабдори махсус аз Ҳабашистон буд. Руҳулқудс ба Филипус гуфт, ки ба назди он шахс рафта бо ӯ ҳамсӯҳбат шавад.
![Frame 45-08](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-08.jpg)
Филиппус ба ороба наздик шуд ва шунид, ки ҳабашӣ Каломи Худоро мехонад. Ин суханҳо аз китоби Ишаъёи набӣ буданд: "Онҳо Ӯро мисли барра барои куштан бурданд. Ва тавре, ки барра хомуш аст ҳамин тавр Ӯ сухане нагуфт. Онҳо Ӯро паст заданд, беадолатона маҳкум карданд ва ҷони Ӯро гирифтанд".
![Frame 45-09](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-09.jpg)
Филиппус аз ҳабашӣ пурсид: "Оё ту мефаҳми дар бораи чӣ хонда истодаи"? Ҳабашӣ ҷавоб дод: Ман наметавонам фаҳмида агар касе ба ман фаҳмонда надиҳад. Илтимос баро ва дар назди ман нишин. Ишаъё дар бораи худ ё дигар кас навиштааст"?
![Frame 45-10](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-10.jpg)
Филиппус ба ароба нишаст ва ба ҳабашӣ фаҳмонд, ки Ишаъё ин пешгӯиро дар бораи Исо навиштааст. Филиппус инчунин дар бораи дигари порчаҳои Каломи Худо сухан ронда, ба ӯ Хабари Хушро дар бораи Исо расонид.
![Frame 45-11](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-11.jpg)
Дар ин лаҳза, Филиппус ва ҳабашӣ аз назди ҳавз мегузаштанд. Ҳабашӣ пурсид: «Инак, об аст. Оё ман метавонам дар ин ҷо таъмид гирам"? Филиппус ба вай ҷавоб дод: "Агар ту бо тамоми дили худ бовар кунӣ, метавонӣ". Ҳабашӣ ҷавоб дод: "Бале, ман бовар дорам, ки Исо Писари Худо аст". Баъд фармуд, ки аробаро боздорад.
![Frame 45-12](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-12.jpg)
Онҳо ба об даромаданд ва Филиппус ҳабаширо таъмид дод. Пас аз он ки онҳо аз об баромаданд, Рӯҳи Муқаддас ногаҳон Филиппусро ба ҷои дигар интиқол дод. Дар он ҷо Филиппус ба одамон дар бораи Исо нақл карданро давом дод.
![Frame 45-13](https://cdn.door43.org/obs/jpg/360px/obs-en-45-13.jpg)
Ва ҳабашӣ роҳи худро ба хона идома дод. Ӯ аз донистани Исо хурсанд буд.
_Ин ҳикояи Китоби Муқаддас аз Аъмоли Ҳаввориён бобҳои 6:8-8:5 8:26-40 гирифта шудааст._